Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

МАФҲУМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД, ДЕМОКРАТӢ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
27.08.2024
in Мақола
0
МАФҲУМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД, ДЕМОКРАТӢ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
0
SHARES
126
VIEWS
Share on Facebook

Баъд аз бадастории истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро, ки дар он ҳуқуқҳои инсон мавқеи муҳимро ишғол менамоянд, пеша намуд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд зинаи муайянкунандаи рушди давлат ва ҷомеаи мустақили Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар моддаи 5 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ин муқаррарот сониян дар боби 2 –юми Конститутсияи мамлакат, ки комилан ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, кушода мегарданд.

Ҳарчанд ғояи ҳуқуқи инсон ба умқи таърих рафта расад ва тадбирҳои лаҳзавӣ дар асрҳои миёна, замони нав ва навтарин боиси инкишофи он гашта бошанд ҳам, аммо ба маънои аслии худ ин зуҳурот баъди баргузор гаштани инқилобҳои буржуазӣ-демократӣ дар асри XVII ба миён омадааст. Дар ин марҳила ҳуқуқи инсон дар назария ва консепсияҳои оид ба зарурияти сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикоси худро ёфт. Ҷустуҷӯи роҳи беҳтарини эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон боиси коркарди ғояҳои давлати ҳуқуқӣ, демократӣ ва ҷомеи шаҳрвандӣ гардиданд. Консепсияҳои давлати демократӣ, шакли ҳуқуқии ташкили ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонуни ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мафҳуми ҳуқуқи инсон робитаи ногусастанӣ доранд. То кунун таърихи инсоният роҳи дигари беҳтари инкишофи ҳуқуқи инсонро дарёфт накардааст. Яъне, дар шароити ҳукмронии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сатҳи дахлдори эътирофи ҳуқуқи инсон таъмин карда мешавад.

Давлати демократӣ гуфта, давлатеро дар назар доранд, ки сохтор ва тарзи фаъолияти он бо иродаи инсон мувофиқ аст ва ба ҳуқуқу озодиҳои умумиэътирофгаштаи инсон ва шаҳрванд мухолифат наменамоянд. Давлати демократӣ – унсури муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор рафта, ба озодии одамон асос меёбад. Дар чунин давлат халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ҳокимият аст.

Давлати демократӣ бо падидаи дигари пешқадам, давлати ҳуқуқӣ дар иртибот аст. Шакли ҳуқуқии ташкили ҳокимияти давлатӣ таърифи анъанавии давлати ҳуқуқӣ маҳсуб мегардад. Агар бо тарзи дигар ифода намоем, пас давлати ҳуқуқӣ гуфта, давлатеро дар назар доранд, ки зимни фаъолияти худ, танҳо ба ҳуқуқ мутеъ буда, ҳадафи асосии худро боиси таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қарор додааст.

Инкишофи ғояи давлати ҳуқуқӣ ба инкишофи фаҳмиши ҳуқуқи инсон, ки масъалаи марказии ин ғоя мебошад, алоқамандии зич дорад. Асосан ғояи давлати ҳуқуқӣ ва принсипҳои он дар атрофи ҳуқуқи инсон ва ба хотири таъмини он пайдо шуда, инкишоф ёфтааст.

Инкишофи ғояи давлати ҳуқуқӣ ва принсипҳои онро таҳлил намуда, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки худи ин мафҳумро бе назардошти чунин принсипи марказӣ ба монанди, арзиши воло эътироф намудани ҳуқуқи инсон ва риояи он тасаввур намудан душвор аст. Бинобар ҳамин дар инкишоф ва ташаккулёбии фаҳмиши давлати ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон онҳо аз якдигар чудонопазиранд. Ҳам волоияти ҳуқуқ ва ҳам афзалияти ҳуқуқи инсон на фақат нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд, балки мақсади асосии он мебошад, ки ҳамаи дигар нишонаҳо барои амалӣ гардонидани ин мақсад равона гаштаанд. Амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои чудонашавандаи инсон ва шаҳрванд шарти асосии ҳама гуна пешравии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Бинобар ҳамин он бояд дар ҳама гуна назарияе, ки мақсадаш таҳлили  муносибати шахсият ва ҳокимият мебошад, ҳамчун асосгузор ба назар гирифта шавад.

Дар бораи моҳият ва нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд ақидаҳои зиёд вуҷуд дорад. Аммо дар ҳамаи ин ақидаҳо масъалаи эътирофи ҳуқуқи инсон ва волоияти ҳуқуқ тағйирнопазир мемонад.

Давлати ҳуқуқӣ дар замони муосир ин зинаи олии инкишофи озодӣ ва инъикоси он дар падидаҳои давлатӣ – ҳуқуқӣ мебошад. Давлати ҳуқуқбунёд ин шакли маҳдуд намудани ҳокимият бо ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Ҳуқуқ ва озодиҳои фард ин муҳимтарин воситаи мувозинат бо пурқудратии ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад, ки маҳдуд кардани онро таъмин менамояд. Бинобар ҳамин, афзалияти ҳуқуқи инсон нисбати давлат нишонаи аввалиндараҷа ва муайянкунанда мебошад, ки дигар аломатҳои таъминкунандаи ҳуқуқи инсон ба он алоқаманд мебошанд. Ба монанди,  сохтани давлат ва ҷамъият дар асоси принсипҳои ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, масъулияти мутақобилаи инсон ва давлат. Мақсади давлати ҳуқуқбунёд ин таъмини ҳудуди озодии фард, дахлнопазирии ҳудуди озодӣ, ки бо ҳуқуқ муайян шудааст ва манъ будани истифодаи чораҳои маҷбурсозии ғайриҳуқуқӣ мебошад.

Афзалияти ҳуқуқи инсон масъулияти ӯро барои истифодаи ғайридахлдори ҳуқуқу озодиҳояш истисно намекунад, балки бар дӯши ӯ як қатор уҳдадориҳоро барои таъмини ҳуқуқу озодиҳо аз ҷониби давлат вогузор мекунад. Дар ин замина алоқаи махсуси ҳуқуқӣ барпо мегардад – масъулияти мутақобилаи давлат ва инсон, ки озодиҳои охиринро поймол намекунад, кӯшиши боақлона ҳамоҳанг намудани озодиҳои ҳамаи аъзоёни ҷамъиятро намудан ва монанди ин.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ин ҷомеаи ҳуқуқӣ, либералӣ, кушод, плюралистӣ, худташкилшаванда ва худидорашаванда аст, ки аъзоёнаш – афроди озод – дар якҷоягӣ умумияти ғайрисиёсии аз дахолати давлатӣ эмин буда ва тобеи ҳуқуқро ташкил дода, бо мақсади қонеъ гардонидани манфиатҳои хеш мустақилона ва бо дарки масъулияти баланд назди наслҳои ҳозира ва ояндаи инсоният ҳаёту фаъолият доранд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шароити ривоҷи муносибатҳои хусусӣ, эътирофу кафолати моликияти хусусӣ, ташаккули фарди озоду дорои ҳуқуқҳои фитрӣ ташаккул меёбад.

Ҳамин тавр, зимни баррасии гурӯҳҳое мисли давлати ҳуқуқӣ, реҷаи демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон маълум менамоем, ки байни онҳо ҳамоҳангии зиёде мавҷуд будааст ва онҳо бидуни ҳамкорӣ бо якдигар арзи ҳастӣ намуда наметавонанд.

Ҷасур АКБАРАЛИЗОДА,

сармутахассиси бахши таҳлили таъсири

танзимкунии Маркази миллии қонунгузории

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Previous Post

КОНСТИТУТСИЯ-ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

Next Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook