Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

Мактаби таҷрибаҳо

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
11.06.2021
in Хабар
0
0
SHARES
42
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Собиқадорон гарчанде аз хизматҳои худ замони фаъолият дар ҳайати сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат қаноатманд ҳам бошанд, вале боз бо ғуруру ифтихори миллӣ ва эҳсосои баланди ватанпарастона дар тарбияи насли муҳофизи ватан саҳми худро мегузоранд. Аз ин ҷост, ки пайваста дар нишасту ҷамъомадҳои худ нақша-чорабиниҳои гуногунро омода намуда, бо ҷалби фаъолони шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар муассисаҳои таълимӣ ва пойгоҳи қисму воҳидҳои ҳарбӣ чорабинӣ ва вохӯриву мулоқотҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд. Бо ташкили чунин ҷамъомадҳо албатта онҳо назди худ ҳадаф доранд, ки дар заминаи донишҳои касбӣ ва таҷрибаи бойу рангини хеш фарзандони содиқ ба ватан ва муҳофизони воқеии марзу буми онро дар рӯҳияи баланди хизматӣ тарбия намоянд.

Чунин як чорабинӣ дар кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доир гардид, ки зимини он  роҳбарияти донишгоҳ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, устодон ва ҳайати афсарону курсантони кафераи ҳарбии назди ин муассисаи олии касбӣ иштирок доштанд.

Дар оғоз роҳбарияти донишгоҳ аз ташкили чунин ҷамъомадҳо ва нақши он дар тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон изҳори назар намуда, таҷрибаи собиқадорони Артиши миллӣ ва ҳар як нафари содиқ ба касбу кори хешро ҳамчун намунаи олии хизмат ба халқу ватан мактаби бузургу омӯхтанӣ арзёбӣ намуданд. Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст дар чунин мактабҳои тарбияи ҳаётӣ таълиму таҷриба гирифта, бо номи нек ва сари баланду ифтихори ҷавонмардона ба ватан ва халқи шарафманди хеш хизмат намоянд.

Собиқадорони хизмати ҳарбӣ низ дар баромади худ лаҳзаҳои хизмат ва муваффақияту комёбиҳои кории хешро ба ёд оварда, дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир ҳушёру зиррак будан ва аз худ намудани донишҳои замонро ба ҳар як ҷавон ҳатмиву зарурӣ арзёбӣ карданд.

Ҷавонон низ дар навбати худ қайд карданд, ки роҳи ибратбахши мардони содиқу тавоноӣ меҳан ва пирони рӯзгордида ҳамчун мактаби таҷриба моро водор менамояд бо бардошти донишу малака дар ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз ва тамомияти арзии он хамеша омода бошем. 

Афсарони масъули кафедраи ҳарбӣ низ дар баробари дигар баромадкунандагон аз дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар ва пешрафту шукуфоиҳои давлату миллат дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ ёдоварӣ намуда, ин ҳама музаффриятҳоро самараи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагии пойдор маънидод карданд. Зимнан таъкид карда шуд, ки дастоварду ободкориҳои ватани маҳбубамон ҳар як нафари моро водор месозад, ки дар ҷодаи фаъолияти худ пуркору бомасъулият бошем ва дар ҳама  ҳолат садоқати фарзандии худро нигоҳ дорем.

 

Боқи Шарифзода

хабарнигор

 

 

Previous Post

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон

Next Post

Ватан, мо хам омодаи хизматат!

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post

Ватан, мо хам омодаи хизматат!

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj