26-уми июни соли 2025 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарони вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин Дабири кулли созмон ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ иштирок намуданд. Дар кори ҷаласа ҳайати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири мудофиа, генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа ва амният, инчунин рушди ҳамкориҳои амалӣ байни қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзо дар доираи СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ равона гардида, ҳамчунин масъалаи омодагии муштараки қувваҳои мусаллаҳ бо мақсади баланд бардоштани ҳамоҳангии амалиётӣ ва сатҳи омодагии ҷангӣ муҳокима шуд.
Ҳамзамон, дар доираи ин чорабинӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода бо як қатор вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои ин созмон аз ҷумла, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, вазири мудофии Ҷумҳурии Ҳиндустон ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот доир намуд.
Дар доираи мулоқоти дуҷониба ва бисёрҷониба масъалаҳои ҳарбӣ-сиёсии давлатҳо ва масъалаҳои амниятии байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамзамон таҳкими робитаҳои низомии байниҳамдигарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон