Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАРБӢ-2021 

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
22.09.2021
in Хабар
0
МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАРБӢ-2021 
0
SHARES
180
VIEWS
Share on Facebook

 

             Аз ҷамъи мусобиқаҳои байналмилалии ҳарбӣ дар соли 2021, ки он наздики 40 намуди бозиҳои ҳарбиро дар бар мегирфт, хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар 10 намуди он, аз ҷумла, Биатлони танкӣ, аълочии разведкаи қўшунӣ, тирпарронии тактикӣ, усули боваринок, устоди оташи артиллерӣ, эстафетаи тиббӣ, ҳарбӣ-фарҳангӣ артиш ва ошхонаи саҳроӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои ифтихории мусобиқа гардиданд.

Яке аз ин мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ, Биатлони танкӣ мебошад, ки соли ҳафтум аст, дар машқгоҳи “Алабино”-и шаҳри Москваи Федератсияи Русия доир мегардад ва давоми 5 сол аст,ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалии ҳарбӣ экипажҳои танкии Қўшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи мамлакат муаррифӣ менамоянд. Соли равон, мусобиқаи мазкур аз 23-юми август то 4-уми сентябр доир гардид, ки дар он 20 давлат дар ҳайати ду двизион иштирок доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати дуюм двизион баромад намуд, ки ба ин гурўҳ дар қатори кишвари мо, ҳамчунин ҷумҳуриҳои Обхазия, Венесуела, Қатар, Қирғизистон, Лаос, Мянма, Осетияи Ҷанубӣ ва дигарон шомил буданд.

Аз рӯйи тартиб, мусобиқаи мазкур бо қурапартоӣ ва муайян намудани ранги танкҳои давлатҳои иштирокчӣ оғоз гардид, ки ба танкистони тоҷик техникаҳои танкии рангашон сабз мансуб дониста шуд. Пас аз қабул намудани танкҳо, экипажҳои он техникахои вобастагардида ба худро ҳамаҷониба омода намуда, то оғози баргузории мусобиқа тамрин мекарданд.

Дар ин сабқатҳо, аз Қўшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар се экипажи асосӣ ва як экипажи эҳтиётӣ, ки ҳайати он асосан аз командири танк, механик-ронанда ва нишонгир-оператор иборат буд, иштирок доштанд. Тибқи матлаби баргузории мусобиқа, ки даври аввали он, пойгаи инфиродӣ, бо суръати баланд гузаштан аз роҳҳои пурмонеадор ва ба ҳадаф расонидани тирҳо аз се навъ силоҳҳои танкӣ, тўп 125 мм, пулемёти зинетӣ ва пулемёти танкии Калашниковро дар бар мегирифт, зимни он танкистони тоҷик маҳорати баланди касбӣ нишон дода шартҳои пешбинигардиро муваффақона иҷро намуданд. Аз ҷумла, лейтенанти калон Фирӯз Муродов нишонгир-оператори як экипажи танкии тоҷик дар даври аввали мусобиқа зимни тирпарронӣ аз силоҳи танкии тўп 125 мм ҳадафҳоро пурра ба нишон расонида, соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин дар касби худ” гардид.

Маврид ба зикр аст, ки майдони баргузории мусобиқа, ки паҳнои он 4100 метрро ташкил медиҳад, барои дар сатҳи баланд ташкилу гузаронидани мусобиқа байни танкистони ҷаҳон муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Вобаста ба иҷрои талаботи шартҳои ба мусобиқа пешбинигардида, ин нуктаро қайд кардан зарур аст, ки дар сурати нодуруст рондани танк, бархўрдан ба аломатҳо ва нарасонидани тир ба нишон дар масофаҳои гуногун, аз ҷониби гурӯҳи назоратии кишварҳо ва шахси масъули онҳо дар майдони алоҳида, тай намудани даври иловагӣ ҷорӣ карда мешуд, ки он ба пойгаи алоҳида таъсирӣ манфӣ мерасонид. Аз ин лиҳоз, дастаҳо кӯшиш менамуданд, ки ба чунин хатоиҳо камтар роҳ диҳанд, то ки дар зудтарин вақт ба марра расанд.

Ҳамин тавр, экипажҳои танкии тоҷик дар ҳайати двизиони худ даври аввали мусбиқаро бо сарбаландӣ сипарӣ намуда, пас аз дуюм қурапартоӣ ва соҳибгардидан ба танкҳои рангашон зард аввалин шуда ба марҳилаи нимниҳоии мусобиқаи байналмилалии ҳарбии “Биатлони танкӣ-2021” роҳ ёфтанд.

Дар ин даври мусобиқа, экипажҳоро зарур буд, ки бо эстафета ва давидан ба масофаи 100 метр баъдан шартҳои дигари дар даври аввал бударо иҷро намоянд. Дар даври дуюм низ экипажҳои асосӣ донишу маҳорати хуби рондану идора намудани танк, бемушкилӣ гузаштан аз роҳҳои пурмонеа ва тирпарронии ҷангӣ аз силоҳҳои танкиро нишон дода, дар ҳайати экипажҳои дуюм дивизион ду ҷойи ифтихориро соҳиб гардиданд ва ба худ дар даври ниҳоии сабқатҳо роҳ кушоданд.

Даври ниҳоии мусобиқаи танкистон дар машқгоҳи номбурда, ки санаи 2-юми сентябри соли равон доир гардид, ба он аз 10 давлати шомилбуда ба ҳайати дуюм дивизион, чаҳор кишвар, Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Мянма ва Осетияи Ҷанубӣ роҳ ёфта, байни ҳам сабқат намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даври ниҳоии мусобиқаҳои байналмилалии ҳарбӣ-2021 се экипажи танкистони Қўшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ бо танкҳои рангашон сурх муаррифӣ намуданд. Сабқати шадид миёни танкистони давлатҳо ба афсари тоҷик Комрон Холматов механик-ронандаи танк имкон дод, ки рейтинги баланди суръатафзоии танкро кашф намояд ва Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои пешсафи иштирокчии мусобиқаи мазкур дар соли 2021 қарор диҳад.

Агарчӣ танкистони тоҷик зимни ширкат дар ин гуна мусобиқаҳо сол то сол ба муваффақиятҳои арзанда ноил мегарданд, вале ҳоло ҳам онҳоро зарур аст, ки сатҳи омодагии хешро боз ҳам такмил дода, аз ин ҳам бештар давлату миллати худро муаррифӣ намоянд.

Ҳамчунин, қобили қайд аст, ки дар доираи мусобиқаҳои байналмилалии ҳарбӣ-2021 дастаи мерганчиёни Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар мусобиқаи ҳарбии “Марзи Мерганӣ”, ки дар вилояти Брести Ҷумҳурии Белорусия бо иштироки 15 гурӯҳ аз 11 давлат доир гардид, иштирок намуданд.

Мувофиқи нақша, мусобиқа дар чор марҳила бо тирпарронӣ дар шароити шабонаву рӯзона ва дигар ҳолатҳои махсус роҳандозӣ гардида, ҳамзамон, мерганчиёни тоҷик машқҳои тирпаррониро аз силоҳи махсуси мерганӣ ва партофтани навъҳои гуногуни норинҷаки дастӣ иҷро намуднд.

Устоди оташи артиллерӣ, чунин унвон дошт бозиҳои ҳарбие, ки дар он тӯпчиёи тоҷик ширкат намуданд. Мусобиқаи мазкур бо ҷалби ҷузъу томҳои артиллерии кишвархои иштирокчӣ дар шаҳраки Отари вилояти Ҷамбули Ҷумҳурии Қазоқистон ташкилу ба роҳ монда шуд. Зимни ширкат дар ин намуди мусобиқаҳои ҳарбӣ, хайати дастаҳои миномётии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи баланди омодагии касбӣ нишон дода, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Соли дуюм аст, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон табибони низомии тоҷик зимни баргузории Эстафетаи тибби ҳарбӣ, ки он низ дар доираи бозиҳои байналмилалии ҳарбӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад, ширкат варзида ҳамчун ворисони хақиқии яке аз саромадони тибби ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино мавқеи баланди тибби тоҷикро дар байни ҳамкасбони худ муаррифӣ менамоянд. Дар ин бозиҳо соли равон 8 давлат, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Белорусия, Ветнам, Мянма, Фаластин, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок доштанд.

Аз рӯйи нақшаи мусобиқаи байналмилалии Эстафетаи тибби ҳарбӣ 10 намуди бозиҳо пешбини гардида буд, ки зимни ширкат дар ҳар яки он табибони низомии мо донишу таҷрибаи баланд нишон дода, дар натиҷа ба дастовардҳои арзанда ноил гардидаанд.

Курсантони тоҷикистонӣ, ки дар омӯзишгоҳҳои олии харбии шаҳри Рязани Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, новобаста аз мушкилиҳои таҳсил ва донишу таҷрибаи амалии худ дар чор намуди мусобиқаҳои харбӣ: взводи десантӣ, десанти баҳрӣ, аълочии разведкаи қўшунӣ ва усули боваринок иштирок намуда, нисбат ба дигар ҳамкурсҳои худ аз кишварҳои гуногун бартарияти бештар нишон доданд. Ва тавонистанд, парчами давлатии Тоҷикистонро дар арафаи таҷлил аз 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо ифтихору ғурури миллӣ парафшонӣ намоянд.

Самараи фаъолияти назарраси хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зимни ширкат дар ин бозиҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ аст, ки тибқи рейтинги умумии мусобиқаҳои байналмилалии ҳарбӣ-2021, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори даҳгонаи беҳтарини 40 давлати иштирокчии ин бозиҳои байналмилалии ҳарбӣ қарор гирифтааст.

Боқӣ ШАРИФЗОДА,

рўзноманигор

 

 

 

 

 

 

 

Previous Post

Иттилоот ва таъсиррасонии он ба мафкураи ҷомеа

Next Post

Ҷаласаи комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ дар Вазорати мудофиа

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Ҷаласаи комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ дар Вазорати мудофиа

Ҷаласаи комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ дар Вазорати мудофиа

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook