Имрӯз дар мувофиқа ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати мудофиа тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Сипас, дар толори асосии вазорат аз ҷониби вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковник — Эмомалӣ Собирзода афсарони ба вазифаҳои нав таъингардида ба ҳайати шахсӣ муаррифӣ карда шуданд. Вазири мудофиаи мамлакат ба афсарони навтаъйин таъкид доштанд, ки дар иҷрои вазифаи хизматӣ фаъол бошанд ва иҷрои самараноки дастуру супоришҳои роҳбариятро бечунучаро таъмин намуда, ба таври ҳамешагӣ сазовори бовариву эътимоди Сарвари давлат бошанд.












