Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ НИЗОМИИ “РУБЕЖ-2024” ДАР “ҲАРБМАЙДОН”-И ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.10.2024
in Хабар
0
МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ НИЗОМИИ “РУБЕЖ-2024” ДАР “ҲАРБМАЙДОН”-И ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
153
VIEWS
Share on Facebook

Дар доираи чорабиниҳои ҳарбӣ-сиёсии сатҳи байналмилалӣ, аз 11 то 21-уми октябри соли 2024 дар машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон”-и гарнизони Хатлон машқҳои муштараки Қувваҳои дастаҷамъии густариши зудамали Минтақаи Осиёи Марказии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти унвони “Рубеж-2024” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 1500 нафар нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои ин созмон ширкат намуданд.

Барои ташкили амалиёти зиддитеррористии “Рубеж-2024”, 11-уми октябри соли равон, ҳайати Қувваҳои дастаҷамъии густариши зудамали Минтақаи Осиёи Марказии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, тибқи ишораи ҷангӣ дар вақту соати муқарраргардида, тавассути марзҳои заминиву фазоии кишвар ва мусаллаҳу муҷаҳҳаз бо лавозимоти ҳарбӣ вориди Тоҷикистон шуданд ва дар муддати кӯтоҳ бо густурдани хаймаҳои зист ва ташкили дигар шароити зарурӣ, яке аз машқгоҳҳои азими ҳудуди гарнизони Хатлон-машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон”-ро ба майдони шартии ҷанг табдил доданд.

Бо ҳамин тартиб, рӯзи 17-уми октябр ҳайати таъйиншудаи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Россия, дар майдони сафороии машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон” саф кашиданд ва чун анъана бо садои сурудҳои миллӣ, бардоштани парчамҳои давлатӣ ва бо гузашти низомӣ ба размоиши муштараки васеи низомӣ оғози расмӣ бахшида, ба коркаду ташкили амалиёти муштарак шурӯъ намуданд.

Бо ҳамин тартиб, рӯзи 21-уми октябри соли 2024 баҳри назорат аз даври ниҳоии машқҳои васеи низомӣ, вазири мудофиаи мамлакат, сардори Ситоди муттаҳидаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, хабарнигорони ВАО ва дигар шахсони расмӣ ба машқгоҳ омаданд.

Аз рӯйи мавзӯъ ва тибқи матлаби ба машқҳо пешбинишуда гӯё аз дидбонгоҳи сарҳадӣ хабар мерасад, ки як гурӯҳ афроди ғайриқонунӣ мусаллаҳ марзи давлатии Тоҷикистонро убур намуда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ, қасди ворид шудан ба чанде аз деҳоту ноҳияҳои наздисарҳадиро доранд.

Барои пешгирӣ аз рахнаи душман ба бинову иншооти муҳими давлатӣ, маҳаллаҳои аҳолинишин ва баҳри дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикану ғайриқонунӣ мусаллаҳ, ҳайати Қувваҳои дастаҷамъии густариши зудамали Минтақаи Осиёи Марказӣ, бо ҷалби гурӯҳҳои таъйиноти махсус, ҷузъу томи ҳамлаовари десантӣ, пиёданиззому савораи тирандоз ва бо истифода аз техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, авиатсияи ҳарбӣ, воситаҳои гуногуни артиллерӣ, силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ ба сӯйи душманони шартӣ гулӯлаи авиатсия ва оташи шиддатноки тӯпхонаҳоро равона месозанд.

Мувофиқ ба матлаби машқҳо дар ин размоиши васеи низомӣ дар баробари ҷалби 1500 нафар ҳайати шахсӣ, инчунин чархболҳои МИ-8, МИ-24, ҳавопаймоҳои ҳуҷумкунанда, муҳорибавию зарбазан, воситаҳои мудофиаи зидиҳавоӣ ва муҳорибаи радиоэлектронӣ, дастгоҳҳои махсуси парвозкунандаи бесарнишин, беш аз 250 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, миқдори зиёди техникаҳои автомобилии зиреҳдору нақлиётӣ, воситаҳои гуногуни артиллерӣ, силоҳу муҳиммоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ дар он истифода шуданд.

Умуман, зимни баргузории машқҳои муштараки “Рубеж-2024” маҷмӯан як қатор унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ ва дигар роҳу усулҳои мубориза ба зидди гурӯҳҳои ғайриқонуни мусаллаҳ амалан ташкилу ба роҳ монда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар сурати таҳдиди хатар ба амнияти кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, нерӯҳои мусаллаҳи давлатҳои узви ин Созмон вазифадоранд, ки дар вақту соати муқараргардида, ба ҳудуди кишвари хатарзо фавран интиқол ёбанд ва бо омодагии баланди ҷангӣ бар зидди ҳар гуна хавфу хатари мусаллаҳона саривақт вокуниш нишон диҳанд.

Зимни ҷамъбасту натиҷагирӣ аз даври ниҳоии машқҳои васеи низомӣ вазири мудофиаи мамлакат, сардори Ситоди муттаҳидаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар шахсони расмӣ оид ба таваҷҷӯҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлатҳои узви созмон, таҳким бахшидани ҳамкориҳои муттақобилан судманд, ҳадафу моҳияти баргузории размоиши муштараки ҳарбӣ, омодаги баҳри пешгирӣ аз таҳдиди хатарҳои зудтағйирёбандаи ҷомеаи башарӣ, вазъи ниҳоят мураккабу номуътадил ва бисёр ҳассосу пешгӯйинашаванда дар баъзе аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳони муосир ибрози андеша намуда, ба сатҳи ҳамоҳангии ҷузъу том зимни баргузории амалиёти муштараки ҳарбӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи дастаҷамъонаи зиддитеррористӣ ва ба сайқали маҳорату малакаи касбии иштирокчиён баҳои баланд доданд.

Дар охир фаъолони размоиши васеи низомӣ бо медалу ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, гузашти низомии ҳайати шахсӣ бошад, анҷомбахши марҳилаҳои машқҳои муштараки Қувваҳои дастаҷамъии густариши зудамали Минтақаи Осиёи Марказии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ—“Рубеж-2024”-ум дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”-и гарнизони Хатлон гардид.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Next Post

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook