Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Қонун

Лоиҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
11.07.2022
in Қонун
0
0
SHARES
898
VIEWS
Share on Facebook

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1, мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901); с. 2021, №6, мод. 384, мод. 385; Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1812, №1913, №1814, №1815), иловаҳои зерин ворид карда шавад:

  1. Моддаи 3742 бо мазмуни зерин илова карда шавад: “Паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, аз ҷумла бо истифода аз васоити ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ оид ба шарту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қўшуну воҳидҳои ҳарбӣ.

Паҳн намудани ҳар гуна иттилооти бардурӯғ оид ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин дигар ахбороту овозаҳои бардурўғу бофташудае, ки боиси коста гардидани шаъну шарафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматчиёни ҳарбӣ мегардад

Ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад”.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

 

 

 

 

 

 

Маълумотномаи асосноккунӣ

оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Вазорати мудофиа таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мақсади таҳияи ин санад, пешгирӣ намудан аз паҳн кардани ҳар гуна маълумоти бардурўғ ва носаҳеҳ бо истифодаи васоити ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ оид ба шарту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё оид ба раванди баргузории маъракаҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин дигар ахбороту овозаҳои бардурўғу бофташудае, ки боиси коста гардидани шаъну шарафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматчиёни ҳарбии он мегардад, дар бар мегирад.

Омўзиши таҷрибаи дигар кишварҳо нишон медиҳад, ки паҳн кардани маълумоти бардурӯғи дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва оммавӣ, аз ҷумла дар бораи ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва бехатарии одамон таҳдид мекунанд, боиси оқибатҳои вазнин гардида, чунин кирдор дар қонунгузории онҳо акнун ҷиноят ҳисобида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки афзоиши шумораи хабарҳои бардурӯғи паҳншуда дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони ВАО ва дигар ашхоси дорои мақсаду нақшаҳои ғаразнок, ҷустуҷӯйи роҳҳои нави мубориза бо чунин маълумоти бардурӯғ, аз ҷумла ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки раванди торафт паҳн шудани ҳар гуна иттилооти бардурўғ дар миёни ҷомеа эътимоду боварӣ ва тарафдории халқро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон заиф намуда, ба қадру манзалат ва иқтидори мудофиавии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳамзамон, бо назардошти сиёсати инсондўстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати коҳиш додани шиддати бадномшавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар марҳилаи кунунӣ танҳо ҷорӣ кардани ҷарима ё ҳабси маъмуриро барои вайронкунандагони он пешбинӣ менамояд.

Аз ин лиҳоз, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар масъалаи коҳиш додани шиддати бадномшавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад, ҳаматарафа дастгирӣ менамояд.

Лоиҳаи Қонуни мазкур маблағи иловагиро аз буҷети давлат талаб намекунад.

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Previous Post

ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Next Post

МУЛОҚОТ БО СОХТМОНЧИЁНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “РОҒУН”

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУЛОҚОТ БО СОХТМОНЧИЁНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “РОҒУН”

МУЛОҚОТ БО СОХТМОНЧИЁНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “РОҒУН”

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook