Дар доираи баргузории мулоқоту вохӯриҳои судманди роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат бо ҷавонон-хатмкунандагони муассисаҳои олии таълимии кишвар ин навбат дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мулоқоти сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа, генерал-лейтенант Бобоҷон Саидзода бо донишҷӯёну хатмкунандагони донишгоҳи мазкур баргузор карда шуд.

Ҳадаф аз ташкилу баргузор намудани сӯҳбату вохӯриҳои судманд миёни ҷавонон шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ дар ҷавонон, омодагиҳо ба мавсими навбатии даъват, яъне даъвати баҳории ҷавонписарони соли таваллудашон 1998-2007 ва ҷалби ҷавонони соҳибмалакаву лаёқатманд барои идомаи фаъолият дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад.

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар баромади худ аз хизматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ёдоварӣ намуда, саҳми онҳоро дар таъмини амнияту субот назаррас арзёбӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки бо пешниҳоди Вазорати мудофиа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйиру иловаҳо ворид карда шуд ва минбаъд ҷавононе, ки хоҳиши кор кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро доранд, бо гузаштан аз курси кӯтоҳмуддати афсарӣ метавонанд, дар вазифаҳои афсариву прапоршикӣ хизматро дар тамоми ҷузъу томи тобеи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳанд.

Дар навбати худ, роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз масъулини Вазорати мудофиа барои ҳамкориҳои пайваста ва ташкил намудани чунин сӯҳбату вохӯриҳо изҳори сипос намуда, онҳоро ба муносибати солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуданд.

Дар фарҷом, байни ҳайати иштирокчиёни мулоқот мубодилаи афкор сурат гирифта, ба суолҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас дода шуд.






