Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МУСОБИҚАИ ҲАРБӢ — ВАРЗИШИИ “ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНОН”

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
11.08.2022
in Хабар
0
МУСОБИҚАИ ҲАРБӢ — ВАРЗИШИИ “ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНОН”
0
SHARES
150
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Соли дуюм аст, ки дар машқгоҳи саҳроии Фахрободи гарнизони Хатлон бо иштироки ҳайати шахсии ҷузъу томи Вазорати мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат мусобиқаи ҳарбӣ — варзишӣ таҳти унвони “Пойгаи қаҳрамонон” доир мегардад.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Вазорати мудофиаи кишвар дар асоси Нақшаи чорабиниҳои тайёрии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 31 умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ташкилу ба роҳ монда шуда, ба он беш аз 100 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратии мамлакат ширкат доштанд.

Чорабинии тантанавӣ ба ин муносибат дар майдони сафороии машқгоҳи Фахробод бо сафороиии ҳайати иштирокчиён, таҳти навои Суруди миллӣ ва бо баҷо овардани дигар ойинҳои хоси низомиён оғоз гардид, ки зимни он масъулини Вазорати мудофиаи мамлакат оид ба аҳамияти варзиш ва нақши он дар таъмини сатҳи тайёрии ҷангии низомиён баромад намуда, ба иштирокчиёни ин мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ дар иҷрои шартҳои пешбинигардида ва омодагии сатҳи баланд дар хизмат ба халқу Ватан барору комёбиҳо таманно намуданд.

Дар қисмати дигари ҷамъомад, аз ҷониби сарбозони яке аз қисмҳои ҳарбии Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ машқҳои ҳимояи худ аз задухӯрдҳои тан ба тан намоиш дода шуд.

Дар ҷамъбасти чорабинии тантанавӣ ҳайати иштирокчиёни мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ дар назди минбар гузашти низомӣ доир намуданд. Ҳамин тавр бо поён ёфтани ин қисмати ҷамъомад, мусобиқаи “Пойгаи қаҳрамонон” дар машқгоҳи мазкур расман оғоз гардида, байни дастаҳои яккачини сохторҳои зикргардида ҷараён гирифт.

Пас аз муайян гардидани ҳайати ҳакамон ва дар асоси низомномаи баргузории мусобиқа фаҳмонидани меъёрҳои пешбинигардидаи ин мусобиқаи ҳарбӣ — варзишӣ ба иштирокчиёни он, бо қуррапартоӣ ҳайати дастаҳо ва навбати сабқати онҳо муайян карда шуд.

Тибқи меъёрҳои пешбинигардида, дар рӯзи аввали баргузории мусобиқа дастаҳои иштирокчиро зарур буд, ки дар вақти муайяншуда 24 хати монеадорро бехато дар масофаи 3 километр тай намуда, ҳарчӣ зудтар ба марра расанд.

Хатҳои монеагузар асосан аз деворҳои сангину бетонии сӯрохидор, хандакҳои зеризаминӣ, монеҳои муҳандисӣ, симхор, зинапояи чӯбин, гузаргоҳ байни деворҳо ва гузаштан аз зери мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ иборат буд, ки иштирокчиён кӯшиш мекарданд зимни гузаштан аз монеаҳои мазкур маҳорати баланд нишон дода, натанҳо донишу таҷрибаи касбии хешро баланд бардоранд, балки омодагии ҳамаҷониба худро дар ҳимояи марзу буми Ватан собит намуда, инчунин дастаи худро ҳамчун иштирокчии фаъоли ин мусобиқаи ҳарбӣ — варзишӣ муаррифӣ намоянд.

Дар асоси шартҳои пешбинигардида ба рӯзи дуюми мусобиқа дастаҳо бо силоҳҳои штатии худ монеаҳои гузошташударо дар масофаи муайян тай намуда, сабқатро байни ҳам идома доданд. Тибқи талаботи ин даври мусобиқа иштирокчиён бо силоҳи вобасташуда хати монеадорро бо дав гузашта мавқеи худро ишғол карданд ва бо амри роҳбари машғулиятҳо ба ҳадафҳои худ аз силоҳҳои оташфишони тапончаи Макаров, автомат ва пулемёти Калашников, милтиқи мерганӣ ва норинҷаки дастии зиддитанкӣ тирпарронӣ намуданд.

Тавре таъкид карда шуд, мақсад аз ташкилу баргузории мусобиқаи мазкур ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷангӣ, дониш ва маҳорату малакаи касбии ҳайати шахсӣ, инкишофи ҳаматарафаи онҳо барои иҷрои вазифаҳои хизматию ҷангӣ ва муайян намудани беҳтарин тирандозҳо аз намудҳои гуногуни силоҳҳои оташфишон дар байни ҳайати шахсии сохторҳои қудратии мамлакат мебошад.

Аз ин ҷост, ки зимни ҷамъбасту натиҷагирии мусобиқаи навбатии ҳарбӣ-варзишии “Пойгаи қаҳрамонон-2022” аз рӯйи ҳисоби даставӣ ғолибон ва беҳтарин нишонгирону тирандозон муайян карда шуда, бо ҷоми мусобиқа ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

                                                                            Боқӣ Шарифзода,

                                                                          рӯзноманигор

Previous Post

Суханронӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ

Next Post

САМАРАНОК ИСТИФОДАНАМОИИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
САМАРАНОК ИСТИФОДАНАМОИИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ

САМАРАНОК ИСТИФОДАНАМОИИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj