Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа 30-юми апрели соли 2002 дар заминаи Коллеҷи Олии ҳарбӣ, ки аз 29-уми сентябри соли 1992 амал менамуд, таъсис ёфта, он дар фаъолияти беш аз 30 солаи худ дар самти пуррагардонии ҷузъу томи Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишвар бо афсарони касбӣ саҳми арзанда дорад.
Таҳсил дар ин муассисаи олии ҳарбӣ ройгон ба роҳ монда шуда, чор сол давом мекунад. Айни замон, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раёсат, 5 шӯъба, 7 хадамот, 3 факултет, 10 кафедра, 6 сикл, маркази таълимии “Тоҷмаҳал”, 1 филиали Донишкадаи ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд ва 1 маркази курси такмили ихтисоси бозомўзии афсарон иборат буда, дар он афсарон ва кормандони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ, инчунин, адъюнктону унвонҷўён фаъолият менамоянд. Курсантон дар ин муассисаи олии ҳарбӣ дар 3 факулта-факултаҳои умумиқўшунӣ, ҳавопаймоии ҳарбӣ ва мусиқачиёни ҳарбӣ таҳсил намуда, мутахасисони касбӣ омода карда мешаванд.
Ҳамасола, дар доираи дастуру супориш ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 % квотаҳои қабули довталабон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа барои қабули ятимону бепарасторон ва шаҳрвандони камбизоат баҳри таҳсил дар ин муассисаи таълимии ҳарбӣ ҷудо карда мешавад.
Имрўзҳо дар Донишкадаи ҳарбӣ барои донишҷўён тамоми шароити зарурии таҳсил фароҳам оварда шуда, он дорои биноҳои махсуси таълимӣ, китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои компютерию лингафонӣ, оркестри мусиқачиёни ҳарбӣ, хонаи дидорбинии волидайн, маҷлисгоҳ, дармонгоҳи тиббӣ, майдони варзишию тактикӣ ва истгоҳҳои автомобилӣ мебошад, ки ҳамаи онҳо мавриди истифодаи афсарону устодон ва курсантон қарор доранд. Раванди таълиму тадрис дар Донишкадаи ҳарбӣ ҳамеша зери таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, борҳо аз шароитҳои майишиву хизматӣ дар ин муассисаи таълимии ҳарбӣ дидан намудаанд. Дар зарфи беш аз 30 соли фаолияти Донишкадаи харбӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор маротиба ба ин боргоҳи илму маърифат ташриф оварданд, ки он дар саҳифаҳои таърихии донишкада сабту боқӣ мемонад.
Ҳайати устодони Донишкадаи ҳарбӣ айни замон ба донишандўзии донишҷўён, камолоти ҷисмонӣ ва такмили донишҳои ҳарбӣ-сиёсии онҳо диққати махсус дода, бо истифода аз имкониятҳои васеи хониш талош доранд, то ҳарчӣ бештар сафи афсарони касбиро дар қисму воҳидҳои низомии кишвар зиёд намуда, раванди хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар сатҳи касбӣ ба роҳ монанд.
Бояд гуфт, ки то имрўз наздики 4 ҳазор нафар афсарони касбӣ Донишкади ҳарбии Вазорати мудофиаро хатм кардаанд, ки дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар адои вазифа намуда, саҳми хешро дар ҳифзи марзу бум ва суботи сиёсии мамлакат гузошта истодаанд. Маҳз, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар наздики 20 нафар дастпарварони ин мактабии олии ҳарбӣ аз ҷониби Роҳбарияти Олии мамлакат бо рутбаҳои олии генералӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Ба таълиму тарбияи ҳарбии курсантон зиёда аз 60 нафар омўзгорон машғул мебошанд, ки аксарияти онҳо соҳиби унвонҳои илмӣ ва хатмкардагони Академияҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии мардумии Чин мебошанд.
Масъулини Донишкадаи ҳарбӣ, инчунин пешбурди корҳои илмӣ, ҷустўҷўи ва навовариро ба роҳ мондаанд, ки мақсади асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ба дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ ва ҷабҳаҳои гуногуни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дорои маркази таълимии саҳроӣ буда, барои гузаронидани машғулиятҳои саҳроӣ ҳамагуна шароиту имкониятхои мусоит ташкил карда шудааст, ки ҳамаи он барои таъмин намудани иҷроиши вазифаҳои тайёрии ҷангӣ мувофиқи талаботи барномаҳои тайёрии ҷангӣ ва барои ташаккул додани ҳолати рўҳию равонии ҳайати шахсӣ заруру саривактӣ мебошад.
Боқӣ ШАРИФОВ
майор