Наврӯзи Аҷам-густурдатарину мардумитарин ҷашни миллии мардуми ориёнажод, хусусан тоҷикон ба ҳисоб рафта, он яке аз гаронбаҳотарин иди суннатии аҷдодӣ ва ҷашни фарҳангии ҷаҳонӣ ҳисобида шуда, асосгузори он сарлашкарону подшоҳон дониста мешаванд. Зеро, дар гузашта аслан сипоҳиён идоракунандаи давлат буданд ва имрӯз низ он ба гунаи дигар шакл гирифтааст. Яъне, роҳбарони давлатҳои имрӯза сипаҳсолоранд ва идора намудани артиш дар ихтиёри онҳост. Ҳамзамон, таҷлил намудани иду ҷашнҳои милливу байналмилалӣ аз онҳо вобастагии амиқ дорад.
Албатта, роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории Наврӯзи Аҷам дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёд гирд оварда шудааст. Маълумотҳои пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-махосин вал аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки бунёдгузори ҷашни Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед рабт додаанд.
Тавре ишора шуд, бунёдгузор ва идомадиҳандаи ҷашни Наврӯз сипаҳсолорону подшоҳони замон ба ҳисоб мерафтанд, далели ин гуфтаҳоро таҳқиқи муаррихону фарҳангшиносон тақвият медиҳад, зеро ба навиштаи таърихнигорон, дар сангнавиштаҳои баҷомонда аз даврони Ҳахоманишиҳо, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯйи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирифтанд. Санадҳои таърихӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки Дорои як, ба муносибати ҷашни Наврӯз дар соли 414-и пеш аз мелод, сиккае аз тилло зарб намуд, ки дар як сӯйи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Яъне, нақши сарбоз ва тирандозии он бозгӯкунандаи он аст, ки низомиён дар бунёди ин ҷашни аҷдодӣ саҳми арзандае гузоштаанд. Зеро, бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд.
Тибқи ин ривоятҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538-и пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон омода сохта, поксозии маконҳои майишӣ, хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумонро ба ҳукми анъана даровард.
Албатта, вобаста ба сиёсати давр ҷашни Наврӯзро мардуми ориёинажод ба таври мухталиф таҷлил менамуданд. Дар замони муосир, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонро дубора эҳё намуда, барои дар сатҳи ҷаҳонӣ истиқбол намудани он ба созмонҳои бонуфузтарини ҷаҳон як қатор пешниҳодоти судмандро намуд ва аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ ин ҷашни миллии мардуми ориёинажод дастгирӣ ёфта, ба он мақоми байналмилалӣ дода шуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки Сарфармонмдеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии имсолаи худ бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз чунин иброз намуданд:«Дар шароити бавуҷудомадаи кунунӣ мо бояд барои ҳимояи истиқлолу озодии Ватани муқаддасамон ва дастовардҳои таърихии он-сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон омода бошем».
Аз ин ишораи Роҳбари давлат бар меояд, бо вуҷуди оне, ки ҷашни Наврӯз аз низомиёну сипаҳсолорон боқӣ монда бошад ҳам, маънои онро надорад, ки ин қишри ҷомеа ба ишрату хушҳолӣ машғул бошанд, балки чун гузаштагони хеш дар ҳама ҳолат аз пайи иҷрои вазифаҳои хизматӣ гарданд. Албатта, имрӯз ҳам низомиёни кишвар ин ҷашнро таҷлил менамоянд, вале барои таъмини амнияти мардум ва сулҳу суботи кишвар камари ҳиммат бастаанд. Бо вуҷуди оне, ки аксарият ба тантанаҳои Наврӯзӣ машғуланд, вале низомиёни кишвар дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ қарор доранд
Ёдовар бояд шуд, ки дар тӯли садсолаҳо ҷашни Наврӯзи оламфрӯз ва ойину маросимҳои марбути он вобаста ба идеологияи давлатҳои ҳукмрон борҳо ба тағйиру дигаргуниҳо мувоҷеҳ шудааст ва мардуми тоҷику халқҳои дигари эронӣ дар ҳама давру замонҳои душвору пур аз ҷангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд.
Азимҷон БАДАЛОВ