Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ ПРОКУРАТУРАҲОИ ГЕНЕРАЛИИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.10.2025
in Хабар
0
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ ПРОКУРАТУРАҲОИ ГЕНЕРАЛИИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ
0
SHARES
37
VIEWS
Share on Facebook

21 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсози  прокуророни генералӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки баргузории ҷаласаи навбатии Шуро дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар арафаи 30-солагии таъсиси он аҳамияти хоса дорад.

Бо ишора ба нақши муҳими прокуратураҳо дар таҳкими қонуният ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ гуфта шуд, ки дар давоми се даҳсола кишварҳои Иттиҳод низоми боэътимоди ҳамкориро барои таъмини қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ бунёд кардаанд.

Сарвари давлат аз натиҷаҳои мусбати ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ ва Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ — Русия”, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки зимни ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо Барномаи сесолаи ҳамкории кишварҳои иштирокдор оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2026-2028 қабул гардид, ки татбиқи он ба таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақа мусоидат менамояд.

Дар ин зимн нақши калидии мақомоти прокуратура дар таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, экстремизм ва терроризм таъкид карда шуд.

Дар идома иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори фаъоли талошҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза бо терроризм ва дигар таҳдидҳо мебошад.

Ҳамзамон, ба зарурати таҳкими ҳамкории прокуратураҳо дар доираи ИДМ ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳама гуна зуҳуроти таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ ишора карда шуд.

Дар ин замина  иброз гардид, ки ҷонибҳоро зарур  аст, то дар самти муқовимат ба ҷинояткории киберӣ, минҷумла истифодаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз технолгияҳои муосир ва зеҳнӣ сунъӣ барои роҳандозии ҳадафҳои ҷиноятии худ чораҳои муштараки ҳамоҳангшуда андешида, мавриди татбиқ қарор диҳанд.

Дар фарҷом изҳори бовар карда шуд, ки натиҷаҳои ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералӣ ба тавсеаи ҳамкории судманд ва мубодилаи самараноки таҷриба мусоидат менамояд.

president.tj

Previous Post

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ «БАРОДАРИИ ШИКАСТНОПАЗИР-2025» ВА «МОНЕА-2025» -И ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛЛАҲИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД ДАР МАШҚГОҲИ ФАХРОБОД

Next Post

ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД НАХУСТИН МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД НАХУСТИН МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД НАХУСТИН МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

07.11.2025
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

07.11.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

06.11.2025
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

06.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook