Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНӢ ДАР БРИГАДАИ ҲАМАЛАОВАРИ ДЕСАНТӢ-ЗАРБАВӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
23.11.2022
in Хабар
0
МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНӢ ДАР БРИГАДАИ ҲАМАЛАОВАРИ ДЕСАНТӢ-ЗАРБАВӢ
0
SHARES
466
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар Бригадаи ҳамалаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ низ дар як вақт ду чорабинии муҳиму хотирмон сурат гирифт.  Яке гусели сарбозоне, ки муҳлати муайяни хизмати ҳатмии ҳарбиро адо намудаанд ва дуюмин маросими савгандёдкунии наваскарон буд, ки бо иштироки ҳайати фармондеҳии ин навъи қӯшун ва дар фазои идона ташкилу ба роҳ монда шуд.

Ҳайати фармондеҳӣ ва командири қисми низомӣ зимни тақдими билети ҳарбӣ ва нишони десантчӣ ба сарбозони шуҷои ин навъи қӯшун барои хизматҳои содиқонаву бенуқсон ва ба волидонашон дар тарбияи фарзандон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ба онҳо дар зиндагии мустақилона барору комёбиҳоро таманно карданд. Зимни тақдими билетҳои ҳарбӣ ва нишони сарисинагии десантчӣ изҳор гардид, ки онҳо баъди адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисташон ба қайд гирифта шуда, дар сурати зарурӣ ё худ таҳдиди хатар ба давлат чун десантчиёни ҳақиқӣ барои дифо аз Тоҷикистони азиз ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб карда мешаванд. Дар оянда низ барои ҳимояи ҳар порча хоки Ватан саҳми арзанда мегузоранд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ наваскароне, ки дар даъвати тирамоҳии соли равон шомили Бригадаи ҳамалаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ гардидаанд, ба маркази майдони сафороии қисми низомӣ тантанавор саф ороста, бо даъвати афсарон ва дар назди ҳозирин сатрҳои савганди садоқатмандӣ ба халқу Ватанро ба забон оварданд. Албатта, ҳар як сарбоз дар тамоми умри худ як маротиба савганд ёд карда, қавл медиҳад, ки қонуни асосӣ ва қонунҳои Ҷумҳури Тоҷикистонро қатъӣ риоя менамояд ва то нафаси охирин ба халқи худ содиқ мемонад.

Баъди ёд кардани Савганди ҳарбӣ, ҳар як наваскар сарбози комилҳуқуқи Ватан мегардад ва аз ӯ пеш аз ҳама интизоми баланди ҳарбӣ дар иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои хизматӣ талаб карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамал яке аз нерӯҳои эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб рафта, аз рӯйи барномаи тақвиятдодашудаи омодагии ҷангӣ таълиму тарбият дода мешаванд. Дар сурати зарурӣ, дар сафи аввал вазифаҳои муҳими ҷангиро иҷро менамоянд.

Дар ҷараёни ин чорабинӣ ё худ маросими савгандёдкунии наваскарон, аз ҷониби взводи ҳамлаовари десантии бригадаи мазкур, дар назди ҳозирин роҳу усулҳои ҳимояи хеш дар задухӯрдҳои тан ба тан намоиш дода шуд, ки он хеле ҷолиб сурат гирифт.

Баъд аз табрикоту таманиёт, гузашти низомии ҳайати шахсии Бригадаи ҳамалаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамал яке аз ороишҳои асосӣ ва анҷомбаши ин чорабинии муҳими сиёсӣ гардид.

 

 

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ ПОЛКИ ТАЪМИНОТӢ ВА ИДОРАКУНӢ

Next Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj