Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ ВАЗОРАТ ДАР ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.10.2025
in Хабар
0
НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ ВАЗОРАТ ДАР ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА
0
SHARES
120
VIEWS
Share on Facebook

Бо иштироки вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал–полковник Эмомалӣ Собирзода, муовинони вазири мудофиа, сардорони раёсатҳо ва дигар кормандони ин ниҳоди қудратӣ фаъолияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистондар нуҳ моҳи соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.

Зимни ҷаласаи ҳайати мушовара, нахуст муовини аввали вазири мудофиа, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар генерал–лейтенант Бобоҷон Саидзода оид ба ҳолати омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бениҳоят ноустувори авзои сиёсии ҷаҳон, гузаронидани тамринҳои ҳатмии ҳарбӣ, дар ҳолати доимии омодабош қарор доштани хизматчиёни низомӣ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар аслиҳаи ҷангӣ изҳори андеша намуд.

Таъкид рафт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки пеш аз ҳама хизматчиёни низомӣ ҳушёру зирак бошем, ватани азизи худро дӯст дорем ва барои таъмини амнияту суботи ин сарзамини биҳиштосо ҳама донишу таҷрибаи худро равона созем.

Омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи низомӣ ва баланд бардоштани савияи донишу таҷрибаи хизматчиёни ҳарбӣ, тақвияти сатҳи забондонии онҳо, ташкили машғулиятҳои касбӣ–вазифавӣ, тайёр намудани захираҳои сафарбарӣ ва омӯзиши сатҳи донишу тарбияи онҳо аз масъалаҳои дигари матраҳгардида ба шумор меравад.

Дар идомаи ҷаласа доир ба самти тайёрии ҷангӣ, ки дар ҳама давру замон ҷузъи муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба шумор меравад, ҳисобот дода шуд.

Иброз гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ҳама қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа шароити хуби кору фаъолият фароҳам оварда шудаваст.

Бо истифода аз чунин имкониятҳо, хизматчиёни низомӣ ҳамеша бо иштироки ҳайати роҳбариву фармондеҳии вазорат, ҷамъомадҳои методӣ–таълимӣ ва дигар машғулиятҳои соҳавӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида мешавад.

Ин гуна чорабиниҳо барои баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати шахсӣ мусоидат менамояд.

Риояи ҳатмии қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва интизоми ҳарбӣ, ки асоси омодагии ҷангии қувваҳои мусаллаҳро ташкил медиҳад, аз масъалаҳои дигар ва муҳими ҷамъомади мазкур ба ҳисоб меравад.

Дар ин қисмат иттилоъ дода шуд, ки сатҳи содиршавии ҷиноят коҳиш ёфта, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии афсарону сарбозон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматияшон баланд мегардад.

Бо назардошти ин, масъулини қисму воҳидҳои ҳарбӣ кӯшиш менамоянд, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.

Ҳамзамон, доир ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026” ҳисобот дода шуд.

Зикр гардид, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда пайвастшавии бинову иншооти ҳудуди шаҳри Душанбе ба Маркази барқу гармидиҳӣ идома дошта, бинову иншооти ҳарбӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар , ки бо шабакаи мустақили гармидиҳӣ пайваст ҳастанд, барои зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд.

Ҳамзамон, баҳри таъмини маводи хӯрока тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, маҳсулоти кишоварзӣ саривақт ҷамъоварӣ ва дар амборҳои махсус ба қадри кофӣ захира карда мешаванд.

Дар идомаи ҷаласа вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал–полковник Эмомалӣ Собирзода таъкид намуд, ки сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар дар самти ислоҳоти низомӣ ба таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар бо роҳи мукаммалгардонии ҷузъу томи ҳарбӣ бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ, аслиҳаи мухталифи ҷангӣ, инчунин боло бурдани сатҳи касбият ва ватандӯстии сарбозон равона гардидааст.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо ҷавонони тоҷик аз истифодаи яроқу аслиҳаи ҳозиразамон , идора намудани техникаҳои низомӣ, ба монанди чархбол ва ҳавопаймоҳои зарбазани ҷангӣ ба хубӣ баромада метавонанд.

Артиши миллӣ имрӯз дар баробари неруи бузурги ҳарбӣ будан, ҳамзамон барои садҳо нафар ҷавонони бонангу номус мактаби тарбия ва худшиносии миллӣ ба шумор меравад.

Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Previous Post

УМЕДА АБДУҚОДИРОВА — МОДАРЕ, КИ ТАВОНИСТ СЕ ФАРЗАНДИ ХУДРО ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ НАМУДА БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ГУСЕЛ НАМОЯД

Next Post

ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ СУЛҲҶӮЁНАИ «БАРОДАРИИ ШИКАСТНОПАЗИР-2025», «МОНЕА-2025» ВА МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ «ИТТИҲОДИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ-2025» БАРГУЗОР МЕГАРДАНД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ СУЛҲҶӮЁНАИ «БАРОДАРИИ ШИКАСТНОПАЗИР-2025», «МОНЕА-2025» ВА МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ «ИТТИҲОДИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ-2025» БАРГУЗОР МЕГАРДАНД

ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ СУЛҲҶӮЁНАИ "БАРОДАРИИ ШИКАСТНОПАЗИР-2025", "МОНЕА-2025" ВА МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ "ИТТИҲОДИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ-2025" БАРГУЗОР МЕГАРДАНД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

07.11.2025
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

07.11.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

06.11.2025
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

06.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook