Ба муносибати таҷлил аз “Рӯзи Модар”, дар пойгоҳи Литсейи ҳарбӣ байни занон-хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, навъи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мусобиқаҳои тирпарронӣ доир карда шуд.
Албатта, нишонгириву тирпарронӣ ва омӯзиши улуми ҳарбу зарби низомӣ, барои зан-хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа қадамҳои устувор дар роҳи омодагӣ ба иҷрои вазифаҳои ҷангӣ маҳсуб ёфта, онҳо баҳри сайқал додани маҳорати касбии хеш иштирокчии фаъоли ҳама гуна чорабиниҳои ҳарбӣ ва машқу размоишҳои мухталифи тактикӣ мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар доираи нақша ва ба муносибати ҷашну чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ, байни занон-хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, пайваста мусобиқаҳои гуногуни ҳарбӣ-варзишӣ ташкилу ба роҳ мешаванд.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуоти
Вазорати мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковник