Аз соли 1993 инҷониб дар тобеияти Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи ҳарбӣ амал мекунад, ки он дар самти таъмину пуррагардонии навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат бо афсарони касбӣ саҳми арзанда дорад. Ҳафтаи равон ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи беш аз 230 нафараи афсарони ҷавон зам шуд. Донишкадаи ҳарбии ҷумҳурӣ 27-умин хатмкунандагони худро ба кори мустақилонаи ҳарбӣ, ба сафи Артиши миллии мамлакат ва дигар сохторҳои қудратии кишвар гусел намуд.
Маросими бошукӯҳи ҷашнӣ, ба муносибати хатми навбатии донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ, чун ойини доимии низомиён бо ворид намудани Байрақи ҷангӣ ба майдони баргузории чорабинӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ шурӯъ гардид.
Зимни оғози чорабинии мазкур, фармоиши вазири мудофиа дар хусуси ба вазифаҳо таъйин намудани хатмкунандагони ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ қироат карда шуд, ки тибқи он беш аз 230 нафар афсарони хуштолеи ин боргоҳи низомӣ, вобаста ба ихтисосҳои ҳабии азбарнамуда, баҳри фаъолияти хизматӣ дар ҳайати сохторҳои қудратии мамлакат тақсим карда шуданд.
Дар ҷараёни ин чорабинии муҳими низомӣ, бо амри масъули донишкадаи мазкур, ҳайати хатмкунандагони ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ ба маркази майдони баргузории чорабинӣ бароварда шуда, аз тарафи вазири мудофиа, фармондеҳони навъи қӯшунҳо ва дигар афсарону устодони ин боргоҳи илми ҳарбӣ ба
онҳо дипломи хатм супорида шуд. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир, раванди барномаҳои дарсӣ, сифати таълиму тарбия ва сатҳи омода кардани афсарони оянда дар Донишкадаи ҳарбӣ боз ҳам баланд гардида, имсол низ чанд тан аз курсантони фаъол, ин муассисаи олии таълимии ҳарбиро бо баҳои аъло хатм намуданд.
Лаҳзаи хайрбод намудани афсарони ҷавон бо Байрақи ҷангии Донишкадаи ҳарбӣ, барои ҳозирин ва умуман, иштирокчиёни ин чорабинии бошукӯҳ бисёр ҳам хотирмону диққатҷалбкунанда буд, ки ин маросим хело таъсирбаш сурат гирифт.
Зимни сухани табрикотӣ, вазири мудофиаи кишвар, генерал-полковник Шералӣ Мирзо изҳор намуд, ки таъмин ва ташкил намудани шароити муосири хизмативу майишӣ ва ҳам таълимӣ, бунёди пойгоҳҳои муҷаҳҳаз бо заминаҳои хубу намунавии моддӣ-техникӣ, ки имрӯз дар Донишкадаи ҳарбӣ мавҷуд мебошанду ба меъёр ва талаботи ҳозиразамони ҳарбӣ мутобиқ гардонида шудаанд, маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар партави ғамхориҳои доимӣ ӯ нисбат ба низомиён муҳайё гаштааст. Дар идомаи суханронӣ, роҳбарияти Вазорати мудофиа маросими хатми донишҷӯёнро дар арафаи таҷлил аз 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯйдоди хеле хотирмону фаромӯшнопазир дар ҳаёти афсарони ҷавон арзёбӣ намуда, ба онҳо дар роҳи пуршараф, ё худ хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи Ватан, давлату миллат, таҳкими истиқлол ва ҳифзи якпорчагии ин сарзамини аҷдодӣ барору комёбиҳоро таманно намуд.
Баъд аз анҷоми қисмати расмии чорабинии мазкур, гузашти низомии афсарони ҷавон дар як саф бо ҳайати устодону дигар курсантон доир гардид, ки тантанавор сафкашиву паҳлу ба паҳлу қадамзании онҳо аз назди минбар, ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ, яке аз ороишҳои асосӣ ва анҷомбаши ин маросими бошукӯҳи ҷашнӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки Донишкадаи ҳарбӣ ягона муассисаи олии таълимии ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ буда, бори гарони омода кардани афсарони касбӣ, барои тамоми сохторҳои қудратии мамлакат бар дӯши ин мактаб вогузор мебошад. Ҳар сол Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи мамлакатро наздики 250 нафар хатм менамоянд, ки аз замони таъсисёбӣ инҷониб аллакай онро наздик ба чор ҳазор нафар донишҷӯ хатм карда, ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил гаштаанд.
Донишкадаи ҳарбӣ аз 3 факултет, 10 кафедра ва 5 сикл иборат буда, он аз рӯйи 18 ихтисос афсарони касбӣ омода мекунад. Таҳсил дар Донишкадаи ҳарбӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, айни ҳол қабули довталабон ба ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ ҷараён дорад, ки имсол ба он, ҳудуди 400 нафар донишҷӯ қабул карда мешавад.
Аз ин шумора, 250 нафар донишҷӯён дар Донишкадаи ҳарбӣ ва филиали донишкадаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд муддати 4 сол таҳсил менамоянд ва онро аз рӯйи равияи бакалавр хатм мекунанд. 150 нафари дигар бошад, барои фиристодан ба кишварҳои хориҷ қабул гардида, дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳоноти давлатӣ, онҳо ба муассисаҳои олии таълимии ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Озорбойҷон равона карда мешаванд. Бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ятимони кул, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат 20 фоиз квота пешбинӣ шудааст, ки ин гуна довталаб, бо гирифтани имтиёз ба таври суҳбат ба Донишкадаи ҳарбӣ қабул карда мешаванд.
Муҳассилин баъди хатми муассисаҳои олии таълимии ҳарбии дохилу хориҷ вобаста ба ихтисос бо диплом, рутбаи ҳарбии лейтенант ва ба ҳайси афсарони касбӣ дар ҳайати сохторҳои низомии кишвар ба вазифаҳо таъйин карда мешаванд.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуоти
Вазорати мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковник