Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МАШҒУЛИЯТҲОИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМӢ-РОҲУ УСУЛҲОИ НАВИ КОРБАРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
14.07.2023
in Хабар
0
МАШҒУЛИЯТҲОИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМӢ-РОҲУ УСУЛҲОИ НАВИ КОРБАРӢ
0
SHARES
222
VIEWS
Share on Facebook

Ҳамасола бо мақсади дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани давраҳои омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, бо ҷалби муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони навъи қӯшунҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, командирони қисмҳои низомӣ ва дигар масъулини тобеи ин ниҳоди қудратӣ ҷамъомад ё худ машғулиятҳои методӣ-таълимӣ доир карда мешаванд.

Ин навбат машғулиятҳои методӣ-таълимии ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар пойгоҳи машқгоҳи низомии «Фахробод»-и вилояти Хатлон ташкилу ба роҳ монда шуд.

Масъулини машгулиятҳо дар доираи дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар, ҳадафу моҳият ва ташкилу баргузор намудани ҷамъомади мазкур суханронӣ карда, баҳри амалан роҳандозӣ намудани ин чорабинии муҳими низомӣ, нуқтаҳои гуногуни таълимии намунавиро барои омӯзиши иштирокчиёни он муҳайё намуда буданд.

Ба ҳар як дарсу ҷамъомад роҳбарони масъул вобаста гардида, таълимоти назариявии онҳо дар синфхонаҳои таълимӣ, бо омӯзиши фанҳои гуногуни муосири ҳарбӣ ва дигар мавзуоте, ки ба нақшаи машғулиятҳо марбут мебошанд, роҳандозӣ карда шуд.

Илова бар ин, барои иштирокчиёни ҷамъомад дар дохили қисми низомӣ, зиёда аз 20 нуқтаҳои гуногуни муҷаҳҳази дарсӣ, мавзеъҳои хуби хизмативу майишӣ ва дигар шароитҳои муосири таълимӣ муҳайё гардида буд, ки бунёди чунин заминаи моддиву техникӣ барои ташкил ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондану идора кардани ҷузъу том, сафарбарии қӯшунҳо, иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои хидматӣ, ба нақша гирифтани тайёрии ҷангӣ, риояи ҳама талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ ва тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, мусоидат мекунад.

Дар ҷараёни баргузории машғулиятҳои методӣ-таълимӣ маҳорату малакаи иштирокчиёни ин чорабинии низомӣ аз тайёрии ҷисмонӣ, тирпарронӣ аз туфангу автомат ва дигар силоҳу муҳиммоти ҷангӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Барои маълумот хотирасон мекунем, ки чунин машғулиятҳои методӣ-таълимӣ, дар як сол ду маротиба ва пеш аз давраҳои таҳсили навбатӣ дар Артиши миллӣ гузаронида шуда, ҳадаф аз баргузории он ин дар амал нишон додани роҳу усулҳои нави омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, ташаккул додани назару муносибати ягона ба масоили омодагии ҷангӣ, ташкили хидмати дохилии қӯшунҳо, мувофиқ намудани ҳудуди шаҳракҳои ҳарбӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар мавзеъҳои таълимии афсарону сарбозон ба талаботи оинномаҳои ҳарбӣ мебошад.

Зимни баргузории машғулиятҳои методӣ-таълимӣ, аз тарафи афсарону сарбозони як ҷузъи Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавӣ барои иштирокчиёни ин чорабинии низомӣ машқҳои ротавӣ-тактикӣ низ намоиш дода шуд.

Қобили зикр аст, ки вобаста ба амалӣ намудани нақшаҳои рӯзмарраи хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ, имрӯз дар тамоми қисмҳои низомии Вазорати мудофиа барои баргузории машғулиятҳои гуногуни саҳроӣ, тирпарронӣ аз силоҳу муҳиммоти сабуки оташфишони ҷангӣ ва доир намудани тамоми дарсу таълимоти назариявию амалӣ, ҳама шароиту имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст, ки ҳайати шахсӣ метавонад, ба ғайр аз машқҳои васеи низомӣ, дигар тамоми чорабиниҳои нақшавиро дар вақту соатҳои муқарраргардида, бо сифати баланд ва хароҷоти камтарин дар дохил ва ҳудуди қисмҳои низомӣ ташкилу ба роҳ монанд.

Ба ҳамин тартиб, дар давоми чанд соли охир бо таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи саросарӣ, якпорчагиву ваҳдати миллӣ ва дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти созандагиву бунёдкориҳо ва анҷоми корҳои сохтмонӣ, ҳатто дар дурдастарин қисмҳои низомии навтаъсиси Вазорати мудофиа, заминаҳои намунавии моддиву техникӣ ва ҳам таълимиву хизматӣ, бо шароитҳои хуби майишиву фароғатӣ барои афсарону сарбозон дар сатҳи баланд муҳайё карда шудаанд.

 

  Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

      полковник

Previous Post

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Next Post

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook