Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНӢ ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 08010

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
20.05.2024
in Хабар
0
МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНӢ ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 08010
0
SHARES
430
VIEWS
Share on Facebook

Дар қисми ҳарбии 08010-и Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозони матинирода хизмати ҳатмии ҳарбии худро тибқи даъват пеш бурда истодаанд. Давоми беш аз як моҳи хизмати наваскарии худ дар ин қисми низомӣ онҳо меъёрҳои оинномавӣ ва дигар уҳдадориҳои ҳарбиро аз худ карда, барои ёд намудани Савганди ҳарбӣ омода шудаанд. Акнун Савганди ҳарбӣ ёд мекунанд, то ки ба ҳайси сарбозони комилҳуқуқи Артиши миллӣ тамоми вазифаву уҳдадориҳои ҳарбиву хизматии худро мустақилона иҷро намоянд.

Маросими савгандёдкунии онҳо дар асоси муқаррароти Оиномаи сафороии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо даровардани Байрақи ҷангӣ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Ҳамин тавр, ҳар як наваскар дар назди масъулини роҳбарикунандаи навъи қӯшун, афсарони қисми ҳарбӣ ва падару модарон савганд ёд намуда, қавл доданд, ки сарбози содиқу бошарафи Ватан боқӣ монда, натанҳо давоми хизмат балки тамоми умр баҳри таъмини суботу амнияти кишвар кӯшиш мекунанд. Зеро, ҳимояи давлат ва таъмини амнияти мардум ҳамеша вазифаи шаҳрванд, хусусан ҷавонони бонангу ор ва муҳофизони он мебошад. Ин ҷавонон низ маҳз бо дарки ҳамин рисолати фарзандӣ имрӯз хизмати ҳарбиро ихтиёр намудаанду масъулияти дифои марзу буми Ватанро пеша намуданд.

Наваскарон садоқату самимияти худро зери Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ бо баёни ибораи басо ҳам пурифтихори хизмати содиқона ба халқу Ватан нишон дода, бо шараф хондан ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ изҳор доштанд, ки дар ин роҳи пуршараф ва мояи ифтихору сарфарозӣ қадамҳои устувор мегузоранд ва хизмати масъулиятноки низомиро сарбаландона пеш мебаранд.

Сипас, ҳайати роҳбарикунанда, намояндагони бахшу соҳаҳои гуногуни ҷомеа ва волидону наздикони сарбозон, фарзандони далеру шуҷои Ватанро ба муносибати қабули Савганди ҳарбӣ самимона табрику муборакбод намуда, таъкид доштанд, ки маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии хизматчиёни ҳарбӣ дар сарзамини поки ниёгонамон сулҳу суббот пойдор аст ва имрӯз ҷомеаи кишвар зиндагии осоишта дорад.

Ҷараёни чорабиниро ҳамзамон як гурӯҳи сарбозони қисми ҳарбӣ бо ташкили машқҳои тан ба тан, ки баёнгари ҷасуриву далерӣ ва омодагии доимии онҳо баҳри ҳимояи марзу буми Ватан аст, боз ҳам рангину хотирмон гардонданд

Ҳамин тавр, ҷамъомади тантанавии қабули Савганди ҳарбӣ аз ҷониби гурӯҳи наваскарони даъвати баҳории соли равон дар ин қисми низомии Вазорати мудофиа бо гузашти низомии ҳайати шахсӣ ва таҳти навои оҳангу таронаҳои аҳли ҳунар ба поён расид.

Боқӣ ШАРИФОВ

Previous Post

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНӢ ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 02615

Next Post

ТАРБИЯИ ҶАВОНОН – ҲАДАФИ АСОСИИ ДАВЛАТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАРБИЯИ ҶАВОНОН – ҲАДАФИ АСОСИИ ДАВЛАТ

ТАРБИЯИ ҶАВОНОН – ҲАДАФИ АСОСИИ ДАВЛАТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook