14 ноябр дар шаҳри Исломобод мулоқоти вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковник Собирзода Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардоӣ доир гардид.
Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла таъмини амнияту субот дар ҳарду кишвар ва минтақа мавзуи асосии суҳбат буд.

Ҷонибҳо дар шароити имрӯзаи ҳассоси вазъияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои хоса ва боэътимоди ҳарду кишвари ба ҳам дӯсту бародарро муҳим шуморида, онро омили асосии таъмини амнияту субот дар минтақа арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, оиди дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Илҳом АЛИЗОДА,
сардори Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





