Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ–СТРАТЕГИИ «ҲАМКОРӢ–2026» БО ҚӮШУНҲОИ ГАРНИЗОНИ ХАТЛОН ВА МИНТАҚАИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР МАШҚГОҲИ “ҲАРБМАЙДОН”

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.04.2026
in Хабар
0
МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ–СТРАТЕГИИ «ҲАМКОРӢ–2026» БО ҚӮШУНҲОИ ГАРНИЗОНИ ХАТЛОН ВА МИНТАҚАИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР МАШҚГОҲИ “ҲАРБМАЙДОН”
0
SHARES
64
VIEWS
Share on Facebook
Баҳри омодагӣ ва дар сатҳи баланд ташкилу гузаронидани машқҳои муштараки амалиётӣ — стратегии «Ҳамкорӣ — 2026» бо Қӯшунҳои гарнизони Хатлон ва минтақаи мудофиаи ҳудудӣ дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар марҳилаи якуми машқҳо ҷузъу томи моддӣ — техникӣ, ҳайати шахсии иштирокчии машқҳо ва ҳамзамон гурӯҳҳои асосӣ — амалиётии Вазорати мудофиа ба мавзеи муайяншуда сафарбар карда гардида, санаи 6-уми апрели соли ҷорӣ Қӯшунҳои гарнизони Хатлон ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ бо ишораи бонги хатари таълимӣ ба дараҷаи омодабошии ҷангӣ гузаронида шуданд.
Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи сиёсати мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томи Артиши миллӣ, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудӣ баромад намуд.
Таъкид шуд, ки ҳамаи марҳилаҳои машқҳо ва чорабиниҳои ба нақша гирифташуда бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, дар сатҳи баланд ташкилу гузаронида шавад, то ки вазифаҳои дар машқҳои муштараки низомӣ пешбинигардида бо муваффақият иҷро гарданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар Ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудӣ аъзои ситод, масъулини сохторҳои қудратӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок намуда, зимни он масъалаҳои муҳим ва марбут ба машқҳои муштарак мавриди муҳокима қарор гирифт.
Он рӯз роҳбарияти Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи мамлакат воқеъ дар гарнизони Хатлон аз фаъолияти нуқтаи идоракунии Гурӯҳи қӯшунҳои муттаҳида дидан намуда, рафти машқҳои фармондеҳӣ — ситодиро дар ин пойгоҳ назорат карданд.
Пас аз гузориши роҳбари машқҳо, баҷо овардани саломи ҳарбӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ ва садо додани Суруди миллӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба марҳилаҳои фаъоли машқҳои муштараки сохторҳои қудратӣ дар ин гарнизон оғози расмӣ бахшида шуд.
Дар заминаи дастгириҳои доимӣ ва таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон зимни баромади худ дар назди иштирокчиёни машқҳои мазкур таъкид кард, ки ҳайати шахсии афсарону сарбозони Артиши миллиро зарур аст чун ҳарвақта ҳушёру зирак бошанд, бо садоқат ба халқу Ватан ва Президент вазифаҳои хизматии хешро бо нерӯйи тоза ва иродаи матину устувор иҷро намоянд.
Авҷ гирифтан ва доман густурдани террорризму экстремизм дар минтақа ва ҷаҳон, ки зуҳуроти хатарноки замони имрӯза маҳсуб мешавад, ҳар як хизматчии низомиро водор менамояд, ки малакаи касбии хешро боз ҳам баланд бардошта, дар дифои Ватан ҳамеша омода бошад, иброз гардид зимни баромад.
Дар идома афсарону сарбозони иштирочии машқҳо бо ифтихор ва рӯҳияи ватандӯстона дар назди минбар гузашти низомӣ доир намуданд.
Дар як вақт бо ташкилу баргузории тамринҳои баталионӣ — тактикӣ ва омодагӣ ба даври ниҳоии машқҳои муштараки амалиётӣ – стратегии “Ҳамкорӣ-2026” дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”, ҳамчунин дар тамрингоҳи “Сумбула” — и гарнизони Хатлон ҷамъомади амалиётӣ — сафарбарӣ бо ҳайати ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои қудратӣ роҳандозӣ карда шуда, дар пойгоҳи Маркази таълимии “Ҳалқаёр”-и Қӯшунҳои сарҳадӣ бошад, машқҳои муштараки махсус бо дастгоҳҳои парвозкунанди бесарнишин, муҳорибаи радиоэлектронӣ, разведка, маҳалнигорӣ, артиллерия ва алоқа бо тирпарронии ҷангӣ доир гардид.
Ҷамъомади амалиётӣ — сафарбарӣ, ки дар доираи машқҳои муштараки “Ҳамкорӣ-2026” ва силсилачорабиниҳо вобаста ба омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ, ташкили мудофиаи ҳудудӣ ва роҳандозӣ намудани ҳамкориву ҳамоҳангии ҳамаи сохторҳои идоракунии маҳаллӣ доир гардид, дар он раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссариони ҳарбӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ, мақомоти амнияти миллӣ, сардорони ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Пойгоҳи баргузории ҷамъомади мазкур, яъне тамрингоҳи Сумбулаи гарнизони Хатлон барои ташкили ҳама гуна машғулиятҳои амалии таълимӣ мусоид буд. Аз ин рӯ, бо истифода аз шароити мусоиди фароҳам овардашуда дар ин машқгоҳ ҳайати иштирокчиёни он дар назди афсарони бомаҳорату соҳибтаҷрибаи Раёсатии тайёрии ҷангии Вазорати мудофиаи аз навъҳои мухталифи аслиҳаҳои ҷангӣ тирпарронӣ намуданд.
Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодабошии сафарбарии мақомоти маҳалли идоракунии ҳарбӣ ва санҷиши сатҳи тайёрии ҳарбии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, бо ташкили шароити мусоид дар пойгоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар гарнизони Хатлон, чорабиниҳо доир ба омӯзиши захрираҳои сафарбарӣ низ ташкилу ба роҳ монда шуд.
Дар робита ба ин бояд таъкид кард, ки қувваю воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ дар баробари қисму воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар таъмини амнияти кишвар нақши муҳим дошта, омодагии сохторҳои мудофиаи ҳудудӣ ва ташкили босифати чорабиниҳои сафарбарӣ дар партави таваҷҷӯҳи доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Previous Post

ПОЙГАИ МОТОСИКЛРОНӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Next Post

АНҶОМИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ–СТРАТЕГИИ “ҲАМКОРӢ–2026”

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
АНҶОМИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ–СТРАТЕГИИ “ҲАМКОРӢ–2026”

АНҶОМИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ–СТРАТЕГИИ “ҲАМКОРӢ–2026”

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҚУВВА ВА ВОСИТАҲОИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҚУВВА ВА ВОСИТАҲОИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

16.05.2026
ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

15.05.2026
САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

14.05.2026
ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

14.05.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook