Бахшида ба 29-солагии Ваҳдати миллӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ-варзиширо аз рӯи навъҳои тирандозӣ аз силоҳи пневматикӣ ва ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани силоҳи таълимии автомати Калашников байни омӯзгорони омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор намуд.

Дар маросими тантанавии оғози мусобиқа роҳбарияти Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиа таъкид намуданд, ки ҳадафи баргузории мусобиқа оммавият бахшидани намудҳои ҳарбӣ-амалии варзиш миёни омӯзгорони омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо ба шумор меравад.

Доир намудани ин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки маҳорати омӯзгорони омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҷавонон таълими ҳарбӣ ва варзишӣ медиҳанд, боло рафта, сифати омодасозии сарбозони ояндаи Ватан беҳтар гардад.

Боиси қаноатмандӣ аст, ки имрӯз дар пойтахт раванди тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, омода намудани ҷавонони синни то даъватӣ ва даъватӣ барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, рушди намудҳои ҳарбӣ-техникии варзиш ҷавобгӯи ниёзҳои замон бомаром ва умедбахш ҷараён дорад.

Зеро ҳамаи тадбиру иқдомҳо дар самти пешбурди тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва рушди намудҳои ҳарбӣ-амалии варзиш, таҳкими Ваҳдати миллӣ, суботу амният ва дар маҷмӯъ ба мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат нигаронида шудааст. Дар раванди ба роҳ мондани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар пойтахт омӯзгорони омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ саҳми намоён доранд.

Изҳори омодагӣ карда шуд, ки Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр аст, ки бо омӯзгорони омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар самти гузаронидани чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ ва омода намудани ҷавонону наврасон ба хизмати ҳарбӣ ҳамкории доимӣ ва пурсамар дошта бошад.

Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои умумидаставӣ мақоми аввалро дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95-и ноҳияи Сино, мақоми дуюмро дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва мақоми сеюмро дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Шоҳмансур соҳиб гардиданд.





