Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади дарёфти Ҷоми вазири мудофиаи мамлакат, рӯзҳои 17 ва 18-уми июни соли равон дар машқгоҳи ҳарбии Фахрободи вилояти Хатлон байни хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, мусобиқаҳои тирпарронӣ ва варзишӣ, таҳти унвони “Пойгаи қаҳрамонон” баргузор гардид, ки дар он низомиёни сатҳу зинаҳои гуногун ширкати фаъолона намуданд.
Мусобиқаи тирпарронӣ ва варзишӣ таҳти унвони “Пойгаи қаҳрамонон” дар доираи нақша-чорабиниҳои тайёрии ҷангӣ барои солҳои 2021-2022 ва бо мақсади рушди камолоти шахсият, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва таҳким бахшидани дӯстиву рафоқат байни хизматчиёни ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он аз 8 сохтори қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, 10 даста, бо 180 нафар иштирокчӣ байни худ сабқат намуданд. Зимни ифтитоҳи чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ, масъулин аз Вазорати мудофиа дар назди ҳозирин суханронӣ карда, доир ба ҳадафу моҳияти баргузории ин мусобиқа изҳори андеша намуданд ва ба иштирокчиёни он барои ба даст овардани ғолибият барору мувафақиятҳоро таманно карданд.
Қабл оғози қисмати асосии чорабинии мазкур, барои шавқовару хотирмон баргузор намудани мусобиқа, суруду оҳангҳои ватандӯстона танинадоз гардида, ҳамзамон аз ҷониби тарбиятгирандагони мактаби варзишии олии “Таеквандо” усулҳои ҳимояи хеш дар задухӯрдҳои тан ба тан намоиш дода шуданд. Бо ҳамин тартиб ин чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ бо қурапартоӣ аз ҷониби роҳбарони дастаҳои ба ҳам сабқаткунанда ва дар доираи иҷрои талаботи шартҳои муайяншуда ҷараён гирифт.
Тибқи низомнома ва мувофиқи шартҳои ба мусобиқа пешбинигардида дар рӯзи якум дастаҳои иштирокчиро зарур буд, ки дар вақти муайяншуда 27 мавзеъу нуқтаи пурмонеаро, ки дар масофаи 3200 метр гузошта шуда буданд бояд убур намоянд. Ин монеаҳои сунъиву душворгузар, аз девори сӯрохдор, девор бо симтӯр, девори баланди сангин, хандақ ва хандақи зеризаминӣ, девори бетонӣ, ҳавзи шиноварӣ, тортанакхонаи қубурӣ, монеаи муҳандисӣ ё худ симхор, зинапояҳои чӯбин ва равоқдор, гузаргоҳ байни деворҳои каҷ, гузаштан аз таги мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, дар вақти муайян ҳозир шудан ба нуқтаи тирпарронӣ, тир холӣ намудан ба сӯйи нишона ва аз дигар шартҳо иборат буд, ки иштирокчиёни мусобиқа онҳоро бо чусту чолокӣ иҷро намуданд.
Мувофиқ ба муҳит ва шароити ҷуғрофии Тоҷикистон, ки дар бисёре аз минтақаҳои кӯҳистони кишвар талу теппаҳо, роҳҳои хатарноку пурмонеаи табиӣ, ҷару баландиҳои душворгузар, пайраҳаҳои тангу касногузар, чукуриҳои калону ғорҳои таъқибкунанда ва амсоли ин ки ба назар мерасад, нуқтаҳои ғайритабиию боздоранда ва монеаҳои сунъии дар мусобиқа гузошташуда низ дар машқгоҳи Фахробод, ба шароити болозикр мутобиқ гардонида шуда буд.
Рӯзи дуюми мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ аз рӯйи маҳорати тирпарронӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён ё худ дастаҳои ба он ҷалб гардида, бо истифода аз силоҳу муҳиммоти сабуки ҷангӣ, аз ҷумла тапончаи макаров, автомати калашников, милтиқи мергании драгунов, пулемиёти калашников бе нишонгираки оптикӣ ва норинҷаки зидди танкӣ бо нишонгираки оптикӣ, маҳорату малакаи хешро нишон доданд.
Тибқи шартҳои тирпарронӣ дар мусобиқа, барои ҳар як силоҳи истифодашаванда, аз иштирокчиёни даста пеш аз ҳама зудамал будан, чусту ҷолокона ҷаҳидану паридан, дар вақти муайяншуда иҷрои меъёрҳои ба талабот пешбинишуда, риояи ҳатмии тартиби муқарраршуда ва аз ҳама асос бе хато ба ҳадаф расонидани тирро тақозо менамуд. Зеро дар ин қисмати мусобиқа иштирокчиёни ҳар як дастаро мебоист, ки масофаи ҳазор метрро тай намуда, 14 монеаро бо аслиҳаи ҷангии худ, ки вазнашон гуногун мебошад, бояд убур намояд.
Бо ҳамин тартиб зимни истифода, аз ҳар як муҳиммоти ҷангии ба тирпарронӣ пешбинишуда, иштирокчиёни дастаҳо мувофиқ ба хусусиятҳои техникӣ ва тактикии аслиҳаи ҳарбии ба худ вобасташуда, масофаи муайянро тай намуда, хати монеадорро зуд гузар мекунанд ва ба ҳадди аввала баргашта, тирдонро баъди бо тир пур сохтан, силоҳро ба ҷанг тайёр менамоянд ва бо амри роҳбари машқ ба сӯйи нишона ё худ ҳадаф оташ мекушоянд.
Ҷараёни баргузории ҳар як шарти мусобиқа ва маҳорати дастаҳои ба он ҷалбшуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон ва доварони майдон, ки аз ҳисоби намояндагони масъули сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ интихоб ва таъйин гардида буданд, назорат бурда мешуд, то маҳорати ҳар як даста ба таври шаффофу одилона муайяну баҳогузорӣ карда шавад.
Ин тадбири муҳим имкон дод, ки он рӯз аз рӯйи натиҷаи санҷиш вобаста ба маҳорати касбӣ аз байни дастаҳои ба мусобиқа ҷалб шуда, беҳтарин мерганҳо, тездавҳо ва нишонгирону тирандозон, ки тапончаи макаров, автомати калашников, милтиқи мергании драгунов, пулемиёти калашников ва норинҷаки зидди танкиро дар сатҳи баланд истифода намуда, ҳар як тирро бе хато ба ҳадаф расониданд, муайян ва баҳои аълоро ба онҳо лоиқ донистанд.
Ҳамин тариқ мусобиқаи тирпарронӣ ва варзишӣ таҳти унвони “Пойгаи қаҳрамонон” бо саф оростани ҳайати дастаҳои иштирокчӣ дар майдони сафороии машқгоҳи Фахробод таҳлилу натиҷагӣ карда шуд.
Роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат зимни ҷамбасти даври ниҳоӣ ба сухан баромада, дар арафаи таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузории мусобиқаи мазкурро дар партави иқдому ташабуссҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, иртибот дод. Илова бар ин қайд карда шуд, ки ташкилу роҳандозӣ намудани чунин мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ дар самти муаррифӣ кардани давлату миллат, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ ва яке аз воситаҳои беҳтарин, ҷиҳати ривоҷу равнақ бахшидани ҳамоҳангии хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.
Дар охир тамоми иштирокчиёни фаъоли ин чорабинӣ ё худ ғолибони мусобиқаи тирпарронӣ ва варзишии “Пойгаи қаҳрамонон” бо Ҷоми вазири мудофиа, диплом, сипоснома ва бо дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Гузашти низомии ҳайати дастаҳо ё худ хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз назди минбар, он рӯз яке аз ороишҳои дигар ин чорабинӣ ва анҷомбахши мусобиқаи ҳарбӣ-варзиши дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод гардид.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуоти
Вазорати мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковник