Маҷлиси мушоввараи ғайринавбатии Вазорати мудофиа дар толори асосии вазорат бо иштироки роҳбарият ва дигар зерсохторҳои ин ниҳоди қудратӣ баргузор шуд.

Дар ҳамоиш вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзу ҳимоя аз манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва баланд бардоштани малакаи касбии афсарону сарбозон андешаронӣ карданд.

Вазири мудофиа, генерал – полковник Эмомалӣ Собирзода вобаста ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти хизматчиёни низомии Вазорат ёдовар шуда, баҳри боз ҳам тақвият додани кору фаъолияти онҳо пешниҳодҳои муфиду самарабахш манзур намуд.

Вобаста ба ҳолати имрӯза, ва боз ҳам тақвият бахшидани кору фаъолият дар самти баланд бардоштани донишҳои қуқуқии афсарон, тақвият додани дӯстиву бародарӣ байни сарбозон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо ва пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар маърӯзаи сардорони раёсатҳои дахлдор шунида шуд.

Ҳифзи саломатии афсарону сарбозон, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар дар муассисаҳои тиббӣ, саривақт ба табобат фаро гирифтани онҳо масъалаи дигар ва муҳими ҷаласа буд.

Дар идома ба масъалаи роияи қоидаҳои бехатарӣ ва талаботҳои зарурӣ ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёти хизматӣ, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, тартиби дурусти пӯшидани сару либоси нозомӣ аз ҷониби кормандони мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқ, дар кӯчаву хиёбон ва макони пешбурди хизмат, ҳимояи шаъну шарафи хизматчиён ва риояи қатъии талаботҳои низомӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.

Воқеан хизматчии низомӣ будан ва дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудан шарафу ифтихори бузург аст, зеро масъулияти баланди ватандорӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини оромиву суботи кишвар ва ҳаёти осудаи мардум, аз хизматчиёни низомӣ вобастагии калон дорад.

Бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои замони муосир таъкид гардид, ки хизматчиёни ҳарбӣ баҳри иҷрои рисолати аслии хеш, таъмини амнияти халқу давлат ва ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар дар ҳама ҳолат омодагии сатҳи баланд доранд ва бо иродаи қавӣ ба Ватан содиқона хизмат менамоянд.

Илҳом АЛИЗОДА,
сардори Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитан





