Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

МАҚОМ ВА НУФУЗИ ЗАНОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
05.03.2024
in Мақола
0
МАҚОМ ВА НУФУЗИ ЗАНОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
0
SHARES
448
VIEWS
Share on Facebook

Дар ҳақиқат дар марҳилаи кунунии давлатдорӣ, ки марҳилаи гузариш маънидод карда мешавад, барои муайян намудани мавқеъ, манфиат ва сиёсати дурусти идоракунӣ истифодаи тамоми нерӯҳои фаъоли ҷомеа, бахусус занон бениҳоят зарур аст.

Инро дарк карда, Ҳукумати кишвар баъди дарёфти Истиқлоли давлатӣ шароити мусоид барои таъмини ҳуқуқҳои занонро ба вуҷуд овард. Аз рӯзҳои аввали Истиқлолият Роҳбарияти Олии мамлакат, ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон тадбирҳои зарурӣ андешида, ин масъала дар маркази таваҷҷӯҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.

Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист нерӯи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзад.

Ҳанӯз моҳи марти соли 1991 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ин яке аз дастовардҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон буда, дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ таҷрибаи аввалин буд.  Моҳи сентябри соли 1998 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» ва “Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан барои солҳои 2005-2020» қабул шуд. Барномаи миллии мазкур, таъмини имконоти дастёбӣ ба таҳсилот, баланд бардоштани саводнокии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва сатҳи зиндагӣ, таъмин намудани ҳуқууқ ва имконоти баробар дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, барҳам додани ҳар гуна шакли зӯроварӣ, паст кардани омилҳои номусоиди муҳити зист равон карда шудааст, тасдиқ гардид. Санади дигари тақдирсоз ин Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки он дар арсаи ҷаҳонӣ дунявӣ будани ҷомеаи Тоҷикистонро бори дигар таъкид месозад. Ба шарофти ин фармон имрӯз занон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекунанд. Мувофиқи ин Фармони Президент ба вазифаи яке аз ҷонишинҳои вазирони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, муассисаҳои давлатӣ номзадҳо аз ҳисоби занони қобилиятнок, босавод ва таҷрибаи корӣ дошта таъин карда мешаванд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз моҳи декабри соли 1999, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз соли 2005, Барномаи давлатии таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои баробари мардон ва занон, Барномаи давлатии дастгирӣ ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд, Стратегияи миллии фаъолгардонии занон дар сиёсат то соли 2020, ҷудо намудани квотаҳо барои духтарони ноҳияҳои дурдаст аз ҷумлаи санадҳои меъёрию ҳуқуқи ва тадбирҳое мебошанд, ки баҳри иштироки фаъолонаи занон дар хаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми майи соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» тасдиқ гардид ва даҳҳо санадҳои дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст, замина гузоштанд.

Тибқи нишондод соли 1995 дар мақомотҳои марказӣ 123 нафар занон дар вазифаи роҳбарӣ фаъолият дошта бошанд, соли 1998 213 нафар занон, соли 2000 танҳо дар ҳайати роҳбарикунандаи мақомотҳои марказӣ, ки аз ҷониби Президент ва Ҳукумат таъин мешаванд, 30 нафар занон фаъолият намуданд. Шумораи умумии занон дар хизмати давлатӣ 3 612 нафарро (23,4 %) ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ 1 975, дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 1 637 нафар занон фаъолият доранд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2001 теъдоди занон дар мақомоти марказии идоракунии давлатӣ ва сохторҳои он 2800 нафар (24,2%), аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда-515 нафар (16,8%); дар мақомоти маҳаллӣ идоракунии давлатӣ 993 нафар (26,7%), аз ҷумла дар вазифаи роҳбарӣ — 310 нафар (21,3%); дар мақомоти худидоракунии маҳаллӣ – 562 нафар (17,0%), аз ҷумла дар вазифаи роҳбарӣ – 241 нафар (20,5%)-ро ташкил медоданд.

Ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бонувону занон низ дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ махсус зикр мегардад. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони  тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Пешвои миллат қайд карданд, ки “занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Ҳоло қариб 71 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм, фарҳанг 47 фоиз, бонкдорӣ 39 фоиз, алоқа 25 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд”.

Ин нишондиҳандаҳо гувоҳанд, ки роҳбарияти кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани мавқеи занону духтарон фармон, қонун ва дастурҳои махсус ба тавсиб расондаанд.

Таҳлили сифру рақамҳои боло далели возеҳи онанд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, фазои сулҳу субот ва оромии кишвар ва аз ҳама муҳим дар заминаи амали сохтани сиёсати ҳадафмандонаву бобарор, ташаббусҳои созандаву башардӯстонаи Пешвои миллат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои муносиб ва имкониятҳои арзанда барои боло бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа фароҳам оварда шудаанд, ки онҳо назир надоранд.

Бону САФАРОВА,

устоди ДМТ

 

Previous Post

ХАЙР ВА ШАР-АЗ ГУЗАШТАИ ТАЪРИХӢ ТО ЗАМОНИ МУОСИР

Next Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

07.11.2025
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

07.11.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

06.11.2025
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

06.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook