Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.06.2025
in Хабар
0
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
0
SHARES
9
VIEWS
Share on Facebook

28 июн дар шаҳри Хоруғ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятро дар панҷ моҳи соли равон таҳлил намуда, барои иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои нав гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати истиқболи арзандаи 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вилоят бунёду азнавсозии 1362 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳои сохтмон дар 1059 иншоот ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ ба анҷом расид, ки 78 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки то имрӯз дар вилоят 80 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 70 иншооти соҳаи маориф, 46 иншооти тандурустӣ, 74 иншооти варзиш, 29 иншооти фарҳанг, 246 километр роҳ, 37 пул ва садҳо иншооти дигари иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд гардидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии корҳои неку созанда, саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти кишвар ва баҳри дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати кишвар бори дигар ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳоло барои таъмин намудани пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилоят амалисозии 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои солҳои 2021 — 2025 идома дорад. Аз аввали татбиқи 869 лоиҳаи дорои аҳаммияти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 7,3 миллиард сомонӣ то имрӯз 442 лоиҳа ба маблағи беш аз 5,7 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Дастур дода шуд, ки ҳангоми таҳия ва қабули барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда бояд ба масъалаҳои таъсиси ҷойҳои кории нав, саноатикунонии босуръат ва истеҳсоли молҳои дорои арзиши баланди иловашуда таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва заҳмати содиқонаи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳру ноҳияҳои он мунтазам рушд ёфта, шароити зиндагии аҳолӣ нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардидааст. Тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии вилоят зиёда аз 25 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 то ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 121 иншооти иҷтимоиву маъмурӣ ба маблағи 788 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло боз 17 иншооти дигар ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ бунёд гардида истодааст.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, нақлиёту энергетика ва дигар бахшҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 13 лоиҳа ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома дорад. Танҳо барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шудааст.

Барои рушди соҳаи сайёҳӣ Роҳбари давлат ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорату идораҳои масъул супориш доданд, ки баҳри ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ, ҷалби шумораи ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ташкилоти бонкӣ аз Сарвари давлат дастур гирифтанд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ ва бештар пешниҳод кардани маблағҳои қарзӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорӣ дар вилоят чораҳои иловагӣ андешанд.

Истифодаи технологияҳои рақамӣ ва гузариш ба низоми пурраи пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои мухталиф дар доираи солҳои 2025 — 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” талаби қатъии замони муосир номида шуд.

Барои рушди соҳаи саноат дар вилоят вазоратҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки доир ба роҳандозии фаъолияти самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти саноатӣ ва содироти он тадбирҳои мушаххас андешанд.

Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки тавассути ин тадбирҳо мо метавонем ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ноил гардида, муҳимтар аз ҳама, аҳолиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоем ва ба мардуми шарифи кишвар шароити арзандаи зиндагӣ муҳайё намоем.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ супориш дода шуд, ки барои самаранок истифода намудани тамоми захираву имкониятҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва иҷрои саривақтии супоришҳои додашуда, масъулин бо дарки масъулияти баланд фаъолият намоянд.

Сохторҳои марбутаи давлатӣ вазифадор шуданд, ки барои рушди соҳаи энергетика ва таъмини пурраи аҳолӣ ва дигар истеъмолкунандагон бо барқ татбиқи пурраву босифати лоиҳаҳо ва бунёди неругоҳҳои хурди обӣ, офтобӣ ва бодиро таъмин созанд.

Барои рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин бахшҳо ҷойдошта вазорату идораҳои масъул аз Роҳбари давлат супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳамчунин, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ғамхориҳои давлат ва Ҳукумат барои наслҳои наврас ва муҳайё кардани шароиту имкониятҳои замонавӣ баҳри онҳо ёдовар шуда, аз аҳли зиё, фаъолон ва умуман тамоми ҷомеа талаб намуданд, ки ба масъалаи таълиму тарбия ҳамчун асоси ояндаи обод эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.

president.tj

Previous Post

СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ 28-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Next Post

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook