7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Ҳадафи мулоқот шиносоӣ бо вазъи корҳо дар ноҳияҳои минтақа, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷараёни омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт, яъне ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор, дар маҷмӯъ, сохтмони беш аз 1100 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии зиёда аз 240 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳо дар 760 иншоот ба анҷом расидаанд. Ин нишондиҳанда 69 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти он, ки то ҷашн муҳлат тамоман кам мондааст, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаро вазифадор ва соҳибкорону аҳолии ноҳияҳоро ҳидоят намуданд, ки ҷиҳати иҷрои пурраи нақшаи тасдиқшуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳукумати мамлакат тайи даврони соҳибистиқлолӣ барои ободонии ноҳияҳои водии Рашт тамоми имкониятҳоро сафарбар карда, ин равандро то имрӯз идома дода истодааст. Дар натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳо симои ноҳияҳои водӣ ҳоло ба куллӣ дигаргун шудааст.
Умуман, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои минтақа беш аз 5,7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Нуробод 2,2 миллиард сомонӣ, Рашт 1,4 миллиард сомонӣ, Сангвор 914 миллион сомонӣ, Лахш 624 миллион сомонӣ ва Тоҷикобод 528 миллион сомонӣ равона шудааст.
Ҳамчунин, дар ин давра дар ноҳияҳои минтақаи мазкур беш аз 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо беш аз 500 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.
Ҳоло дар ҳудуди ин ноҳияҳо татбиқи боз 21 лоиҳаи дигар идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз 184 миллион сомонӣ аз худ гардидааст. Бо мақсади таъмин намудани тараққиёти ноҳияҳои водии Рашт ва ҳалли масъалаву мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар доираи барномаҳои рушди ноҳияҳои мазкур садҳо лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 200 миллион сомонӣ амалӣ шудааст.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт вазифадор шуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, дар ҳамкорӣ сармоягузорони ватаниву хориҷӣ татбиқи сифатнок ва саривақтии барномаҳо ва лоиҳаҳои пешбинишударо таъмин намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки гарчанде минтақаи Рашт дорои имкониятҳои фарохи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, вале дар ноҳияҳои он ҳамагӣ 5 корхонаи саноати хӯрокворӣ фаъолият менамояд, ки ба талабот ҷавобгӯ нест.
Бинобар ин, роҳбарону масъулини ноҳияҳои минтақа аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, дар асоси технологияҳои муосир фаъол гардонидани иқтидорҳои мавҷуда ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои мушаххас ва ҷиддӣ андешанд.
Ҳамчунин роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифат, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо, афзоиш додани истеҳсоли картошка, зиёд намудани майдони боғҳо, алалхусус, боғҳои интенсивӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдорӣ, бастубанд ва содироти меваю сабзавот ва ба ҳамин васила муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Бо дарназардошти он, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар ноҳияҳои водии Рашт 292 бинои нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 54 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Танҳо дар соли 2021 дар ин ноҳияҳо сохтмони 13 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 7000 хонанда ба нақша гирифта шудааст.
Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии ноҳияҳои водии Рашт пайваста чораҷӯӣ менамояд. Бо ин мақсад танҳо дар соли 2020 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ ба ноҳияҳои водӣ ба маблағи беш аз 26 миллион сомонӣ таҷҳизот ва маводи доруворӣ дастрас карда шудааст.
Вобаста ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи пандемияи короновирус ва таъсири он ба иқтисоди кишварҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки дар чунин шароит мардум аз тамоми захираву имкониятҳо пеш аз ҳама, обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоянд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву азият накашанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулон ва фаъолонро вазифадор карданд, ки мардумро ба корҳои ободониву ҳар як хонаву кошона, маҳалли зист, кӯчаву хиёбон ва шаҳраку деҳот, инчунин, сарфаю сариштакорӣ ҳидоят ва сафарбар намоянд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯст ва созандаву бунёдкори ноҳияҳои водии Рашт барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри худ, сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли хеш ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ саъю талоши бештар хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон