Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.
Сабаб ва омилҳои асосии афзоиши коррупсия дар ҷомеаи моро коршиносони масоили иқтисодӣ, аз як тараф, дар паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар, омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он медонанд. Ба назари коршиносони соҳа, коррупсия-яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди умумумиллӣ, пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб мешавад. Ҳамзамон коррупсия-боварии шаҳрвандонро ба давлат ва ояндаи нек коста месозад. Ғайр аз ин, коррупсия-табақаҳои камбизоати аҳолиро аз имкони комёб шудан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ маҳрум мекунад.
Бояд қайд намуд, ки барои пешгирӣ намудан аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия, соли 2003 аз ҷониби Созмони милал, Конвенсияи зидди коррупсия қабул гардида, ҳамзамон бо ташаббуси Маҷмааи кулли созмони зикргардида, 9 — уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон гардид.
Дар ин росто пай дар пай қабул гардидани санадҳои дигари умумидавлатӣ ба монанди «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26-уми январи соли 2008 таҳти №34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30-юми августи соли 2013 таҳти №1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-юми августи соли 2021 таҳти №222 ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.
Конвенсияву стратегияҳои мазкур, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар буда, қонунҳои амалкунанда дар ин самт мутобиқи талаботи он мувофиқ гардонида мешавад.
Д. ЁРОВ