Дар толори Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ғайринавбатии ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими вобаста ба таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии ҳайати шахсӣ, таъмини солимии хизматчиёни ҳарбӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 ва тадбирҳои марбут ба таҷлили сазовори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ, зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ба масъулияти ҳар як иштирикчии ҷаласа дар таъмини сатҳи баланди омодагии хизматӣ, таҳкими интизом ва қонуният, пешгирии қонуншиканиҳо ва беҳтар намудани шароити хизмат таъкид намуд.

Дар идомаи маҷлис ҳамзамон масъалаи омодагӣ ба таҷлили яке аз муҳимтарин ҷашнҳои умумимиллӣ-35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифт.

Дар ин замина, ба масъалаи омодагии ҳамаҷониба ба баргузории Паради ҳарбӣ дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, инчунин марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.






