Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ШУҒНОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.06.2025
in Хабар
0
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ШУҒНОН
0
SHARES
9
VIEWS
Share on Facebook

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳмоннавози ноҳияи Шуғнон барои истиқболи самимӣ арзи сипос намуданд.

Президенти кишвар иштирокдорони мулоқот ва кулли сокинони вилоятро бо санаи муҳими таърихӣ – Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, фазои орому осуда, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ дар ҳар гӯшаи Ватани азизро орзу намуданд.

Таъкид гардид, ки тибқи нақшаи корҳои ободонӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон аз 226 иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ сохтмону навсозии 190 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 111 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки саҳми арзандаи соҳибкорон ва мардуми шарафманди ноҳия дар раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ шоистаи таҳсину қадршиносӣ мебошад.

Зикр карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди ноҳия беш аз 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ 670 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Илова бар ин, дар ҳудуди ноҳия 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 26 миллион сомонӣ амалӣ гардид. Ҳоло боз 8 лоиҳаи дигар мавриди амал қарор дорад, ки дар доираи онҳо то ба имрӯз ба маблағи 236 миллион сомонӣ корҳо иҷро шудаанд.

Гуфта шуд, ки дар соли 2024 сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 61 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба сӣ соли пеш, яъне соли 1996 15 баробар зиёд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони он роҳбарияти ноҳия ташаббусҳои соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва аҳолиро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

Вазорату идораҳои марбута аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои тақвияти корҳо дар самти ташкил ва дастгирии корхонаҳои хурду миёна, истифодаи пурраи имконияту иқтидорҳои маҳаллӣ барои рушди саноат ва ҷалби сармоягузорӣ тадбирҳо андешанд.

Дар робита ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва мушкилоти таъминоти аҳолии дунё бо маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ зарур шумурда шуд, ки захираву имкониятҳои кишоварзии ноҳия, аз ҷумла ҳар як ваҷаб замин боз ҳам самаранок истифода карда шаванд.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии доимии Ҳукумати кишвар маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳияи Шуғнон сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба беш аз 18 миллион сомонӣ расидааст.

Вобаста ба ин, ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки фаъолияти худро барои таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисон, сохтмони муассисаҳои нав ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир тақвият бахшад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар заминаи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар ноҳияи Шуғнон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 43 бинои муассисаҳои таълимӣ барои 6 ҳазору 340 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор аз Сарвари давлат дастур гирифтанд, ки барои ҷалби омӯзгорони ҷавон, муҳайё сохтани шароити мусоиди кору зиндагӣ барои онҳо ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯсти ноҳияи Шуғнон дар оянда низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ба хотири пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми босазо мегузоранд ва дар ояндаи наздик диёри худро боз ҳам ободу зебо месозанд.

president.tj

Previous Post

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

Next Post

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ШУҒНОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ШУҒНОН

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ШУҒНОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook