Дар доираи баргузории ду ҳамоиши бузурги байналмилалӣ — Саммити «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мулоқоти вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ бо вазири мудофиаи Федератсияи Русия Андрей Ремович Белоусов баргузор шуд.

Дар оғози суҳбат аз ҳамкориҳои сатҳи баланди вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвар, ки аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бар меояд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ–техникии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор дода, аз идомаи ҳамкориҳои минбаъда дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ изҳори умед намуданд.

Дар идома ҳамчунин масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, мулоқот дар доираи ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ идома ёфт.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





