Дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе маросими истиқболи варзишгарони тирандози Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз мусобиқаи осиёӣ бо музаффарият баргаштанд, баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи варзишгарони тирандози Вазорати мудофиа санаи 1 – 8 – уми феврали соли равон дар мусобиқаи Осиё оид ба тирандозӣ, ки дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон доир шуда буд, ширкат варзида, ба натиҷаҳои намоёни варзишӣ комёб гардиданд.
Узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Раҷабова ва Сатторов Ҳайдаралӣ аз намуди тирандозӣ аз туфангча мақоми дуюмро соҳиб гардиданд.
Варзишгарони муваффақро дар фурудгоҳ афсарони масъули Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дўстону пайвандони варзишгарон истиқбол гирифтанд.
Варзишгарони риштаи тирандозӣ, ки дар Клуби ҷумҳуриявии варзишӣ-тирандозии Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоии мураббиёни ботаҷриба машқу тамрин менамоянд, омодагии худро баҳри иштирок дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста тақвият медиҳанд.

Самараи ин талошҳост, ки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, кишвари азизамонро ба таври шоиста намояндагӣ мекунанд ва шарафи варзишии ҷумҳуриамонро баланд мебардоранд.
Қобили зикр аст, ки яке аз самтҳои оинномавии фаъолияти Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рушди варзиш, аз ҷумла варзиши тирандозӣ, ки намуди олимпии варзиш ба шумор меравад, ҳамчунин оммавӣ гардонидани варзиш, ҷалби наврасону ҷавонон ба маҳфилу клубҳои варзишӣ маҳсуб меёбад.
Ҳадафи таъсиси маҳфилҳо ва толорҳои тирандозӣ дар назди Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, омода намудани наврасону ҷавонон тавассути ташкили маҳфилҳои варзишӣ ва фароҳам овардани шароиту имконоти лозимӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба намудҳои мухталифи варзиш ва рушди маҳорату малакаи варзишии онҳо ба шумор меравад.
Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ барои машқу тамрини варзишгарони намуди тирандозӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда, бо ин роҳ дар омода намудани варзишгарону муваффақу парчамбардорони Ватан саҳмгузорӣ намояд.






