Имрӯз дар толори асосии Вазорати мудофиаи мамлакат кардҳое, ки дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаҳои масъулиятнок дар ин сохтори қудратӣ таъин шуданд, ба ҳайати шахсӣ муаррифӣ гардиданд.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ зимни суҳбат кадрҳои навтаъинро табрик намуда, бори дигар аз онҳо даъват ба амал овард, ки ба эътимоду боварии Сарвари давлат сазовор бошанд ва дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти баланд эҳсос намуда, ба Ватан содиқонаву софдилона хизмат намоянд.









