Майдони сафороии Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин навбат макони баргузории чорабиниҳои тантанавӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз буд, ки ҷамъомади мазкур низ чун оини доимии низомиён бо даровардани Байрақи ифтихории қисми ҳарбӣ ба базмгоҳи наврӯзии десантчиён ва бо ғуруру ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ бо садо додани Суруди миллӣ, таҳти навои Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ оғоз гардид.
Сухани табрикотии хешро ба муносибати ҷашнгирии ин пайки шодмонӣ ва ҷашнвораи ҷаҳонӣ дар пойгоҳи ҷузъу томи Бригадаи ҳамловари десантӣ, масъулини роҳбарикунандаи ин навъи қӯшун бо зикри хос аз таърихи ҷашнгирии Наврӯз ва рамзу аркони он оғоз намуда, дар сатҳи байналмиллалӣ таҷлил намудани ин ҷашнвораи шукӯҳманди тоҷиконро боиси ифтихору шараф аз фарҳангу тамаддуни безаволи ин миллати куҳанбунёд арзёбӣ карданд. Боиси сарфарозист, ки ин мероси фарҳангии ниёгонамон бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 мақоми ҷаҳониро касб намуда, ҳамакунун дар сатҳи байналмилалӣ қайд карда мешавад.
Ҳамзамон, дар ин қисмати чорабинӣ аз ҷониби масъулини Қӯшунҳои зудамал ва ҳайати фармондеҳии қисми ҳарбӣ сарбозоне, ки дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ширкат варзидаву ҷойҳои ифтхориро касб намуданд, дар ҳузури ҳамсафони хеш ва дар фазои шодиву сурур қадрдонӣ карда шуданд.
Гузашти тантанавори десантчиён дар назди минбар шукӯҳи тозае ба истиқбол ва ифтихори ҷашни Наврӯз буд, ки он аз омодагии фарзандони сарбози Ватан дар ҳифз ва гиромидошти ҳама арзишҳо ва муқаддасоти милливу давлатӣ дарак медод.
Ҳомиёни марзу буми Ватан, ки баҳри тинҷиву осудагӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин сарзамин дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат менамоянд, таъмини амнияти давлату миллат, арҷгузорӣ ба ҳама муқаддасоти давлатӣ ва фарҳангу тамаддуни миллиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хеш медонанд. Маҳз бо чунин садоқати бепоён ба халқу Ватан хизмат намуда, дар баробари мардуми шарифи ин диёр тамоми ҷашну идҳои миллиро бо тантанаҳои хоси низомиён таҷлил менамоянд.
Воқеан, Наврӯз аз ҷумлаи он ҷашнҳои миллии мардуми мо аст, ки сол то сол дар саросари кишвар ва дар байни низомиёни Артиши миллии мамлакат бо як рӯҳияи баланди идона ва дӯст доштани Ватан таҷлил мегардад.
Афсарону сарбозони ҷузъу томи десантӣ бо арҷгузорӣ ба ин ҷашнвораи миллӣ хони наврӯзӣ густурда, онро бо оинҳои хоси Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат ва фарорасии баҳори хуҷаста, ки оғози кишту кор ва файзу баракат дар хони мардум аст, оро додаанд.
Сарбозони соҳибзавқу ҳунарманди қисми ҳарбӣ бошанд, бо навозиши асбобҳои мусиқӣ, пешниҳоди сурудҳои ҳаҷвӣ ва саҳанаҳои ҷолибу дилошӯби хеш гирди хони наврӯзӣ ва суманак, ки аз рамзои хоси ин ҷашн аст, ба ҳозирин хурсандиву болидарӯҳӣ бахшиданд.
Мусобиқаҳои қаҳрамониву паҳлавонӣ, гӯштини миллӣ, бандкашӣ, гирбардорӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишии монанд ба ин низ аз анъанҳои хоси Наврӯз маҳсуб меёбад, ки сарбозони ин қисми ҳарбии десантии Артиши миллӣ бо як далериву ҷасурӣ иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Боқӣ ШАРИФӢ,
подполковник