Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ МАХСУСИ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪӢ (СААД) ДАР ГАРНИЗОНИ ХАТЛОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
18.10.2021
in Хабар
0
МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ  МАХСУСИ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪӢ (СААД)  ДАР ГАРНИЗОНИ ХАТЛОН
0
SHARES
90
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ аз 18 то 23-юми октябри соли 2021 дар машҚгоҳҳои низомии “Ҳарбмайдон” ва “Ҳомиён”-и ҳудуди гарнизони Хатлон машҚҳои муштараки махсуси васеи ҳарбӣ, таҳти унвони “Ҷустуҷӯ”, “Эшалон” ва “Ҳамоҳангӣ-2021” баргузор мегардад, ки дар он чор ҳазор нафар низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ ширкат менамоянд.

Хотиррасон мекунем, ки баҳри иштирок дар размоиши муштараки васеи ҳарбӣ, теъдоди муайяни ҳайати низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорусия, Қазокистону Қирғизистон ва Федератсияи Россия тавассути марзҳои заминиву фазоии кишвар ва мусаллаҳу муҷаҳҳаз бо техникаву лавозимоти ҷангии ба машқҳо пешбинигардида, аз санаи 14 то 16-уми октябри соли равон вориди Тоҷикистон шуданд.

      МашҚҳои муштараки махсуси васеи низомии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ таҳти унвони “Ҷустуҷӯ”, “Эшалон” ва “Ҳамоҳангӣ-2021” дар чанд марҳила ташкилу ба роҳ монда шуда, иштирокчиёни нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзо, як қатор унсурҳои зиддитеррористиро амалан коркарду тарҳрезӣ менамоянд.

Дар ин радиф ҳайати низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ баъди вориди Тоҷикистон шудан, алакай бо густурдани хаймаҳои зист ва ташкили дигар шароити зарурии хизмативу маишӣ дар машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон” қароргоҳи муваққати бунёд намуда, онро ба майдони шартии ҷанг табдил додаанд.

Баъд аз буду бош, ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи таъйиншуда, қабл аз шурӯъ намудан ба коркарди марҳилаҳои машқҳо ва амалан татбиқ намудани матлаби ба унсурҳои зиддитеррористӣ пешбинишуда дар майдони ҳудуди машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон” саф оростанд ва чун анъана бо садои сурудҳои миллӣ ва дар як вақт бо бардоштани парчамҳои давлатӣ ба размоиши муштараки васеи низомӣ, оғози расмӣ бахшиданд.

Дар маросими ифтитоҳи машқҳои муштараки низомӣ, намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ дар назди иштироккунадагони ин размоиши васеи ҳарбӣ баромад намуда, доир ба ҳадафу моҳияти баргузор намудани унсурҳои зиддитеррористӣ, матлабу марҳилаҳои ба он пешбинигардида изҳори андеша карданд.

Баҳри бомуваффақона ва дар ҳамоҳангии коркарду тарҳрезӣ намудани тамринҳои муштараки низомӣ, ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи дар машқҳо ширкаткунандаи кишварҳои узви Созмон барору комёбиҳоро таманно карданд.

Баъд аз анҷоми бахши расмӣ ё худ оғоз бахшидани машқҳои муштараки васеи махсуси ҳарбӣ, дар майдони сафороии машқгоҳи “Ҳарбмайдон” гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ доир гардид.

Дар баробари ҷалби чор ҳазор нафар ҳайати шахсӣ, инчунин тибқи нақша ва мувофиқ ба матлаби машқҳо дар ин размоиши махсуси васеи низомӣ, чархболҳои МИ-8, МИ-24, ҳавопаймоҳои ҳуҷумкунанда, муҳорибавию зарбазан ва бомбаандозу қиркунанда, 50 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву махсус, тӯп ё худ воситаҳои гуногуни артиллерӣ, миқдори зиёди техникаҳои автомобилӣ, силоҳу муҳиммоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ дар он истифода мешаванд.

Айни ҳол, ҳайати таъйиншудаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ аз рӯйи мавзӯъ ва матлаби ба машқҳои васеи низомӣ пешбинигардида, ба даври ниҳоии ин размоиши васеи низомӣ омодагии ҳамаҷониба мегиранд.

Дар баробари баргузории машқҳои муштараки васеи низомии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, инчунин дар машқгоҳи ҳарбии “Ҳомиён”-и ҳудуди шаҳри Кӯлоб низ дар як вақт тамринҳои ҳарбии Тоҷикистону Россия низ идома доранд.

Бо ҳамин тартиб, даври ниҳоии машқҳои муштараки “Ҷустучӯ”, “Эшалон” ва “Ҳамоҳангӣ-2021” 23-юми октябри соли равон дар машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон” ба нақша гирифта шуда, размоиши дуҷонибаи Тоҷикистону Россия бошад, рӯзи 22-юми октябр дар машқгоҳи ҳарбии “Ҳомиён” ҷамъбасту натиҷагирӣ карда мешавад.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуот,

полковник

Previous Post

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ ВАЗОРАТ

Next Post

20 РӮЗИ ДАЪВАТ ИҶРОИ НАҚШАРО БА 52 ФОИЗИ БАРОБАР НАМУД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
20 РӮЗИ ДАЪВАТ ИҶРОИ НАҚШАРО БА 52 ФОИЗИ БАРОБАР НАМУД

20 РӮЗИ ДАЪВАТ ИҶРОИ НАҚШАРО БА 52 ФОИЗИ БАРОБАР НАМУД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj