Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.07.2026
in Хабар
0
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
30
VIEWS
Share on Facebook

28 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба вазъи ноустувори иқтисодиву сиёсии ҷаҳони имрӯза ва эҳтимоли боз ҳам мураккаб шудани он таъкид намуданд, ки ҳифзи устувории макроиқтисодӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ, пешгирӣ аз таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ва истифодаи пурраи имкониятҳои дохилӣ вазифаи асосии Ҳукумати кишвар мебошад.

Зарур шумурда шуд, ки сатҳи худтаъминкунӣ баланд бардошта шуда, вобастагӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ тадриҷан коҳиш дода шавад. Инчунин бо истифодаи самараноки захираҳои зеҳниву табиӣ рушди истеҳсолоти дохилӣ таъмин карда шавад.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки сарфи назар аз пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳониву минтақавӣ, дар натиҷаи муназзам амалӣ намудани ислоҳот, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, рақамикунонӣ, саноатикунонии босуръат ва пешрафти соҳаи кишоварзӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 рушди мусбати иқтисоди кишвар таъмин гардид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2026 суръати рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 8,2 дарсад таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Таъкид гардид, ки рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14,1 дарсад, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 18,4, боркашонӣ 14,7, гардиши савдо 26,1, мусофиркашонӣ 8,0 ва хизматрасонии музднок 10,6 дарсад таъмин шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки сатҳи таваррум дар ин давра 2,4 дарсадро ташкил дод.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 дар сатҳи 114,3 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 36,4 миллиард сомонӣ ворид гардид.

Доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм, ҳамчунин, роҳбарони сохторҳои дахлдор ҳисобот доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки ҷиҳати таъмини рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва дар сатҳи на камтар аз 8 дарсад дар соли 2026 афзоиш додани суръати рушди воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ пешниҳодҳои мушаххаси худро оид ба дарёфти манбаъҳои иловагии рушд, бахусус дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ба монанди саноат, энергетика ва кишоварзӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири моҳи августи соли равон манзур намоянд.

Ба идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ва пурра ба анҷом расонидани рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ба кор даровардани гардиши электронии байниидоравии ҳуҷҷатҳо роҳу воситаҳои самарабахшро дарёфт ва амалӣ созанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи таъмини устувори бозори дохилӣ бо маводи сухтро таҳлил карда, бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи он ва баҳри ҳарчи зудтар ба роҳ мондани воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ масъулини сохторҳои марбутаи кишварро вазифадор намуданд, ки тадбирҳои амалӣ андешанд.

Ба Бонки миллӣ тавсия дода шуд, ки ҷиҳати тақвияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори рақамии бонкӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи воситаҳои электронии пардохт дар тамоми минтақаҳои кишвар, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст чораҳои қатъӣ андешад.

Дар идомаи маҷлис дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2029 баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки дурнамо ҷиҳати таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таҳия гардидааст.

Ба вазорату идораҳои марбута супориш дода шуд, ки ҳангоми ташаккули буҷети давлатӣ барои солҳои навбатӣ дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2029-ро ба инобат гиранд, ҳамчунин, дар ҳолати тағйирёбии вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла таъсири омилҳои беруна ба он, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2029 сари вақт таклифҳо пешниҳод намоянд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, Барномаи рушди роҳнамои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 муҳокима ва қабул карда шуд.

Дар интиҳои кори маҷлис   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосил, вусъати кишти такрорӣ, истифодаи самараноки обу замин, гирифтани ду-се ҳосил аз заминҳои корам, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ барои муҳлати на кам аз ду сол дар ҳар як оилаи ҷумҳурӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, густариши корҳои созандагию ободонӣ, кам кардани талафоти техникию тиҷоратӣ, ҷорӣ намудани низоми ягонаи биллингӣ ва омодагии пурра ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода супоришҳои мушаххас доданд.

Дастурҳои дигар ба масъулин доир ба омодагӣ ба соли нави таҳсил, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дода шуд.

Previous Post

ҶАМЪБАСТИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ БО ҚӮШУНҲОИ ГАРНИЗОНИ СУҒД

Next Post

МАҶЛИСИ МАШВАРАТӢ ОИД БА ОМОДАГИҲО БА ПАРАДИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАҶЛИСИ МАШВАРАТӢ ОИД БА ОМОДАГИҲО БА ПАРАДИ ҲАРБӢ

МАҶЛИСИ МАШВАРАТӢ ОИД БА ОМОДАГИҲО БА ПАРАДИ ҲАРБӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

БАРҚИЯИ ШОДБОШИИ ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД АНТОНИУ ГУТЕРРИШ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

БАРҚИЯИ ШОДБОШИИ ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД АНТОНИУ ГУТЕРРИШ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

08.08.2026
САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

06.08.2026
САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

06.08.2026
АНҶОМИ САФАРИ КОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

АНҶОМИ САФАРИ КОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

01.08.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook