Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

МАЪРИФАТИ АДАБӢ-БАДЕӢ ДАР НИЗОМИ ЗИНДАГӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
08.11.2024
in Мақола
0
МАЪРИФАТИ АДАБӢ-БАДЕӢ ДАР НИЗОМИ ЗИНДАГӢ
0
SHARES
57
VIEWS
Share on Facebook

Адабиёт ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ва як навъ ҳунар аз замони зуҳур дар қолиби осори манзуму мансур сарнавишти башарро рақам зада, вазъу ҳолоти рӯҳию равонии мардумро инъикос намуда, барои бароварда сохтани ниёзҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, эстетикӣ ва мадании инсон дар ҳар давру замоне саъю талош варзидааст. Ҳадаф аз адабиёт адабиёти бадеӣ аст, ки тавассути ду унсури маънавӣ-назму наср, маърифати адабӣ-бадеиро дар низоми зиндагӣ мушаххас карда, сатҳи завқи бадеӣ-эстетикии мардумро боло мебарад. Донишмандони олами адабиёт шоирону нависандагонанд, ки дар маҷмӯъ, дар мафҳуми адиб шинохта шуда, барои ҷомеа фазо, муҳит ва масири адабӣ-бадеӣ сохта, ба василаи осори бадеӣ бурду бохтҳои зиндагии инсониро ба риштаи тасвири бадеӣ мекашанд ва саранҷом завқи бадеӣ-эстетикии хонандаро бедор, тақвият, таҳким ва таҳрик медиҳанд. Инсоният бошад, аз рӯйи тавонмандии эҷодии худ аз осори адабӣ-бадеӣ истифода мекунад ва камбуду навоқис, дарду ранҷ, яъсу ноумедӣ, шӯру шавқ, ҷуръату ҷасорат, фақру бенавоӣ, меҳру хушнудӣ, некию накукорӣ, ҷабру зулм, ормону умед, ростию садоқат, дурӯғу адоват, самимияту  отифат ва амсоли инҳо барин категорияҳои ахлоқию равониашро дар ойинаи худнамои адабиёт мебинад ва дар ин масир давра ба давра, марҳила ба марҳила, ба таври тадриҷӣ ташаккулу инкишоф ёфта, симои инсонӣ касб мекунад ва билохира аз сатҳи шахс ба дараҷаи шахсият мерасад. Аз ин ҷост, ки адабиёт ва мероси бадеӣ дар ташаккули шахсият, тақвияти ҳайсият, болоравии ҳамият, таҳкими ҳувият ва тараққии ҷамъият нақши калидӣ дорад. Аз ҷониби дигар, шоирон дар баробари тасвирсозию тасвиркорӣ ва бурун рехтани эҳсосу авотиф, ба баёни воқеиёти зиндагӣ мекпардозанд ва аз ин тариқ сатҳи огоҳиҳои иҷтимоиро боло бурда, ҷомеаро ба сӯйи бедории фикрию маданӣ савқ медиҳанд.

Дар имтидоди садаи бист, ки ба унвони давраи таҳаввулоти ҷиддии сиёсӣ, мафкуравӣ, илмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ шинохта шудааст, дар маҳдудаи таърихи ватанӣ мо бо чеҳраҳои таъсиргузору мондагори миллие назири устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафур ва Мирзо Турсунзода дучор меоем, ки бо ҷаҳду талошҳои фаровон на танҳо дар рушду нумуви адабу фарҳангу сиёсати тоҷик саҳми асосӣ гузоштаанд, балки дар радифи шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.

Мақом, ҷойгоҳ ва таъсири устод Мирзо Турсунзода дар муҳитҳои сиёсию идеологӣ ва ҳавзаҳои иҷтимоию мадании қаламрави шӯравӣ ба ҳадде будааст, ки ҳолу ҳавои садаи бист, махсусан, фазои Тоҷикистонро бидуни ӯ ва корномаи сиёсию эҷодии ӯ наметавон тасаввур кард. Мутмаинан, ибтикоротеро, ки устодон Айнию Лоҳутӣ дар давраи нави таърихӣ рӯйи даст гирифта буданд, устод Мирзо Турсунзода ҳадафмандона ва муваффақона идома дода, тоҷик ва миллияти тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ муаррифӣ кардааст. Гузашта аз ин, устод Турсунзода шеър ва дар маҷмӯъ, адабиётро дар хидмати мардум қарор дода, бар мабнои назми классикӣ ва суннатҳои деринаи адабӣ асарҳо офаридааст. Адиби машҳури доғистонӣ Расул Ғамзатов дар ин замина дуруст таъкид кардааст: “Мирзо идомадеҳи назми бисёрасраи халқи худ дар замону шароити дигар аст. Ӯ ин корро бо шоистагии шоиронаву ватандорона ба ҷо овард”. Ба сухани дигар, устод рисолати шоирӣ, адибӣ, сиёсатмадорӣ ва рӯшангарии хешро дар тавъамӣ бо манофеи миллию мардумӣ анҷом дод. Ба ин тартиб, устод Турсунзода бо такя ба нерӯйи фикрӣ, тавони сиёсӣ ва ҳунари адабӣ дар замон ва макони мушаххас тавонист, ки адабиёт ва фарҳанги тоҷикро дар миқёси шуравӣ ва байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ созад. Дар ин амр ба устод Турсунзода донишу маърифат, таҷриботу андӯхтаҳо, сайру сафардидаҳо, диду боздидҳо, мулоқоту вохӯриҳояш бо намояндагони милалу халқиятҳои гуногуни ҷаҳонӣ мусоидат намуда, ӯро то ба дараҷаи як шахсияти миллӣ ва фаромиллӣ расониданд.

Афзун бар ин, устод Турсунзода дар даврони Шӯравӣ аз ангуштшумор арбобони сиёсию давлатие буд, ки дар миқёси ИҶШС ва берун аз он нуфуз ва эътибори баланди сиёсию иҷтимоӣ ва адабию фарҳангӣ дошт. Агар ошноӣ ва дидору суҳбат бо симоҳои бузурги сиёсӣ, адабӣ, илмӣ, эҷодӣ ва мадании минтақавию ҷаҳонӣ, аз як тараф, таҷрибаи сулҳпароканӣ ва ватанпарастии ин арбоби бузурги давлатиро ғанӣ сохта бошад, аз тарафи дигар, ӯро минҳайси шахсияти фаромиллӣ ва фароминтақавӣ муаррифӣ кард. Устод ба сифати сафири сулҳи Шӯравӣ на танҳо сиёсат ва мафкураи шӯравиро таблиғ кард, балки фарҳанги миллиро ба дуриҳои дур интиқол дода, ҳувияту ҳайсияти тоҷику тоҷикистониро ба намояндагони миллатҳои гуногуни сайёра ошно намуд. Ба ин маъно ҳангоми сафар ва диду боздидҳо ин шахсияти бузурги миллӣ ҳувияти тоҷикиро бо худ ба ҷуғрофиёи дуру наздик бурд ва миёни мардуми ҷаҳон тухми сулҳу дӯстӣ ва ҳамдилию ҳамбастагиро паҳн кард. Аз ин ҷост, ки тоҷику тоҷикистонӣ бо исми Турсунзода ҳамеша ифтихор мекард ва ҳар мулоқоту вохӯриҳои устод бо намояндагони қишрҳои гуногуни иҷтимоии ҷумҳурӣ бо шӯру ҳаяҷони мардумӣ ҳамоҳанг буд. Зимнан, ҳар маъракаю чорабиние, ки бо ҳузури устодон Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода баргузор мешуд, яқин бо меҳру отифат, шеъру балоғат, назокату нафосат, шӯхию латофат, ҳазлу зарофат ва ҷуръату ҷасорат тавъам буд. Илтифоту самимияти устод Турсунзода ҳар дидору мулоқотро рангину хотирмон месохт. Адабиётшиноси фақиди тоҷик Камол Айнӣ навиштааст: “Касе ба мисли Турсунзода ба шуҳрати миллаташ шуҳрат зам накардааст. Аввалан, ӯ чун рамзи миллат, ҳамчун мунодии сулҳ ба тамоми қитъаҳои олам сафарҳо анҷом додааст, баъдан дар ҳар куҷое, ки будааст, чун гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будааст”. Ин буд, ки устод дар ҳама сафарҳояш бо Ватан ҳамнафас буд ва ёди Ватан ӯро пайваста ҳамсафарӣ мекард. Бо он ки устод дар замони салтанати мафкураи коммунистӣ, ки интернатсионализм ба сифати меъёру марҷаи сиёсию идеологӣ матраҳ гардида буд, вазифа ва симатҳои баланди сиёсию давлатӣ доштааст, дар садри ситоишоти миллию меҳанӣ қарор гирифтааст. Ин буд, ки дар назари устод Турсунзода, ватан бо тоҷик ва тоҷик бо Ватан пайванд аст.

Бояд тазаккур дод, ки устод Турсунзода ҳамвора дар садри маҳофили адабӣ, сиёсӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва маданӣ қарор гирифта, аз ҷониби шахсиятҳои овозадор тавсифу тамҷид мешуд. Рози тамҷиду тавсифи устод, қабл аз ҳама, дар самимият ва инсонияти ӯ нуҳуфта буд. Дӯст ва ҳамсафи Турсунзода, шоири шаҳири Покистон Файз Аҳмади Файз, ки дар роҳи сулҳу дӯстӣ солҳо бо шоир ҳамқадам ва ҳамнафас буд, дар мавриди устод фармудааст: “Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро дӯст медошт…”(устод Турсунзода ҳам, дар навбати худ ба дӯст ва ҳамразмаш Файз Аҳмади Файз иродат дошта, сатҳи баланди ватанпарастӣ ва меҳандӯстии дӯсташро хеле зебо тавсиф кардааст: Аз Ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт, Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт). Тамҷиди инсони заминӣ, таъйини ҷойгоҳи инсонӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ, сарсупурдагӣ ба халқу ватану миллат устод Турсунзодаро байни хосу ом маҳбуб гардонида буд.

Устод Турсунзода, бо он ки гирифториҳо ва масруфиятҳои зиёди расмию идорӣ, сиёсию давлатӣ ва иҷтимоию маданӣ дошт, ҳеҷ гоҳ аз шеъру сухан дурӣ наҷуст. Баръакс, шеърро бо шиор даромехт ва барои раҳоии башар аз истибдоду истисмор корбаст кард. Ӯ таҷрибаи сӯхтан ва сохтанро дар шеър омӯхта буд ва аз ин зовия ба зиндагии иҷтимоӣ наздик мешуд. Ин аст, ки хешро ба сифати шоир мухотаб қарор дода, гуфтааст:

Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар?

Пас, макун аз оташи сӯзон ҳазар…

Шоиро, аз сӯхтан ҳаргиз манол,

Сӯхтанро дӯст медорад висол –

Сӯхтану сохтанҳо дар фарҳангу нуктапардозӣ ҷараёни омӯзиш, биниш, дониш ва таҷрибаю мушоҳидаҳои устодро таҳкиму тақвият ва ҷуръату ҷасорати сиёсию иҷтимоиашро тавсеа бахшидааст. Устод тавассути офаридани шеъри баланди иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба зиндагии мардумӣ қарин шуд ва розу овози дили инсон ва дар маҷмӯъ, халқро бо тарзу сабки нав манзур намуд. Масъалаи инсон, ки дар меҳвари кори эҷодии устод Турсунзода қарор доштааст, дар ҳамаи давру замонҳо вобаста ба имконоти фикрию ҳунарии адибон ҷилваю тобише тоза ба бар кардааст. Ба ин манзур, устод Турсунзода таваҷҷуҳи асосиро ба инсони заминӣ ва вораста аз бандуборҳои хурофотӣ ҷалб намуда, шеърро бо эҳсос ва дарду мушкилоти рӯзафзуни ҷомеа пайванд дод. Озодии инсон, пирӯзии ӯ бар ҷаҳлу нодонӣ ва заволи истисмору истибдоди дохилию хориҷӣ ҳадафи фаъолиятҳои фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, адабӣ, маданӣ ва иҷтимоии устод Турсунзода буда, дар ин масир то вопасин нафасҳо гом бардоштааст.

Мирзо Турсунзода таҷрибаи устодон Айнӣ ва Лоҳутиро дар маъниофаринӣ, мардумсолорӣ ва меҳанпарастӣ на танҳо идома дод, балки таҳкиму тавсеа бахшид. Шеъри инқилобии устод Лоҳутӣ дар марҳилаи аввали таърихӣ ва назми шӯрангези иҷтимоии устод Турсунзода дар марҳилаи баъдӣ раванди бедории иҷтимоиро на танҳо дар маҳдудаи қаламрави давлати Шӯравӣ, балки фаротар аз он тақвият дод. Аз ин ҷост, ки шеър дар қаламрави адабиёту фарҳанги тоҷикӣ ба ҳунари вижа ва муҳаррики зиндагии инсонӣ табдил ёфт. Гузашта аз ин, Турсунзода бо тасмимот, ибтикороту ташаббусоти мунҳасир ба фард насли нави шоирону адибони миллиро дар симои устодон Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор Сафӣ рӯйи кор овард, ки шеъру адабиёти тоҷикро дар марҳилаҳои баъдӣ рушду такомул дода, то замони имрӯз сиҳату солим расонидаанд. Дигар ин ки устод Турсунзода тавассути тарбияи насли ҷавони шоирону нависандагон на танҳо аз аҳли адабу ҳунар ва фарҳангу маънавиёт пуштибонӣ кард, балки дар мақоми пуштувонаи  сиёсию мадании эҷодкорони миллӣ ҷасорати эҷодӣ ва рӯҳияи миллиро, ки бар асари мафкурасозиҳои сунъӣ ва миллиситезиҳои идеологӣ сусту заиф шуда буданд, қувват бахшид. Ба ин маъно, устод таҷассуми ҷасорати замонӣ ва рӯҳи миллӣ дар замон ва макони мушаххас мебошад. Бовар дорем, ки насли имрӯзи шоирону нависандагон ва адибони миллӣ суннату анъанаҳои неки насли устод Айнию Турсунзодаро идома медиҳанд ва назму насри миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ ҳифз менамоянд.

Устод Турсунзода бо истифода аз қудрати фикрӣ, тавонмандии сиёсӣ  ва нерӯйи маданӣ то охири умр алайҳи ҷангҷӯёну ҷангандешон, мустамликадорону мустамликахоҳон ва золимону мустабидони хориҷӣ мубориза ва муқовимати сиёсӣ-мафкуравӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ карда, аз тариқи минбари сухан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор дода буд, ки аз ҷангу даргирӣ дурӣ ҷӯянд ва сулҳу дӯстиро аслу меъёри зиндагонӣ қарор бидиҳанд. Андар масири сулҳу ваҳдат умрфарсоӣ кардан ва “гум накардани ваҳдати халқи ҷаҳон” (ишора ба байти машҳури устод: Халқи олам дӯст бо мо гаштааст, Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун) шиор ва ормони устод Турсунзода будааст ва татбиқи амалии ин шиору ормон, ки реша дар ормонгаройии бостонии миллӣ доштааст, мақом ва ҷойгоҳи устод Турсунзодаро миёни мутақаддимин ва муосирин барҷаста ҷилва медиҳад. Илова бар ин, дар дараҷабандӣ ва иерархияи сиёсию мадании замони шӯравӣ устод Турсунзода ба унвони ченаку меъёри шахсиятӣ ва мақоммадорӣ эътироф ва шинохта шуда буд.  Ҳангоми даргириҳои бемаънӣ ва миллатсӯзи ибтидои солҳои навадуми асри бист, ки мунҷар ба ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд, борҳо аз забони баъзе нухбагони илмию мадании вақт ин нукта садо дода буд, ки агар устод Турсунзода мебуданд, бо нуфуз ва эътиборе, ки миёни элитаҳои сиёсӣ, ақаллиятҳои миллӣ-этникӣ ва институт-ниҳодҳои маданию маърифатии дохилию хориҷӣ доштанд, бешубҳа, садду монеи кашмакаш, нофаҳмӣ ва низоъҳои хашин мегардиданд ва дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ ҳифз мешуд. Албатта, ин як фарзия аст, аммо фарзияе, ки эҳтимолияти амалишавиаш зиёдтар буд.

Устод Турсунзода ҳанӯз замони зиндагӣ шароити глобалӣ ва геополитикии минтақа ва ҷаҳонро хуб дарк карда, ба ин натиҷаи мантиқӣ расида буд, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои сиёсию иқтисодӣ кишварҳои ҳассосро дар ҳоли даргирӣ қарор медиҳанд ва аз ин тариқ бар дороиҳои миллию мардумии минтақаҳо мусаллат мегарданд. Ташвишу изтироби мардумӣ аз ҷангу даргириҳо, ки, мутаассифона, имрӯз ҳам ҷомеаи ҷаҳониро дунболагирӣ мекунад, устод Турсунзодаро ҳам сахт нигарон сохта буд. Дар ин замина устод рисолати аслии инсониро дар раҳоии мардум аз балоҳои азим, ки муҳимтаринаш ҷангу қудратталабӣ буда, ҷаҳону заминро ба коми нестию нобудӣ мекашад,  дониста, гуфтааст:

Ҷуз заминро ҳифз кардан аз балоҳои азим,

  Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар чора нест.

Устод Турсунзода дар байти болоӣ дар мақоми як оянданигар ва футуролог раванди ҳаводиси сиёсию мафкуравиро, ки бар асоси бархӯрдҳои тамаддунӣ ва манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ тағйиру таҳаввул меёбанд, як навъ ояндабинӣ кардааст. Ояндабинии устод дар заминаи ҳифзи Замин аз кулли хатару таҳдидҳои минтақавию глобалӣ дар шароити феълӣ ҳам аҳаммияти худро гум накардааст ва дар раъси омӯзишҳо, назарсанҷиҳо, барномарезиҳо ва мавқеъгириҳои ихтисосию илмӣ қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, ҳифзи замин аз балоҳои азим имрӯз ҳам аз авлавиятҳои калидии ҳаётӣ маҳсуб меёбад ва давлатҳои мутамаддини ҷаҳонӣ, ҷомеаи илмию маданӣ ва фаъолони иҷтимоӣ  дар шакли эътилофу иттиҳодҳо ба ҳам омада, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти сайёраи Замин аз таҳдиду хатарҳо иқдомот рӯйи даст мегиранд.

 

Нозим НУРЗОДА,

   пажӯҳишгар

Previous Post

САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН ДАР БРИГАДАИ ҲАМЛАОВАРИ ДЕСАНТӢ-ЗАРБАВӢ

Next Post

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОМИЛҲОИ АСОСӢ БАРОИ БАРПО НАМУДАНИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОМИЛҲОИ АСОСӢ БАРОИ БАРПО НАМУДАНИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОМИЛҲОИ АСОСӢ БАРОИ БАРПО НАМУДАНИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook