Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МУСОБИҚАИ ҲАРБӢ-ВАРЗИШИИ “КИ ЗУДТАР?” ДАР ФАХРОБОД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.07.2022
in Хабар
0
МУСОБИҚАИ ҲАРБӢ-ВАРЗИШИИ “КИ ЗУДТАР?” ДАР ФАХРОБОД
0
SHARES
120
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мусобиқаи варзишӣ аз намудҳои эстафетаи ҳарбӣ таҳти унвони “Ки зудтар?” ба муносибати таҷлил аз 25-умин солгарди таъсисёбии Бригадаи ҳамлаоварӣ десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод давоми 2 рӯз ташкилу ба роҳ монда шуда, ба он хизматчиёни ҳарбии гарнизони Душанбе ҷалб гардиданд.

Қабл аз оғози мусобиқа ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои зудамал ва масъулини Клуби марказии варзишии Артиш, дар назди иштирокчиёни он баромад намуда, доир ба ҳадафу моҳияти баргузории ин чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ ибрози назар карданд ва барои ба даст овардани ғолибият, ба онҳо барору комёбӣ таманно намуданд.

Тибқӣ низомнома ва мувофиқи шартҳои ба мусобиқа пешбингардида, дастаҳои иштирокчиро зарур буд, ки дар вақти муайяншуда, зиёда аз 30 мавзеъу нуқтаи пурмонеаро, ки дар масофаи 3200 метр гузошта шуда буданд, бояд убур намоянд.

Ин монеаҳои сунъиву душворгузар, аз девори сӯрохдор, девор бо симтӯр, девори баланди сангин, хандақ ва хандақи зеризаминӣ, девори бетонӣ, тортанакхонаи қубурӣ, монеаи муҳандисӣ ё худ симхор, зинапояҳои чӯбин ва равоқдор, гузаргоҳ байни деворҳои каҷ, гузаштани кӯпруки ларзонак ва торбанди ҳалқадор, дав дар масофаи 100 метр бо истифодаи ниқоби зидди газӣ, гузаштан аз таги мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, дар вақти муайян ҳозир шудан ба нуқтаи тирпарронӣ, тир холӣ намудан ба сӯйи нишона ва аз дигар шартҳо иборат буд, ки иштирокчиёни мусобиқа онҳоро бо чусту чолокӣ иҷро намуданд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқ ба муҳит ва шароити ҷуғрофии Тоҷикистон, ки дар бисёре аз минтақаҳои кӯҳистони кишвар талу тепаҳо, роҳҳои хатарноку пурмонеаи табиӣ, ҷару баландиҳои душворгузар, пайраҳаҳои тангу касногузар, чукуриҳои калону ғорҳои таъқибкунанда ва амсоли ин ки ба назар мерасад, нуқтаҳои ғайритаббиию боздоранда ва монеаҳои сунъии дар мусобиқа гузошташуда низ дар машқгоҳи Фахробод, ба шароити болозикр мутобиқ гардонида шуда буд.

Ҷараёни баргузории ҳар як шарти мусобиқа ва маҳорати  дастаҳои ба он ҷалбшуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон ва доварони майдон, ки аз ҳисоби намояндагони масъули сохторҳои қудратӣ интихоб ва тайин гардида буданд, назорат бурда мешуд, то маҳорати ҳар як даста ба таври шафофу одилона муайяну баҳогузорӣ карда шавад.

Ҳамин тариқ, мусобиқаи варзишӣ аз намудҳои эстафетаи ҳарбӣ таҳти унвони “Ки зудтар?” бо саф оростани ҳайати дастаҳои иштирокчӣ дар майдони сафороии машқгоҳи Фахробод ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд.

Ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои зудамал ва масъулини Клуби марказии варзишии Артиш дар назди иштирокчиён баромад намуда, дар арафаи таҷлил аз ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 25-умин солгарди таъсисёбии Бригадаи ҳамлаоварӣ десантӣ-зарбавӣ, баргузории мусобиқаи мазкурро дар партави иқдому ташабуссҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, иртибот доданд.

Дар охир тамоми иштирокчиёни фаъоли ин чорабинӣ ё худ ғолибони эстафетаи ҳарбӣ, аз ҷониби масъулини раёсати Қӯшунҳои зудамал, бо Ифтихорнома, Ҷом, медал ва бо дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Гузашти низомии ҳайати дастаҳо ё худ хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз назди минбар, чун ойини доимии низомиён, анҷомбахши ин чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ дар машқгоҳи Фахробод гардид.

 

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

МУЛОҚОТ БО СОХТМОНЧИЁНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “РОҒУН”

Next Post

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ЗАНОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ЗАНОН

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ЗАНОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj