Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

МАФКУРАИ МИЛЛӢ-ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
25.06.2024
in Мақола
0
МАФКУРАИ МИЛЛӢ-ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
0
SHARES
75
VIEWS
Share on Facebook

Дар раванди бархӯрди фарҳангу манфиатҳои геосиёсӣ ва ташаккули падидаҳои номатлуб ташаккул ва рушди тафаккури миллӣ амри зарурист. Имрӯз тафаккури миллӣ танҳо дар ҳолате кафили ваҳдати миллӣ шуда метавонад, ки дар баробари ифодакунандаи манфиату ормонҳои миллати алоҳида буда, хилофи манфиати намояндаҳои қавму қабоили дигар набошад. Тафаккури миллӣ новобаста ба он, ки дар заминаи арзишҳои миллӣ ташаккул меёбад, хосатан тобиши сиёсӣ дорад. Мақсад аз ташаккул ва рушди тафаккури миллӣ пойдории миллат, истиқлол, ҳифзу гиромидошти фарҳанги миллӣ ва робитаи мутақобилан судманд бо халқҳои дигар аст.

Зикр намудан ба маврид аст, ки ваҳдати ҷомеа аз ҳамфикрӣ, ҳамдилӣ, якдигарфаҳмӣ, баробарӣ ва эҳтироми ҳамдигар сарчашма мегирад. Ташаккули асолати миллӣ берун аз арзишҳои миллӣ ғайримкон аст. Имрӯз мебояд асолати миллӣ дар амал нерӯйи муттаҳидгару бунёкори ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил дода шавад. Дар рафти ташаккули асолати миллӣ, бояд аз арзишҳои фарҳангию таърихии замони ориёиҳову сомониён дар ҳалли масъалаи миллӣ, махсусан ваҳдати миллӣ истифода намоем. Асолати миллӣ бояд дар худ таносуби арзишҳои ниёгону муосирро инъикос намуда, барои давлатдории миллии мо хидмат карда тавонад.

Омӯзиш ва пажӯҳиши фарҳанги асили тоҷикон баёнгари он аст, ки ҳифзи истиқлол, якпорчагӣ, тамомияти арзӣ, тақсимнопазирии сарзамини ниёгон, ҳимоя ва таҳкими давлати миллӣ, тарғибу ташвиқи ваҳдату ягонагии ҷомеа, дӯстию бародарӣ ба ҳамаи афроди ҷомеа новобаста аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, табақавӣ, заҳмату талош баҳри ободӣ ва бунёдкорӣ, ватандӯстиву ҳамгироӣ аз беҳтарин хислатҳои ниёкгони мо ба ҳисоб мерафт. Ҳифзу дар амал татбиқ намудани арзишҳои мазкур имрӯз ба мо имкон медиҳанд, ки хусусияти меҳандӯстӣ ва гуманистии андешаи ниёгонро, ки таърихи ҳазорсолаҳо дораду то имрӯз омада расидааст, ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа муаррифӣ намоем. Дар натиҷа унсурҳои манфие чун маҳалгароӣ, қавмгароӣ, бегонапарстӣ, ифротгароӣ ва хуруфотпарастӣ аз шуури қишрҳои ҷомеа нопадид мешавад. Зарур аст, ки рафтори доираҳои мухталифи ҷомеа ба гуфтор мувофиқ карда шавад.

Маҳз талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки 27-уми июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар осори худ, махсусан китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” воқеаҳои фоҷеабори Тоҷикистонро аз назари илмӣ таҳлил намуда, ба хулосае омадааст, ки дур шудани халқ аз фарҳанг ва таърихи миллат, анъанаҳои таърихии давлатдорию меҳнатӣ, расму оини неки ниёгон ва набудани шуури худшиносӣ ва ифтихори миллӣ сабаби чунин буҳрони сиёсӣ мегардад.

Бино бар ин, имрӯз дар раванди рушди ҷомеа ва иҷрои корҳои созандагӣ ташаккул ва рушди асолати миллӣ ба сифати вазифаи муҳимми таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ба миён гузошта шудааст.

Дар раванди амалӣ гардидани ислоҳотҳои сиёсиву иқтисодӣ баҳри таҳкими давлатдорӣ, ҳамчунин ба хотири устуворӣ ва бақои ваҳдати миллӣ асолати миллӣ нақши муҳим дорад. Асолати миллӣ имкон медиҳад, ки мавқеъ, нақш ва пешомади миллат дар арсаи байналмилалӣ созгору уствор гардонида шавад. Дар умум асолати миллӣ дарки мансубият ба умумияти муайяни этникӣ ва сарзамини ниёгон, дарки масъулият барои имрӯз ва ояндаи он, ширкати бевосита ва фаъол дар ҳалли  мушкилоти ҷомеа, ифтихор аз миллату Ватан мебошад.

Хулоса, сатҳи баланди асолати миллии шаҳрвандон ягона омили ҳалли мушкилоти ҳаёти миллат, нерӯи муттаҳидкунанда ва ҳидоятгари аҳли ҷомеа барои расидан ба ҳадафҳо мебошад. Он чун кафолати бақои ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ хидмат менамояд.

 

Марворид САЛИМЗОДА,

устоди  ДМТ

 

Previous Post

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҒУРУРИ ҶАВОНМАРДӢ ВА ИФТИХОРМАНДИСТ

Next Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook