Дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарпрокурори ҳарбӣ, генерал-лейтенанти адлия Ҳаётзода Фирдавс Ҷӯрахон ва ҳайати шахсии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик барои ташаккули давлати соҳибихтиёр, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, рушди ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати созандаву сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва заминаҳои мусоиди рушди устувори давлат таъмин гардида, Тоҷикистон дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд.

Зикр карда шуд, ки ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва садоқат ба Ватан аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар ин замина, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ба риояи қатъии қонуният, иҷрои босифат ва масъулиятноки вазифаҳои хизматӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияту суботи ҷомеа вазифадор шуданд.
Таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои ҳифзу рушди ҳувияти миллӣ, забон, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва асолати миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, масъулияти ҳар як шаҳрвандро дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бештар менамояд.

Ҳамзамон, Сарпрокуратураи ҳарбӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025 таҳти № 1102 дар бораи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» корҳои ободониву созандагиро вусъат дода, ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодӣ, тамаддуни бостонии эътирофшуда, таърихи қадимаву пурғановати миллати тоҷикро таҳким бахшида, баҳри истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллиро дар сатҳи баланд анҷом дод.

Дар фарҷоми маҷлис ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ барои иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ, меҳнати содиқона ва саҳми арзанда дар таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо рутбаҳои навбатӣ, сипоснома ва ифтихорномаҳо ҳавасманд карда шуданд.






