Дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, аз 18 то 23-юми октябри соли 2021 дар машқгоҳҳои низомии “Ҳарбмайдон”-и ҳудуди гарнизони Хатлон машқҳои муштараки махсуси васеи ҳарбӣ, таҳти унвони “Эшалон”, “Ҷустуҷӯ” ва “Ҳамоҳангӣ-2021” баргузор гардида, ҳамзамон аз 12 то 22-юми октябри соли равон бошад, дар машқгоҳи ҳарбии “Ҳомиён”-и минтақаи Кӯлоб низ дар як вақт бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия маҷмӯи машқҳои муштараки баталионӣ-тактикӣ ташкилу ба роҳ монда шуд.
Хотиррасон мекунем, ки баҳри иштирок дар размоиши муштараки васеи ҳарбӣ, теъдоди муайяни ҳайати низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорусия, Қазокистону Қирғизистон ва Федератсияи Россия тавассути марзҳои заминиву фазоии кишвар ва мусаллаҳу муҷаҳҳаз бо техникаву лавозимоти ҷангии ба машқҳо пешбинигардида, дар муддати 48 соат вориди Тоҷикистон шуданд.
Дар ин радиф, ҳайати низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СААД баъди вориди Тоҷикистон шудан, аллакай бо густурдани хаймаҳои зист ва ташкили дигар шароити зарурии хизмативу майишӣ дар машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон” қароргоҳи муваққатӣ бунёд намуда, онро ба майдони шартии ҷанг табдил додаанд.
Баъд аз буду бош, ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи таъйиншуда, қабл аз шурӯъ намудан ба коркарди марҳилаҳои машқҳо ва амалан татбиқ намудани матлаби ба унсурҳои зиддитеррористӣ пешбинигардида дар майдони ҳудуди машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон” саф оростанд ва чун анъана бо садои сурудҳои миллӣ ва дар як вақт бо бардоштани парчамҳои давлатӣ ба размоиши муштараки васеи низомӣ, оғози расмӣ бахшиданд.
Дар маросими ифтитоҳи машқҳои муштараки низомӣ намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СААД дар назди иштироккунадагони ин размоиши васеи ҳарбӣ баромад намуда, доир ба ҳадафу моҳияти баргузор намудани унсурҳои зиддитеррористӣ, матлабу марҳилаҳои ба он пешбинигардида, изҳори андеша карданд. Баҳри бомуваффақона ва дар ҳамоҳангии коркарду тарҳрезӣ намудани тамринҳои муштараки низомӣ, ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи дар машқҳо ширкаткунандаи кишварҳои узви Созмони зикргардида барору комёбиҳоро таманно карданд.
Баъд аз анҷоми бахши расмӣ, оғоз бахшидани машқҳои муштараки васеи махсуси ҳарбӣ, дар майдони сафороии машқгоҳи “Ҳарбмайдон” гузашти низомии ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СААД доир гардид.
Ҳамин тариқ, зимни доир намудани машқҳои низомии «Эшалон-2021», аз ҷониби қӯшунҳои ба он ҷалбгардида, ташкил ва таъмин кардани қувваву воситаҳои моддӣ-техникӣ ҳангоми коркарду дар амал татбиқ намудани амалиёти муштараки махсус тарҳрезӣ карда шуд.
Масъалаҳои вобаста ба гузаронидани разведкаи ҳарбӣ барои ташкили амалиёти муштараки низомӣ бошад, дар доираи размоиши махсуси “Ҷустуҷӯ-2021”, аз ҷониби ҷузъу томи разведкавии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ин Созмон амалан роҳадозӣ гардид.
Бо ҳамин тартиб, баъди коркарду дар амал татбиқ намудани машқҳои махсуси низомии “Эшелон” ва “Ҷустуҷӯ”, ҷузъу томи қувваҳои муштараки вокуниши фаврии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СААД ба машқҳои муштараки “Ҳамоҳангӣ-2021” шурӯъ намуданд.
Машқҳои муштараки махсуси васеи низомӣ, дар чанд марҳила ташкилу ба роҳ монда шуда, иштирокчиёни нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои ин Созмон, то даври ниҳоии он як қатор унсурҳои зиддитеррористиро дар амал татбиқ намуданд.
Дар даври ниҳоӣ, зимни баргузории амалиёти муштараки ҳарбӣ, ҳайати нерӯҳои таъйиншудаи кишварҳои узви СААД, дар майдони шартии ҷанг, ё худ машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон”, ки паҳноии он беш аз 200 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, зиёда аз 500 адад нишонаро, ки таҷассумгари душманони шартӣ буда, аз нуқтаи асосии мудофиавӣ то фосилаи нобудсозии байни онҳо дар масофаи аз ҳазор то даҳ ҳазор метр гузошта шуда буданд, мавриди ҳадаф қарор доданд.
Баҳри назорат ва ҷамъбасту натиҷагирӣ намудани даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки махсуси васеи низомӣ, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби генералӣ ва сардори Ситоди муттаҳида СААД, фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия, намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои ин Созмон, ҳайати Ассамблеяи парлумонии СААД, хабарнигорони сершумори ВАО-и дохилу хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ба машқгоҳ омаданд.
Аз рӯйи мавзӯъ ва тибқи матлаби ба машқҳо пешбинишуда, гӯё як гурӯҳ афроди ғайриқонунии мусаллаҳ сарҳади давлатиро убур намуда, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ мехоҳанд, аз сӯйи марзи давлатӣ, вориди кишвари мо гарданд. Вобаста ба вазъияти ба амаломада ва бо мақсади дақиқ намудани маълумоти расида, қарор қабул карда мешавад, ки бо истифодаи ду адад ҳавопаймоҳои ҳарбӣ-таълимии Л-39 дар минтақаи убури ғайриқонунии марз разведкаи фазоӣ гузаронида шавад.
Баъди тасдиқи маълумот, оид ба убури гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ аз сӯйи марзи давлатӣ, фавран Ситоди муттаҳидаи идории қӯшунҳо ташкил гардида, ҳайати он ба амалиёти муштараки дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикан шурӯъ менамоянд.
Дар асоси қарори қабулнамудаи Ситоди муттаҳидаи идории қӯшунҳо, ҳайати қувваҳои муштараки вокуниши фаврии СААД, бо ҷалби ҷузъу томи ҳамлаовари десантӣ, пиёданизоми савора, гурӯҳҳои таъйиноти махсус, танкчиёну тӯпчиён ва ҳавонавардони ҳарбӣ, бо истифодаи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, воситаҳои гуногуни артиллерӣ, чархболу ҳавопаймоҳои низомӣ, силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ ба сӯйи душманони шартӣ, оташи шадид равона мекунанд.
Тибқи матлаби машқҳо, баъди зарбазанӣ аз танку тӯп ва гулулаи авиатсияи ҷангӣ, гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, гӯё шикаст хӯрда пароканда мешаванд ва барои ҳифзи ҷисму ҷони худ роҳи гурезро пеш мегиранд.
Вобаста ба ҳолати ба вуқӯъомада, ҳайати Ситоди муштараки муттаҳида қарор қабул менамояд, ки ҷузъу томи таъйиншудаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СААД ба ҳуҷуми даврадор гузаранд ва дар майдони шартии ҷанг, ё худ машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон”, афроди ғайриқонунии мусаллаҳро аз ҳар тараф муҳосира намуда, онҳоро дастгир ва торумор намоянд.
Дар рафти машқҳо, унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ, аз қабили, истифодаи роҳу воситаҳои дастрас намудани маълумоти саривақтӣ аз разведкаи фазоӣ ва заминӣ, ташкили ҷабҳаи мудофиавӣ, тасарруфи камини рақиб, бо усули ҳалқаи даврадор ба муҳосира гирифтани душманони шартӣ, гузаштан ба ҳуҷуми ҷабҳавӣ, аз фазо дар масофаҳои муайян, аз ақибгоҳи душман фуруд овардани десанти ҳамлаовари тактикӣ, ҳимоя намудани мардуми маҳаллӣ дар минтақаҳои аҳолинишини назди сарҳадӣ, аз маҳали даргирии амалиёт ба ҷойи бехавф кӯчонидани аҳолӣ, ҳифзи бинову иншооти муҳими давлатӣ ва дигар роҳу усулҳои мубориза бар зидди афроди ғайриқонунии мусаллаҳ дар ин размоиши васеи низомӣ амалан иҷро карда шуданд.
Умуман, дар баробари ҷалби 4 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ, инчунин дар ин размоиши махсуси васеи низомӣ, чархболҳои МИ-8, МИ-24, ҳавопаймоҳои ҳуҷумкунанда, муҳорибавию зарбазан, бомбаандозу қиркунанда, дастгоҳҳои махсуси парвозкунандаи бесарнишин, беш аз 500 адад техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, тӯп ё худ воситаҳои гуногуни артиллерӣ, силоҳу муҳиммоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ, миқдори зиёди техникаҳои автомобилӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ дар он истифода шуданд.
Зимни ҷамъбасту натиҷагирӣ намудани марҳилаҳои машқҳои муштараки махсуси низомии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СААД ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви он бо техникаву лавозимоти ҷангӣ дар майдони ҳудуди машқгоҳ саф оростанд.
Вазири мудофиаи мамлакат, генерал-полковник Шералӣ Мирзо, котиби генералии СААД Станислав Зась ва фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия, генерал-полковник Александр Лапин, нахуст доир ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД дар назди ҳайати шахсии иштирокчиёни машқҳои муштарак ибрози назар карда, оид ба таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти олии кишвар, баҳри таъмини амнияти давлату миллат, ҳадафу моҳияти баргузории машқҳо ва зуҳури хатарҳои ҷаҳони муосир изҳори андеша карданд. Иқдому ташаббусҳои сулхҳонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти таҳкими суботу оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон баланд арзёбӣ намуданд.
Зимни суханронӣ, инчунин, оид ба вазъияти бисёр ҳассоси баъзе аз кишварҳои олам, ба хусус, вазъи кунунии номуътадил ва ниҳоят мураккаб дар Афғонистон, ки эҳтимолияти афзоиш ёфтани терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва зуҳури дигар падидаҳои номатлубро метавонад вусъат бахшад, изҳори нигаронӣ карданд.
Дар ин замина, ҳамоҳангии доимӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии ҷузъу томро асоси омодагии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СААД дар таҳкими сулҳу амният дар минтақа ва мусоидати онро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Ҷиҳати қадрдонӣ ва баҳри ҳавасмандгардонии ҳайати шахсӣ, қабл аз маросими анҷом бахшидани машқҳо, як қатор иштирокчиёни фаъоли тамринҳои муштараки низомӣ, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби генералии СААД бо медалу ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои гуногуни хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир, гузашти низомии афсарону сарбозон ва умуман, ҳайати шахсии дар машқҳо ширкатнамуда, аз назди минбар ва ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ яке аз ороишҳои асосии ин чорабинии ҳарбӣ-сиёсӣ ва анҷомбахши марҳилаҳои машқҳои муштараки махсуси васеи низомии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СААД дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”-и гарнизони Хатлон гардид.
МАШҚҲОИ БАТАЛИОНӢ—ТАКТИКӢ ДАР КӮЛОБ
Маврид ба зикр аст, ки дар сурати таҳдиди хатар ба амнияти кишварҳои аъзои СААД, нерӯҳои мусаллаҳи давлатҳои узви ин Созмон вазифадоранд, ки дар вақту соати муқарраргардида, ба ҳудуди кишвари хатарзо фавран интиқол ёбанд ва бо омодагии баланди ҷангӣ бар зидди ҳар гуна хавфу хатари мусаллаҳона сари вақт вокуниш нишон диҳанд. Аз ин рӯ, ҳангоми коркарду тарҳрезӣ намудани машқҳои муштарак, иштирокчиёни он як қатор унсурҳои зиддитеррористиро аз рӯйи сафарбар намудану идора кардани қӯшунҳо ҳангоми ҳуҷуми ногаҳонӣ, тақвият бахшидани ҳамоҳангии нерӯҳо зимни убури ғайриқонунии марзҳои давлатӣ ва бо истифодаи тамоми роҳу усулҳо истодагарӣ намудану мубориза бурданро бар зидди терроризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб дар шароити ғайриодии дашту саҳро амалан роҳандозӣ намуданд.
Ҷараёни баргузории машқҳои муштараки ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Россия, дар машқгоҳи низомии “Ҳомиён”-и минтақаи Кӯлоб, аз ҷониби котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар, сардори Ситоди муттаҳидаи СААД, муовини фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия, намояндагони ВАО-и дохилу хориҷ ва дигар шахсони расмӣ назорат карда шуд.
Бо ҳамин тартиб, размоиши муштараки низомӣ дар машқгоҳи ҳарбии “Ҳомиён” аз рӯйи мавзӯйи пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марз, дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикан ва торумор намудани душманони шартӣ дар шароити дашту саҳро, мавзеъҳои стратегӣ ва роҳҳои душворгузари кӯҳистони ҷумҳурӣ сурат гирифта, ҳайати таъйиншудаи низомиёни ду кишвар дар ҳамоҳангӣ вазифаҳои ҷангиро дар сатҳи баланд иҷро намуданд.
Дар размоиши муштараки баталионӣ-тактикӣ, аз ҳарду ҷониб ҳазор нафар ҳайати шахси ҷузъу томи пиёданизоми мусаллаҳу муҷаҳҳаз, бо силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ ва дигар лавозимоти мухталифи ҷангӣ ширкати фаъолона намуда, дар он техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, чархболу ҳавопаймоҳои ҳарбиву нақлётӣ, воситаҳои гуногуни артиллерӣ ва дигар аслиҳаи оташфишони мусири низомии Тоҷикистону Россия истифода шуданд.
Машқҳои муштараки ҳарбӣ, ки ҳимояи марзҳои қисмати ҷанубу шарқии кишварро вобаста ба релефи ҷуғрофӣ бо ҳисоби хати марзҳои давлатии Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 200 километр дарозӣ ва 35 километр самти умқӣ, аз таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ дар бар мегирифт, низомиёни тоҷику рус, тибқи матлаби амалиёт амал карда, вазифаҳои ҷангии дар наздашон гузошташударо бо маҳорати баланди касбӣ иҷро намуданд ва ҳама ҳадафҳои ниҳоиро, ки таҷассумгари душманони шартӣ буданд, бе хато зада афтонданд.
Зимни натиҷагирӣ аз даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки Тоҷикистону Россия оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти сиёсати дифоии кишвар, омодагӣ баҳри пешгирӣ аз таҳдиди хатарҳо, вазъи зудтағйирёбанда ва бисёр ҳассосу пешгӯйинашавандаи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла, вазъияти ниҳоят мураккаби Афғонистон ва роҷеъ ба сатҳи боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат, вазири мудофиаи мамлакат дар назди иштирокчиёни ин чорабинии муҳими низомӣ ибрози андеша кард.
Инчунин, муовини фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия низ дар навбати худ моҳият ва ҳадафи баргузории чунин тамринҳои васеи низомиро барои таъмини амнияти давлату миллат муҳиму манфиатбахш арзёбӣ намуда, оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди низомии Тоҷикистону Россия, вобаста ба ташкилу пайваста ба роҳ мондани тамринҳои васеи низомӣ ва саҳмгузорӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар охир, фаъолони машқҳои муштараки низомӣ бо медалу ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Гузашти низомӣ бошад, анҷомбахши машқҳои васеи низомии Тоҷикистону Россия дар машқгоҳи низомии “Ҳомиён”-и минтақаи Кӯлоб гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи созандагиву бунёдкориҳо ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва барои дар сатҳи баланд ташкилу ба роҳ мондани размоиши муштараки ҳарбӣ дар машқгоҳи низомии “Ҳомиён”-и минтақаи Кӯлоб ду бино бо тарҳи наву замонавӣ сохта шуда, дохили бинои якум аз мавзеъҳои махсус баҳри назорати машқҳо, толори хурди алоҳида барои суҳбату машварат ва аз дигар утоқҳои кориву хизматӣ иборат мебошад. Дар бинои дуюм бошад, нуқтаи тиббӣ, ошхона, ҳамоммхона ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон муҳайё гардидааст. Илова бар ин, дар атрофи бинову иншооти мазкур, барои фаъолияти мунтазами гурӯҳҳои амалиётӣ, нуқтаи фармондеҳии саҳроӣ ва баҳри муайяну мушаххас намудани ҳама матлаби ба машқҳо пешбинигардида тамсила, ё худ макет низ бунёд карда шудааст.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуот,
полковник