16 уми октябр дар машқгоҳи ҳарбии «Лосвидо» ва «Стародорожский» — и Ҷумҳурии Белорус марҳилаҳои ниҳоии машқҳои фармондеҳӣ – ситодии «Бародарии шикастнопазир — 2026» бо иштироки неруҳои посдорони сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), инчунин машқҳои махсуси «Монеа — 2026» бо иштироки воҳидҳои муштараки СААД оид ба муҳофизати кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва таъминоти тиббӣ баргузор гардид.
Маросими ҷамъбастии машқҳои мазкур бо иштироки сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини аввали вазири мудофиаи Ҷумҳурии Белорус, муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия, сардори Ситоди муттаҳидаи СААД, раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, ва намояндагони дигар кишварҳо баргузор шуд.
Дар ин машқҳо хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муайян иштирок намуда, вазифаҳои барояшон вогузор бударо бо сарбаландӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намуданд.
Дар ҷараёни машқҳои амалӣ, воҳидҳо дар қаламрави як давлати шартии узви СААД амалиёти сулҳҷӯёна анҷом дода, вазифаҳои нигоҳ доштани оташбас байни ҷонибҳои низоъ ва таъмини риояи шартҳои сулҳро иҷро карданд.
Иҷрои ҳадафҳои сулҳофарӣ дар се марҳила ба нақша гирифта шуда буд.
Дар марҳилаи аввали амалиёти сулҳофарӣ, неруҳои дастҷамъии сулҳофарӣ минтақаи масъулияти ба онҳо таъингардидаро ишғол намуда, ҷонибҳои муқобилро аз ҳам ҷудо карданд ва дар минтақаи бӯҳронӣ шароити амнро таъмин намуданд.
Дар машқҳо ҳайати хизматчиёни ҳарбии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти давтҷамъӣ (СААД), аз ҷумла Ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия иштирок доштанд.
Воҳидҳои сулҳҷӯёнаи мо ҳамроҳи хизмачиёни ҳарбии дигар кишварҳои иштирокчӣ, амалҳои муҳимро иҷро намуда, ҳифзи атрофи маҳалли аҳолинишин, назорати воситаҳои парвозии бесарнишин, идомаи иктишофи минтақа ва қисматҳои гуногуни онро анҷом доданд.
Дар марҳилаи дигар бошад, назорати постгоҳҳо, пешгирии убури ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқу аслиҳаро таъмин намуда, барои вориди корвони кумаки башардустона, мусоидат намуданд.
Бо роҳбарии афсари мо неруҳои сулҳофар аз як гузаргоҳи сайёр, ки дар гурӯҳҳои ду ё сенафарӣ амал мекунанд, аз паноҳгоҳҳои табиӣ истифода бурда, машқҳои тактикӣ гузарониданд.
Онҳо бо истифода аз оташи дақиқи силоҳҳои сабук ва силоҳҳои насбшуда дар мошинҳои зиреҳпӯш, ба душмани шартӣ дар маҳалли камин ҳамла карда, уро безарар гардониданд.
Ба онҳо ҳайатҳои низомӣ, воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ, гвардияҳои миллӣ, инчунин гурӯҳҳои амалиётии Ситоди муттаҳида ва Котиботи СААД шомил буданд.
Маҷмуан дар ин машқҳо беш аз 1500 нафар ҳайати шахсӣ ва зиёда аз 300 воҳиди силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва таҷҳизоти махсус, аз ҷумла тақрибан 80 ҳавопаймои бесарнишини навъҳои гуногун истифода шуданд.
Машқҳои низомӣ дар машқгоҳи «Лосвидо» — и Ҷумҳурии Белорус бо суханронии роҳбарияти машқҳо, иштироки намояндагони сохторҳои қудратии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва гузашти низомии ҳайати шахсӣ ба анҷом расид.








