Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
08.04.2026
in Хабар
0
МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
88
VIEWS
Share on Facebook

Дар маҷлиси мушовараи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти вазорат дар семоҳаи аввали соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои фаъолияти минбаъда вазифаҳо муайян карда шуд.

Ин ҷаласа дар толори маҷлисии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо иштироки вазири мудофиа генерал–полковник Собирзода Эмомалӣ, муовинони вазир, фармондеҳони навъҳои кӯшун, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, масъулини қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратӣ доир шуд.

Дар ҷаласа пеш аз ҳама иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат, ҳифзи амнияту суботи кишвар, омода намудани мутахассисони баландихтисоси низомӣ, баланд бардоштани малакаи касбии онҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини аввали вазири мудофиа–сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар доир ба вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон, тақвият додани омодабошии ҷангӣ, санҷиши дурусти мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ, зиёд намудани машғулиятҳои таълимӣ, пуррагардонии қисму воҳидҳои низомӣ, баргузории машқҳои муштарак ва дигар масъалаҳои муҳими вобаста ба баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат изҳори андеша намуд.

Зимни баррасии масъалаҳо таъкид рафт, ки вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хизматчиёни низомӣ талаб менамояд, ки баҳри боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбӣ, омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо, истифодаи дурусти техникаву таҷҳизоти низомӣ ва сайқал додани донишу таҷрибаи хеш аз ҳар вақти дигар, бештар масъулият эҳсос намоянд.

Вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қатъии интизоми ҳарбӣ ва пешгирии ҳолатҳои рух додани ҷинояткорӣ ва дигар рафторҳои гайрионномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзуи дигари ҷаласаи имрӯза буд.

Зикр гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳама қисму воҳидҳои низомӣ шароитҳои хубу мусоид фароҳам оварда шудааст ва ин раванд бо маром идома дорад.

Аз ин лиҳоз бояд сарбозону афсарон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҳамчун мутахассисони хуби соҳа ба воя расанд.

Дар идома қайд карда шуд, ки Вазорати мудофиа дар самти тайёрии ҷангии хизматчиёни низомӣ тадбирҳои муҳим андешида, баҳри омода намудани мутахассисони баландихтисос, сайқал додани омодабошии ҷангии афсарону сарбозони ҷузъу томи Артиши миллӣ, донишу таҷрибаи онҳо, сатҳи забондонӣ, истифодаи моҳиронаи яроқу аслиҳа ва техникаҳои вазнини низомӣ пайваста машқҳои муштараки ҳарбӣ доир менамояд.

Дар рафти ҷамъомад ба масоили таъминоти ақибгоҳии ҷузъу том, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар ин самт, истифодаи самараноки заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти ақибгоҳӣ таваҷҷӯҳи махсус равона гардид.

Аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ қисми муҳими Қувваҳои Мусаллаҳ ба шумор рафта, барои ҳимояи кишвар, таъмини амният ва идоракунии амалиётҳои низомӣ истифода мегарданд.

Айни замон қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа бо аслиҳа ва техникаҳои ҳозирахамони низомӣ муҷаҳҳаз буда, барои ҳифзу ҳимояи марзу буми давлат ва таъмини оромиву субот дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор доранд.

Вазири мудофиаи мамлакат генерал — полковник Эмомалӣ Собирзода зимни баромади худ бо таҳлили вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, инчунин авҷ гирифтани ихтилофу зиддиятҳо дар як қатор кишварҳои алоҳида таъкид кард, ки моро зарур аст ҳамеша ҳушёру зиррак бошем, тамоми вазифаву ӯҳдадориҳои дар самти таъмини мудофиаи давлат ва амнияти мардум бар уҳдадоштаро бо масъулияти баланд иҷро намуда, барои тарбияи афсарону сарбозон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ҳама донишу таҷрибаи худро истифода намоем.

Илҳом АЛИЗОДА,

сардори Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 

капитан

Previous Post

ҶАЛАСАИ 86-УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

Next Post

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

11.04.2026
МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

08.04.2026
ҶАЛАСАИ 86-УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

ҶАЛАСАИ 86-УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

03.04.2026
ХИЗМАТ БА ВАТАН БУЗУРГТАРИН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН БУЗУРГТАРИН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

02.04.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook