Дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии курсантони соли аввал ва сарбозони ҳайати захираи сафарбарӣ, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, баргузор гардид. Дар маросими мазкур намояндагони роҳбарияти Вазорати мудофиа, ҳайати роҳбарикунандаи Донишкадаи ҳарбӣ, афсарону омӯзгорон, курсантону сарбозон ва дигар масъулон иштирок намуданд.

Маросим бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки ҳамчун рамзи ифодаи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, давлат ва Ватан ба ҳисоб меравад, оғоз гардид. Пас аз он курсантони соли аввали Донишкада ва сарбозони ҳайати захираи сафарбарӣ дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди ҳарбӣ ёд намуда, садоқати худро ба Ватан ва омодагии хешро барои иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ иброз доштанд.

Савганди ҳарбӣ барои ҳар як ҷавоне, ки роҳи хизмати Ватанро интихоб менамояд, марҳилаи муҳим ба шумор меравад. Зеро аз ин лаҳза масъулияти ӯ дар назди давлату ҷомеа боз ҳам бештар гардида, садоқат ба Ватан, риояи қатъии интизоми ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҷузъии ҷудонашавандаи ҳаёти ӯ табдил хоҳад ёфт.

Зимни чорабинӣ ҳайати афсарони олирутба курсантону сарбозонро ба муносибати қабули савганди ҳарбӣ табрик намуда, ба онҳо дар идомаи таҳсилу хизмат, аз худ намудани донишҳои ҳарбиву касбӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда муваффақият орзу намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин маросими хотирмон падару модарони курсантон ва сарбозон низ иштирок намуда, бо шароити таҳсилу хизмати дар ин боргоҳи таълимии низомӣ фароҳамовардашуда аз наздик шинос гардиданд. Дар чеҳраи ҳар яки онҳо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ аз фазои орому осудаи мамлакат ва соҳибистиқлолии кишвар ҳувайдо буд. Онҳо аз роҳи интихобнамудаи фарзандони худ-ҳомиёни далеру матини Ватан хеле қаноатманду хушҳол буданд, зеро барои ҳар як падару модар дидани фарзанд дар либоси низомӣ ва ба ҳифзу ҳимояи Ватан гусел намудани ӯ мояи ифтихор ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Маросими тантанавӣ бо баргузории гузашти низомии афсарону курсантон ва сарбозони Донишкада, ки ҳамчун нишонаи омодагии баланди иштирокдорони он дар ҳифзу ҳимояи давлат ва арзишҳои милливу дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ карда шуд, ҷамъбаст гардид.






