Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
12.05.2026
in Хабар
0
МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН
0
SHARES
27
VIEWS
Share on Facebook

12 май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин доир гардид.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин зимни музокирот дар қолаби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо ва дар қолаби маҳдуд, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии пурра ва эътимоди амиқ доир гардиданд, доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ намуданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯсти азизи худ номида, ба нақши шахсии Пешвои миллат дар таҳкими асосҳои давлатдорӣ ва рушду нумуи Тоҷикистон баҳои баланд доданд: “Дӯсти азизам! Вохӯрии имрӯзаи мо дар вуҷуди ман эҳсосоти хеле гармро бедор мекунад.

Имсол 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Таҳти роҳбарии шумо, Тоҷикистон дар бунёди давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки ин ба мо шодмонии самимӣ мебахшад.

Ҳамчун шахсе, ки шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистонро дар давраи нав пешбарӣ кардааст, имрӯз ба шумо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дода шуд. Ин эҳтиром ва дӯстии амиқеро, ки мардуми Чин нисбат ба шумо ва тамоми миллати тоҷик доранд, инъикос мекунад.

Дар шароити нооромиҳои байналмилалӣ, ҷаҳони муосир аз субот дур аст, аммо новобаста аз тағйирот дар муҳити беруна, Чин ва Тоҷикистон ҳамсояҳои хуб, дӯстони наздик ва шарикони боэътимод боқӣ мемонанд ва дар рӯҳияи кумаки мутақобила, эътимод ба ҳамдигар ва рушди муштарак боқӣ мемонанд.

Ҷаноби Президент! Ман омодаам бо шумо ҳамкорӣ кунам, то ҷомеаи боз ҳам муттаҳидтари сарнавишти муштаракро байни Тоҷикистон ва Чин ба манфиати мардумони ҳарду кишвар тақвият диҳем”.

Ҳамзамон, мубодилаи муфассали афкор оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

Дар оғози мулоқот Президенти кишвари мо аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ, пазироии гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос карданд.

Сарвари давлати мо таъкид доштанд, ки муносибатҳои ду кишвар имрӯз ба таври самарабахш ва босуръати баланд дар маҷрои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ рушд меёбанд.

«Ин раванд бозгӯи манфиатҳои мардумони мо, ки робитаҳои мустаҳками дӯстии самимона ва ҳусни ҳамҷаворӣ доранд, мебошад» — таъкид карданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо изҳори қаноатмандӣ таъкид гардид, ки робитаҳои иқтисодии кишварҳои мо дар соҳаҳои тиҷорат, ҳамкории сармоягузорӣ, саноат, энергетика, бахши аграрӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак пайгирона рушд меёбанд.

Дар ин замина афзоиши бемайлони нишондиҳандаҳои гардиши мол ва ҳаҷми сармоягузории ҷониби Чин ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди ёдоварӣ қарор гирифт.

Қобили зикр аст, ки Чин аз рӯйи ин нишондиҳандаҳо миёни шарикони иқтисодии хориҷии кишвари мо мақоми пешсафро ишғол менамояд ва ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо иштироки сармояи ҷониби Чин амал мекунад.

Роҳбари давлати мо аз ҷараёни ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дастгирии Ҳукумати он дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳои дорои аҳаммияти стратегӣ,  изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, дурнамои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ, технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус дар бахшҳои гидроэнергетика ва неруи офтобӣ, ҳамчунин, дар маҷмӯи агросаноатӣ муҳим дониста шуд.

Дар ин замина Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии Тоҷикистонро ба иштироки ширкатҳои Чин дар таъсиси паркҳои саноатӣ ва технолгии кишоварзӣ таъкид доштанд.

Дар рафти музокирот, инчунин, масъалаҳои тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ ва мубодилаи байнимардумӣ муҳокима шуданд.

Таъкид гардид, ки роҳандозии парвозҳои мунтазам дар масири “Душанбе – Сиан” замионаи мусоид барои таҳкими робитаҳои дуҷониба дар самтҳои мазкур фароҳам меорад.

Дар робита ба дигар ҷанбаҳо муносибатҳои фарҳангиву гуманитарии ду кишвар Пешвои миллат аз аҳаммияти мубодилаҳои фарҳангиву таҳсилотӣ ёдовар шуданд.

Ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда карда шуд. Вобаста ба ин, ҳавасмандии Тоҷикистон ба зиёд кардани шумораи бурсияҳои таълимии Чин барои ҷавонони тоҷик аз рӯйи ихтисосҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ иброз гардид.

Ба фаъолияти марказҳои Конфутсий ҷиҳати таълими забони чинӣ ва муаррифии фарҳанги Чин дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.

Ҷонибҳо ҳамкории наздики худро дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва механизми “Осиёи Марказӣ – Чин” таъкид карда, таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиҳоро дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷинояткории киберӣ, гардиши ғайриқонунии ҳамаи навъҳои маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ муҳим донистанд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳ ба вазъи хатарзо атрофи Эрон ва қазияи Афғонистон дода шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори устувори ҳалли ҳамаи низоъҳо ва ихтилофот тавассути роҳҳои сулҳомез бо истифода аз василаҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад.

Дар робита ба ин аҳаммияти ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин оид ба “Идораи глобалӣ” тавассути ташаккули низоми одилонаи байналмилалӣ, ҳамчунин, пешниҳоди ҷониби Чин дар бораи таъсиси Созмони миёнҷигарии байналмилалӣ таъкид гардид.

Дар фарҷоми музокироти байнидавлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпинро ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон бо сафари ҷавобӣ даъват карданд.

 

president.tj

Previous Post

МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛИ РАСМӢ ДАР ШАҲРИ ПЕКИН

Next Post

МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН

МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР ДАР СОЛИ 2026

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР ДАР СОЛИ 2026

12.06.2026
МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССАРИАТҲОИ ҲАРБӢ ДАР ҶАМЪБАСТИ МАЪРАКАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР СОЛИ 2026

МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССАРИАТҲОИ ҲАРБӢ ДАР ҶАМЪБАСТИ МАЪРАКАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР СОЛИ 2026

11.06.2026
ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

11.06.2026
САНҶИШИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ВА МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

САНҶИШИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ВА МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

11.06.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook