29 – уми декабри соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо иштироки роҳбарияти Вазорати мудофиа ва Федератсияи футболи Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ маросими ҷоизасупории беҳтарин варзишгарони Клуби марказии варзиши Артиш баргузор гардид.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал–полковник Эмомалӣ Собирзода дар баромади худ аз иқдомҳои беназири Пешвои миллат дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ дар баробари иҷрои бечунучарои уҳдадориҳои хизматӣ, инчунин бо машғул шудан ба варзиш худро дар ҳолати омодабошии ҷисмонӣ нигоҳ доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 2025 Клуби марказии варзиши Артиш як қатор дастовардҳои назаррасро соҳиб гардид ва дар ин замина варзишгарони беҳтарини Клубро бо медалу туҳфаҳои хотирави қадрдонӣ намуданд. Аз ҷумла, дастаи наврасони то 18-солаи клуби мазкур сазовори ҷои аввал, дастаи ҷавонони клуб соҳиби мақоми дуввум ва дастаи Клуби марказии варзиши Артиш соҳиби “Ҷоми ҷавонӣ”-и Федератсияи футболи Тоҷикистон гардиданд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани тарғиби тарзи ҳаёти солим дар соли 2026 низ як қатор чорабиниҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд ва онҳо дар сатҳи баланд баргузор хоҳанд шуд.







