Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МАҶЛИСИ МУШОВАРА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
08.01.2026
in Хабар
0
МАҶЛИСИ МУШОВАРА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026
0
SHARES
78
VIEWS
Share on Facebook
Дар маҷлиси мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати мудофиа дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири мудофиаи мамлакат, сарпрокурори ҳарбии ҷумҳурӣ, ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказии вазорат, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, фармондеҳони навъҳои қӯшун ва масъулини қисму воҳидҳои ҳарбӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз вобаста ба ҳамкориву ҳамгироии сохторҳои қудратӣ ва муқомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар таъмини мудофиаи давлат, санҷиши ҳолати омодабошии захираҳои эҳтиётии Артиши миллӣ, ташкили чорабиниҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ташкилу баргузории машқҳои муштараки низомӣ ва дар ин замина таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат гузориши сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ шунида шуд.
Ҳамин тавр, вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолият дар Артиши миллӣ муовинони вазири мудофиа баромад намуда, дар маърузаҳои худ масъалаҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла таъмини сатҳи баланди омодагии ҷангӣ, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, сатҳи баланди таъминоти ақибгоҳӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагии ёрирасон, шароити моддӣ — маишӣ ва ҳолати омодагии ҷузъу томи техникиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идома муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс баромад намуда, доир ба дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар нисбати хизматчиёни низомӣ, ба андозаи 20 фоиз баланд шудани маоши вазифавии онҳо ва дигар масъалаҳои муҳими соҳавӣ андешаронӣ кард.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки таъмини интизоми ҳарбӣ, дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, бо садоқату масъулияти баланд таъмин намудани амнияти давлат, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии афсарону сарбозон, имрӯз аз ҳарвақта дида, масъулияти бештарро тақозо менамояд.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ дар баромади худ нахуст аз рӯйдодҳои муҳими соли сипаригардида, ки зимни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки соли сипаригашта барои Вазорати мудофиа соли бобарор ва хотирмон ба ҳисоб меравад, зеро дар ин давра дар доираи дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравиҳои зиёд ба амал омаданд.
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Юсуф Раҳмон дар ҷараёни ҷаласа иброз дошт, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизиони воқеии ватанро мебинанд ва ба он эътимод доранд, ки низомиёни Артиши миллӣ бо садоқат ба халқ ва Президенти худ, хизмати содиқонаву софдилонаи хешро идома медиҳанд.
Лозим ба таъкид аст, ки хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа ва дигар зерсохторҳои он, таҳти шиори “35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо омодабошии баланди ҷангӣ, корҳои ободониву созандагӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ пешвоз мегирем” боз ҳам ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.
Дар қисмати дигари ҷамъомади мазкур ба ғолибони мусобиқаҳои умумиҳарбӣ, муассисаҳои таълимоти ҳарбӣ ва кафедраҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Илҳом АЛИЗОДА,
сардори Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитан
Previous Post

ТАЪИНОИТИ НАВИ КАДРӢ

Next Post

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

13.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

12.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

09.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook