Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
27.03.2025
in Хабар
0
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
98
VIEWS
Share on Facebook

27-уми март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст, дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода гузориш дод.

Таъкид гардид, ки мақсади таҳияи лоиҳа муайян намудани супоришу

тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои амалисозии ин ҳадаф нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ва ситоди ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳо барои фаъолияти мунтазам таъсис дода шавад.

Дастур дода шуд, ки вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда маълумот пешниҳод намоянд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад.

Сипас, лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва Барномаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусони барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ, иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва низоъҳои ҳарбии ҳудуди кишварҳои хориҷӣ маҳкумшуда барои солҳои 2025-2029 баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва истифодабарандагони замини ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025 гузориши шахсони масъул шунида шуд.

Дар фароварди кори маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои ҳатмӣ, саривақтӣ ва босифати супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Супоришҳо ҳамчунин оид ба ташкили саривақтӣ ва босифати кишту кори баҳорӣ, махсусан пахта ва картошка, иҷрои супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, вусъати сабзкорӣ ва созандагӣ дар иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бахусус бунёди муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дода шуд.

prezident.tj

Previous Post

ЧОРАБИНИИ НАВРӮЗӢ ДАР ГОСПИТАЛИ МАРКАЗИИ ҲАРБӢ

Next Post

ЧАНД САТРЕ АЗ СУННАТУ ОИНҲОИ НАВРӮЗИ АҶАМ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ЧАНД САТРЕ АЗ СУННАТУ ОИНҲОИ НАВРӮЗИ АҶАМ

ЧАНД САТРЕ АЗ СУННАТУ ОИНҲОИ НАВРӮЗИ АҶАМ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ

05.12.2025
ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

04.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook