Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

МАРОСИМИ МУКОФОТСУПОРӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.08.2026
in Хабар
0
МАРОСИМИ МУКОФОТСУПОРӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
0
SHARES
35
VIEWS
Share on Facebook

28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35 —  солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гуруҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд.

Дар оғози маросим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ — 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тадбирҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ маҳз бо саъйу талоши ватандӯстона ва заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми шарифи Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.

Таъкид гардид, ки дар ин раванд саҳми соҳибкорони ватандӯст, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати кишвар дар ободу зебо гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон фаъолона ширкат доранд, баръало эҳсос мегардад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама гуна ташаббус ва амалҳои созанда истиқбол намуда, аз дастоварду хизматҳои шоён ҳамеша қадрдонӣ мекунад.

Гуфта шуд, ки дар саросари кишвар барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки фаъолона ва саҳми аҳолӣ, бахусус соҳибкорони бонангу номуси ҷумҳурӣ, 35 ҳазору 300 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст. Ин тадбир боис гардид, ки имрӯз симои ҳамаи шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун шуда, садҳо ҳазор ҷойи корӣ таъсис ва шароити зиндагии мардуми кишвар бамаротиб беҳтар гардад.

Зикр карда шуд, ки мардуми бонангу номуси мо бо азму иродаи қавии худ ва заҳмати софдилона Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд, шуҳрати онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд ва бо ҳамин роҳ шоҳроҳи таърихии халқамонро, ки аз истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ оғоз гардидааст, сарбаландона идома медиҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод иброз доштанд, ки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони биҳиштосо неруи тоза мебахшад.

Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгашта тамоми донишу таҷрибаи худро дар ҷодаи ободии кишвари азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа ва пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон равона месозанд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонда шуданд.

Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ 162 корманди соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени Шараф дараҷаи 1, ордени Шараф дараҷаи 2, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаро гирифтанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” як қатор кормандон ва собиқадорон барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги кишвар, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ саҳми ҳамаи ҳозиринро дар рушди соҳаҳо, шукуфоии сарзамин ва пешрафту тараққиёти пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе махсус таъкид намуданд.

Натиҷаи қадршиносиҳо буд, ки имрӯз дар маросими мукофотсупорӣ 1 нафар бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1, 4 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 10 кас бо ордени Шараф дараҷаи 2, 95 кас бо медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 кас бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, 3 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 1 кас бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 2 кас бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 1 кас бо унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон, 21 нафар бо медали Хизмати шоиста сарфароз шуданд.

Тибқи қарори Кумитаи дарёфти ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани ҷоизаи давлатӣ дар соли 2026 8 нафар сазовори ҷоизаи давлатӣ дар соҳаҳои илм ва техника гардиданд.

Дар маросими мукофотсупорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии  Истиқлоли давлатӣ як гуруҳ собиқадорони меҳнат ва собиқ вакилони Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои арзанда ва саҳми бузург дар рушди парламентаризми тоҷик бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ кардани заҳмати намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, кишоварзону соҳибкорон ва собиқадорони соҳаҳои мухталиф дар кишвари мо ба анъанаи неки даврони соҳибихтиёрӣ табдил ёфтааст.

Зимни маросими мукофотсупорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бунёди неругоҳҳои обӣ, навсозӣ кардани неругоҳҳои амалкунанда, сохтмони ҳазорҳо километр роҳу нақб ва пулҳо, ҳазорҳо корхонаи истеҳсолӣ, даҳҳо ҳазор иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ ба мо маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ муяссар гардид.

Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми мардуми кишвар, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, собиқадорон ва дигаронро дар пешрафту ободонии кишварамон басо арзишманд номиданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро, ки соҳиби мукофотҳои давлатӣ гардиданд, табрику таҳният гуфта, ба онҳо хоҳони барору муваффақият шуданд.

Previous Post

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ ТАШХИСИИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Next Post

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 20 ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 20 ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 20 ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

СУХАНРОНӢ ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07.09.2026
ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07.09.2026
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

06.09.2026
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

06.09.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook