Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
23.09.2026
in Хабар
0
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
0
SHARES
18
VIEWS
Share on Facebook

23 сентябр дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.

Дар оғози сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони заҳматқарину ватандӯсти вилояти Суғдро ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфтанд.

Президенти кишвар изҳор доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва навсозӣ гардид.

Зикр карда шуд, ки танҳо дар се рӯзи охир дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 иншооти навбунёди истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои бузурги саноатӣ дар шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон, даҳҳо муассисаи таълимиву тиббӣ ва иншооти хизматрасонӣ бо беҳтарин шароиту таҷҳизоти замонавӣ ба истифода дода шуд, ки дар онҳо ҳазорҳо ҷойи кории нав муҳайё гардид.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дастовардҳо аз дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат ва иштироки фаъолонаи сокинони вилояти Суғд дар ободониву пешрафти Ватани азизамон гувоҳӣ медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи вилоят ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии сокинони он аз ҳисоби буҷети давлатӣ баҳри татбиқи барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар ҳудуди вилоят ба маблағи 11 миллиард сомонӣ беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 24 лоиҳа идома дорад.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба дастовардҳои соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, дигар бахшҳои иҷтимоӣ ва  самтҳои асосию стратегӣ бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ намуданд.

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилоят 781 корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 8 ҳазор ҷойи кории нав бунёд ва ба истифода дода шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо вуҷуди пешравиҳои назарраси соҳа, зарур аст, ки коркарди пурраи ашёи хоми дохилӣ, боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва истифодаи пурраи иқтидори содиротии корхонаҳои ватанӣ таъмин карда шавад.

Дар бахши энергетика бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Ҷануб — Шимол” ба масофаи 264 километр, инчунин, зеристгоҳҳои барқии “Душанбе — 500” ва “Суғд — 500” ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ намунаи олии тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ номида шуд.

Зарур шумурда шуд, ки ба истифодаи самараноки иқтидорҳои энергетикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва коҳиш додани талафоти неруи барқ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда шавад.

Таъкид гардид, ки дар вилояти Суғд то имрӯз 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 6,1 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо 568 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 90 пул ва 11,7 километр нақб сохта, ба истифода дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки масъулон минбаъд низ ба нигоҳдории роҳҳо, истифодаи самараноки онҳо ва баланд бардоштани сифати инфрасохтори нақлиётӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд.

Гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маблағи умумии 1,4 миллиард сомонӣ 986 муассисаи таълимӣ барои 470 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Таъкид гардид, ки тайи замони соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 417 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулони соҳа супориш доданд, ки ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, рушди тибби рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони соҳа ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманду заҳматқарини вилояти Суғд минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ ва заҳмати созанда дар роҳи пешрафти кишвар ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, ҳамчунин, донишҷӯ Азиза Ҷумазода, соҳибкор Исроилхуҷа Самандаров ва собиқадори меҳнат, собиқ вакили Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова доир ба таъмини шоистаи зиндагӣ ва илмомӯзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва  дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд.

president.tj

Previous Post

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ИНШООТИ ИСТЕҲСОЛИВУ ИҶТИМОӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Next Post

ИШТИРОК ДАР ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИШТИРОК ДАР ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

ИШТИРОК ДАР ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

Рӯзи сеюми тамринҳои ҳарбӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт

Рӯзи сеюми тамринҳои ҳарбӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт

14.10.2026
Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

14.10.2026
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

14.10.2026
Мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар

Мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар

14.10.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook