Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА КОРМАНДОНИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ ВА НИЗОМИИ КИШВАР

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.08.2025
in Хабар
0
МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА КОРМАНДОНИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ ВА НИЗОМИИ КИШВАР
0
SHARES
97
VIEWS
Share on Facebook

28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ — 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супориданд.

Зимни суханронӣ дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи музаффариятҳои он андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки низомиёни кишвар имрӯз низ дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлату ҷомеа, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва тартиботи ҳуқуқӣ саҳми басо муҳимму арзишманд гузошта истодаанд.

Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвари азизамон ҳамеша омода мебошанд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти пурсамар ва хизмати содиқонаи низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ҳамеша қадрдонӣ мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки аз рӯи анъанаи нек ҳар сол дар остонаи таҷлили солгарди истиқлоли давлатӣ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Роҳбари давлат хотирнишон намуданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмат ба давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон, яъне хизмат ба модар буда, барои ҳар як ҷавонмард қарзи фарзандӣ ва дар айни замон шараф ва ифтихор аст. Зеро заҳмати созандаи мардум ба хотири рушди устувори давлат ва ободии Ватан, инчунин, зиндагии осудаву ороми ҳар як оила ва ҳар як фарди ҷомеа танҳо дар сурати барқарор будани амнияту субот ва низому тартибот имконпазир мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низомиён муроҷиат карда, онҳоро ба дӯст доштани миллат ва Ватани азизи худ ҳидоят намуданд.

Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ ба истиқболи 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ низомиён мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо тақдим карда шуд.

Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ” хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ шуданд.

Аз ҷумла, дар ин маросим сарбозону афсарон ва дигар хизматчиёни низомӣ бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали хизмати шоиста, медали Шафқат ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ ба як гуруҳ хизматчиёни низомӣ” ва кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи дараҷавии генерал-полковники адлия, рутбаи олии ҳарбии генерал-полковник, генерал-полковники гвардия, генерал-полковники милитсия, генерал-лейтенант, мушовири давлатии адлия дараҷаи 3, генерал-майори адлия, генерал-майор ва генерал-майори хадамоти гумрук, дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарону кормандони масъул, фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр карда мешавад.

Дар маросими имрӯзаи супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чор сарбози қаторӣ аз қушунҳои сарҳадӣ барои корнамоию шуҷоат дар ҳифзи сарҳади давлатӣ медалҳо тақдим намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуҷоату матонат, садоқату масъулияти баланди сарбозони ҷавонро махсус таъкид намуданд.

Ба таъкиди Роҳбари давлат маҳз ҷасурию далерӣ, зиракию ҳушёрӣ ва дарки баланди масъулият боис гашт, ки ин ҷавонон имрӯз аз байни ҳазорон сарбози Ватан бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гарданд.

Зимни суҳбати самимие, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳомиёни ҷавони Ватан доштанд, ба онҳо насиҳатҳои падарона карда, ҷавононро ба дӯст доштани Модар-Ватан ва ҳифзи содиқонаву поквиҷдодонаи муқаддасоти сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуданд.

Аз роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот талаб карда шуд, ки бо сарбозон чун фарзандони худ муносибат намоянд. Аз онҳо кадрҳои аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаро тарбия кунанд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо сарфароз шуданашон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус шодбош гуфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо ҳидоят намуданд.

Дар фароварди маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кормандону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, дар оянда низ тамоми донишу малака ва таҷрибаву тавоноии худро барои ободонии Ватани азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, амнияти давлат ва осоишу оромии сокинони кишвар сафарбар месозанд.

president.tj

Previous Post

МУЛОҚОТ БО БУНЁДГАРОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ РОҒУН

Next Post

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook